Ҷӯгиҳои Афғонистон дар Мазори Шариф, дар наздикии марзи Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Аммо на дар замини худ, балки дар заминҳое, ки иҷора гирифтаанд. Мулло Вурал, раиси маҳаллаи ҷӯгиҳо мегӯяд, “мо, ба Худо, аз дасти безаминӣ ба мурдан ризо ҳастем. Агар саҳар кӯч кунем, атфоли мо куҷо раванд?”
Ба Худо нола мекунем, гиря мекунем, ки мо мисли дигар мардум як порча замин бошад, саҳеҳ зиндагӣ кунем, бачаҳоямонро мактаб монем
Афғонҳо мегӯянд, ин қавм дар миёнаҳои асри 19 аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон омад ва дар ин сарзамин маскан гирифт. Дар қонуни асосӣ ҷӯгиҳо ба ҳайси афғон ба расмият шинохта намешаванд. Санади ҳуввият ҳам гирифта наметавонанд ва аз бисёр ҳуқуқ маҳруманд.
Мулло Вурал гуфт, “орзуи мо ҳамин аст, ки қатори инсонҳо зиндагӣ кунем, замин дошта бошем, атфоли мо мактаб хонанд, дарс хонанд. Мо ҳам дар давлат ва дар кулли корҳо ҳақ дошта бошем.”
Ҷӯгиҳои Афғонистон айни ҷӯгиҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Занон ба талбандагӣ машғуланд ва мардҳо аз пайи кори хона ва нигоҳубини чорво. Дар ҷомеаи муҳофизакори Афғонистон мардони ҷӯгиро таъна мекунанд, ки занонашро ба танфурӯшӣ мефиристанд.
“Дар муносибати мақомоти давлатӣ ва атрофиён бо ин ҷомеа метавонем гуфт, як навъ таззод ва ё сахттар карда бигӯем табъизи зиёд вуҷуд дорад”, - гуфт Михала Девискова, масъули созмони PIN.
Бачаҳои ҷӯгиҳо ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтаанд, ки бачаҳои афғон дар мактаб бо онҳо бадрафторӣ мекунанд ва мезананд. Мақомоти афғон эътироф мекунанд, ки мушкилоти зиёду ҳуқуқи ҷӯгиҳоро нодида гирифтаанд.
Ҳумоюн Муҳтот, масъули Идораи нуфусшумории Афғонистон, гуфт, “ба ин ҷомеа дар даҳсолаҳои гузашта беэътиноӣ шудааст, ҳеч кас мушкилоти онҳоро ҷиддӣ нагирифтааст. Ба фикри ман, ин масъулияти мост, ки раванди қонунии эътирофи онҳо ба ҳайси як қабила дар Афғонистонро шурӯъ кунем”
Теъдоди ҷӯгиён дар Афғонистонро 30 ҳазор нафар мегӯянд. Ҳоҷӣ Рангин, яке аз онҳост ва бо овозхонияш маҳбубият дорад.
Ҳоҷӣ Рангин мегӯяд, ғами беҳуқуқиро бо овозхонӣ рафъ мекунад ва орзуяш мисли орзуҳои дигар ҷӯгиёни Афғонистон аст. “Ба Худо нола мекунем, гиря мекунем, ки мо мисли дигар мардум як порча замин бошад, саҳеҳ зиндагӣ кунем, бачаҳоямонро мактаб монем”, - афзуд ӯ.
Дар Афғонистон, ки ҳазорон мушкил дорад, ҳимояти ҳаққи ҷӯгиҳо дар авлавият нест. Вале агар дар паяш ҳам бишаванд, решакан кардани муносибати манфӣ ва табъизи онҳо дар ҷомеа осон нахоҳад буд.