Шарикони наздики Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар як ҳамоише дар шаҳри Париж гуфтанд, ки суқути режими Эрон наздик аст ва таҳримоти Амрико ба зидди ин кишвар “бузургу бузургтар” мешаванд.
Руди Ҷулиани, мушовири ҳуқуқии Доналд Трамп рӯзи 30-уми июн дар як ҳамоиши ташкилкардаи мухолифони табъидии Эрон аз ҷумла Созмони Муҷоҳиддини Халқ гуфт, “Мо ҳоло воқеан мебинем, ки поёни режими Эрон наздик аст.”
Ӯ ба тазоҳуроти рӯзҳои пеш дар Эрон ишора кард, ки бинобар сахтӣ дар зиндагии мардум сар задаанд. Мушкилоти иқтисодӣ ва молии аҳолӣ дар Эрон баъди эълони раиси ҷумҳури Амрико дар бораи даст кашидани Иёлоти Муттаҳида аз созиши атомӣ бо Эрон бештар шуд. Доналд Трамп гуфт, Амрико аз созиши соли 2015 даст мекашад ва таҳримоти иқтисодии лағвшуда бар зидди Эронро барқарор мекунанд.
“Вақте бузургтарин қудрати иқтисодӣ тиҷорат бо шуморо бас мекунад, шумо суқут мекунед... ва таҳримот бузургу бузургтар хоҳанд буд” – гуфт, Руди Ҷулиани.
Ҳар касе, ки фикр мекунад, оятуллоҳо одамони самимӣ ҳастанд, нодон аст. Онҳо қаллоб ҳастанд.
Айни замон мушовири ҳуқуқии Доналд Трамп гуфт, тарафдори мусаллаҳ кардани мухолифони давлати Эрон нест ва раиси ҷумҳури Амрико бояд ба ҷойи он таҳримоти зиёдтар ба зидди Теҳрон эъмол карда ва “диктатураи оятуллоҳоро” нафасгир кунад.
Руди Ҷулиани афзуд, “Ҳар касе, ки фикр мекунад, оятуллоҳо одамони самимӣ ҳастанд, нодон аст. Онҳо қаллоб ҳастанд”. Ӯ ба он ҳампаймонҳои Амрико ишора кард, ки ҳамкорӣ бо Эронро идома медиҳанд ва гуфт, онҳо бояд “ҳиҷолат” бикашанд.
Нют Гингрич, раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва яке аз тарафдорони ашаддии Доналд Трамп дар ҳамоиши Париж гуфт, “ягона роҳи амният дар Эрон ҷойгузин кардани диктатура бо демократия аст ва ҳамин бояд ҳадафи мо бошад.”
Вай дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, аз номи ҳукумати Амрико сухан намегӯяд, вале афзуд, “Агар дар Эрон режим тағйир ёбад, зоҳиран онҷо хушҳолӣ хоҳад буд.”
Гингрич, Ҷулианӣ ва дигар сиёсатмадорони тундрав дар Амрико дар солҳои пеш дар ивази пул дар ҳамоишҳои солонаи Созмони Муҷоҳиддини Халқ суханронӣ кардаанд. Фаъолияти ин созмон дар Эрон мамнӯъ аст.
Марям Раҷавӣ, раиси ин созмон ба хабарнигорон гуфт, “Тағйири режими Эрон назар ба ҳар вақти дигар наздик шудааст, ояндаи дурахшоне бидуни қатлу шиканҷа, табъиз ва саркӯбӣ.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо нашри баёнияе гуфт, ки Доналд Трамп наметавонад, ки мардуми Эронро ба зидди ҳукумат бишӯронад.
“Онҳо бо фишори иқтисодӣ мардумро аз низом ҷудо карданӣ ҳастанд, вале 6 раиси ҷумҳури Амрико аз ӯ пеш саъй карданд, вале таслим шуданд. “
Ба сабаби афзудани мушкилоти иқтисодӣ дар Эрон дар моҳҳои ахир дар гӯшаҳои гуногуни кишвар тазоҳурот сар зад. Баъди қарори Амрико барои хориҷ шудан аз созиши атомӣ ва барқарории таҳримот, теъдоде аз ширкатҳои хориҷӣ аз Эрон берун мешаванд.
Доналд Трамп аз пеш мухолифи созиши атомии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон буд, ки онро дар аҳди Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Амрико имзо карданд.
Бар асоси ин созиш, Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди онро аз сабуктар карданд. Ба қавли Доналд Трамп, созиш натавонистааст, монеи озмоишҳои мушакии Эрон ва ҳимояти он аз ифротиён дар минтақа шавад.
Эрон ҳаргуна иддао дар бораи сохтани силоҳҳои атомиро рад карда ва гуфтааст, ки барномаҳои атомиаш ҳадафҳои сулҳомез доранд.