Фарзандони лӯлӣ ё ҷӯгӣ аз кӯдакӣ дар иқтисоди хонаводаҳои худ саҳм мегузоранд. Тақрибан ҳамаи занони ин қабила ҳангоми талбандагӣ ё иҷрои касби бобоии худ ҳатман кӯдаконро ҳамроҳ мегиранд. Маъмулан бо кӯдакон, ки раҳми одамонро меоранд, корашон хубтар омад мекардааст.
Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, дар Тоҷикистон шумори лулиён ба беш аз 30 ҳазор нафар мерасад. Онҳо дар чанд ноҳияи кишвар, умдатан дар деҳаҳои алоҳида, ба сар мебаранд.
Баҳром 11 сол дорад, аммо мисли аксар дигар кӯдакони лӯлӣ, хеле бармаҳал ноновари хона шуд. Ин наврас ҳанӯз дар хурдсолӣ шаҳди муҳоҷиратро ҳам чашидааст. Ҳамроҳ бо падараш ду сол дар Русия буд. Аввал талбандагӣ мекард ва як муддат ба фурӯши сақичу офтобпараст машғул буд.
Мегӯяд, ки дар Русия ба падараш дар корҳои сохтмонӣ ёрӣ медод. Баҳром бо хонаводааш дар деҳаи Шодоби Варзоб зиндагӣ мекунад ва танҳо нафаре нест, ки чанд соли умраш ба ҷойи таҳсилу бозӣ дар пушти дари мардум ё сохтмонҳои Русия сипарӣ шуд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
"Кор мушкил аст, аммо бояд ёрӣ кунам"
Фарҳод Шарбатови, 18-сола агарчӣ касби бобоӣ-талбандагиро мерос нагирифт, аз 6-солагӣ ҳамроҳ бо падар дар Русия буд. Фарҳод мегӯяд, кор барояш вазнину мушкил буд, аммо фарзанди аввали хонавода бояд барои таъмини рӯзгор ба падар кӯмак кунад. "Падарам дар онҷо чуқурӣ меканд, бетон мерехт, девор мезад. Ман хишт мекашондам. Кор, албатта, мушкил буд, аммо ба падарам ёрӣ додан зарур буд", - нақл кард ӯ.
Бо вуҷуди каме тағйирот дар зиндагии лӯлиёни Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам кӯдакон дар ин хонаводаҳо чун дастёр барои даромади бештар истифода мешаванд. Маъмулан хонаводаҳои лӯлӣ дар Тоҷикистон серфарзанданд. Аксаран кӯдакони хурдсол дар иҷрои касбӣ бобоӣ -- талбандагӣ модарону падарони худро ҳамроҳӣ мекунанд ё агар каме калонтаранд, мустақил барои иҷрои ин кор мераванд.
"Бо кӯдакон пули бештар ҷамъ мекунем"
Дилором, зани лулӣ аз деҳаи Шодоби Варзоб мегӯяд, маъмулан кӯдаконро баъд аз чиҳил рӯзи таваллуд модарон бо худ ба "дашт" мебаранд. "Бобову бибиамон ҳамин корро кардаанд. Агар мо накунем, намешавад. Шиками мо аз ҳисоби халқ сер аст. Мо ҳамин корро накунем, хобамон намебарад. Шароит ҳам вазнин. Худам як зани беваи бечора ҳастам. Бо кӯдак равем, ризқи бештар меёбем. Инҳо 10 сомонӣ ёбанд, мо 10 сомонӣ ёбем, пули равған ва газу хӯрокамон мебарояд", - гуфт ӯ.
Фақат акнун волидони атфоли лӯлӣ дар ин кор каме аз эҳтиёт кор мегиранд ва талош мекунанд зимни талбандагӣ бо кӯдакони худ ба чашми мақомот наафтанд. Дилором -- модари чаҳор фарзанд мегӯяд, мақомот ҳамвора ба онҳо таъкид мекунанд, ки фарзандонашонро бесаробон намонанд ва онҳоро ба таҳсил фарор гиранд, то бесавод намонанд.
Диловар мактабро интихоб кард
Бо ин таъкид мақомот пушти дари хонаи лӯлиҳо ҳам меоянд. Сокинони лӯлитабори деҳаи Шодоб мегӯянд, ҳоло бархе аз кӯдакони онҳо бо хоҳиш ва пойфишории худ ҳам аз ин касби ба қавли худашон "бобоӣ" даст кашида, мактаб мераванд. Мисли Диловар Қличов, ки 10 сол дорад ва мегӯяд, бо баҳои хуб мехонад. Диловар исрор кардааст, ки дигар ба талбандагӣ намеравад ва мактаб мехонад. Падару модараш ҳам розӣ шуданд.
Теъдоди на чандони зиёди кӯдакони ин қабила, ки ҳоло мактаб мехонанд, пас аз хатми таҳсил ба донишгоҳ намераванд. Аммо аксари кӯдаконе, ки аз мактаб дуранд, ду шуғл барояшон боқӣ мемонад -- ё талбандагӣ ё бозиву саргардонӣ дар кӯча.
"Барои кӯдакони лӯлӣ ягон маҳдудият нест"
Аксар сокинони бузургтари деҳаи лӯлинишини Шодоб дар Варзоб мегӯянд, кӯдакони деҳ барои бозиву варзиш ҷое надоранд ва маҷбуранд дар тангкӯчаҳои деҳ "футболбозӣ" кунанд. Манучеҳр, сокини деҳаи Шодоби Варзоб мегӯяд, "дар телевизион мебинем, дар бисёр маҳалҳо майдончаҳои варзишӣ сохтаанд. Инҳо ягон майдон надоранд, кӯчаҳои дигар мераванд, онҳоро зада берун мекунанд. Боз ҳамин ҷо омада дар кӯчаҳои танг бозӣ мекунанд. Тирезаҳоро зада мешикананд ва занон аз қаҳр тӯбашонро медаронанду мепартоянд, ки бозӣ накунанд."
Кумитаи табъизи нажодии Созмони Милал дар тавсияҳои пайвастаи худ ба Тоҷикистон аз мақомоти кишвар мехоҳанд, ки ба вазъи атфоли лӯлӣ расидагӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон табъизи нажодии кудакони лӯлӣ дар кишварро рад мекунанд ва бар инанд, ки онҳо бештар қурбони расму оинҳои қавмии худ мешаванд.
Раҷабмоҳ Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, рӯзи 30-юми май гуфт, "касе ҳуқуқи кӯдакони лӯлиро нақз намекунад. Кӯдакон новобаста ба миллату нажод ва ҷинс ҳуқуқи баробар доранд. Кӯдакони лӯлиҳо ҳам бояд аз тамоми ҳуқуқ бархӯрдор бошанд. Ягон маҳдудият барои онҳо нест. Мушкилро худи хонаводаҳо вобаста ба расму оинашон эҷод мекунанд."
Дар орзуи Расул Боқиеви худ
Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, дар Тоҷикистон шумори лулиён ба беш аз 30 ҳазор нафар мерасад. Онҳо дар чанд ноҳияи кишвар, умдатан дар деҳаҳои алоҳида, ба сар мебаранд. Шумори кӯдакони лӯлӣ барои мо дақиқ нест, аммо новобаста ба тафовутҳо дар бархе аз паҳлӯҳои зиндагӣ, ин кӯдакон ҳам мисли ҳар ҳамсоли дигари худ орзуву нақшаҳои зиёду зебое доранд.
Яке мехоҳад Расул Боқиев шавад, яке ҳам соҳиби маълумоту кори хуб. Аммо Баҳроми 11-сола, ки дар хурдсолӣ шаҳди муҳоҷиратро чашидааст, хеле дӯст дорад як овозхони маъруф шавад.