Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Реал" бори севум пайиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд


Дастаи «Реал»-и Испания дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бар тими “Ливерпул”-и Англия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ин бозӣ шаби 26-уми май дар варзишгоҳи “Олимпийский”-и Киев - пойтахти Украина барпо гардид.

Нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Ҳисобро баъди танаффус Карим Бензема пас аз хатои дарвозабони “Ливерпул” Лорис Кариус дар дақиқаи 51-ум боз кард. Баъди чор дақиқа Садио Мане ҳисобро баробар намуд.

Дар дақиқаи 64-ум Гарет Бэйл, ки се дақиқа пеш баъди таъвиз ба майдон омада буд, бо голи зебояш “Реал”-ро ба пеш баровард. Бэйл голи севуми испаниҳоро баъди боз як хатои дағали Кариус ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо миёни тимҳои “Реал” ва “Ливерпул”, инчунин мубориза байни футболбозони маъруф Криштиану Роналду ва Муҳаммад Салоҳ буд. Роналду бори шашум ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд, вале Салоҳ, ки барои аввалин бор дар финали ин мусобиқот ширкат дошт, ноком гардид.

Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 30-юм, китфи ҳамлагари сурхпӯшҳо Муҳаммад Салоҳ сахт лат хӯрд ва маҷбур шуд майдонро тарк намояд. Мумкин аст, ки ӯ дар бозии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар ҳайати мунтахаби Миср муқобили тими мизбон – Русия, ки 19-уми июн доир мешавад, иштирок накунад.

Ҳамин тариқ, «Реал» барои севумин бор паиҳам ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид, ки дар муддати 42 сол касе ба чунин натиҷа даст наёфта буд. Бори охирин соли 1976 "Бавария"-и Олмон се бор паиҳам барандаи ин мусобиқот шудааст (1974-1976).

Ду сол пеш низ “Реал” бо раҳбарии Зинедин Зидан дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бар "Атлетико"-и Испания аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 (замони асосӣ ва изофӣ – 1:1) ғолиб шуда буд. Соли гузашта бошад, испаниҳо дар финал бар "Ювентус"-и Италия бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.

“Реал” пас аз пирӯзӣ бар “Ливерпул” боз як рекорд гузошт. 13 бор барандаи Лигаи қаҳрамонҳо гардид, аз он ҷумла дар шаш соли охир чор бор (солҳои 2013, 2016, 2017 ва 2018) дар ин мусобиқот ғолиб шудааст.

“Ливерпул” бошад, ба финали Лигаи қаҳрамонҳо бо раҳбарии Юрген Клопп роҳ ёфта буд. Барои "Ливерпул" ин финали ҳаштум дар таърихаш ба шумор мерафт, ки дар панҷтоаш ғолиб шудааст. Зимнан, соли 1981 “Ливерпул” бар "Реал" пирӯзӣ ба даст оварда буд. Ин бозӣ дар Париж баргузор шуд ва голи ягонаву ҳалкунандаро Алан Кенеди ба самар расонд. Дарвоқеъ, ин охирин финале буд, ки “Реал” ноком шудааст. Ҳафт финали дигар бо пирӯзии “Реал” ба анҷом расидааст (1998, 2000, 2002, 2014, 2016, 2017 ва 2018).

“Реал” рӯзи 15-уми августи имсол дар Таллинн барои Суперҷоми УЕФА бо «Атлетико»-и Мадриди Испания, ки дар мавсими ҷорӣ ғолиби Лигаи Аврупо шуд, рақобат мекунад.

Лига қаҳрамонҳо

Финал

«Реал» (Испания) — «Ливерпул» (Англия) — 3:1 (0:0)

Голҳо: Бензема, 51 (1:0). Мане, 55 (1:1). Бэйл, 64 (2:1). Бэйл, 83 (3:1).

«Реал»: Навас, Карвахал (Начо, 37), Варан, Серхио Рамос, Марселу, Модрич, Каземиру, Иско (Бэйл, 61), Кроос, Бензема (Асенсио, 89), Криштиану Роналду.

«Ливерпул»: Кариус, Александр-Арнолд, Ловрен, ван Дейк, Робертсон, Милнер (Эмре Ҷан, 83), Ҳендерсон, Вайналдум, Салоҳ (Лаллана, 31), Роберту Фирмину, Мане.

Огоҳӣ: Мане, 82.

Доварон: МАЖИЧ (сардовар), Ҷурҷевич, Ристич, Груич, Ҷокич (ҳама аз Сербия).

26-уми май. Киев. Варзишгоҳи «НСК Олимпийский»

XS
SM
MD
LG