Тибқи гузоришҳо аз Туркия, марди мусаллаҳе дар ҳамлае дар донишгоҳи шимолуғарби ин кишвар чор нафарро кушта бар ҷой гузошт. Оҷонсии расмии “Анадолу” гуфт, ки ин ҳодиса рӯзи 5 апрел дар донишгоҳои Усмонғозии шаҳри Эскишаҳар рух дод.
Дар хабар шахси ҳамлагарро ҳамчун як пажӯҳишгар ёд карда гуфтанд, ки қурбониҳо – муовини декан, котиба ва ду омӯзгори ин донишгоҳ буданд. Хабаргузории “Доган” гуфт, ки полис ҳамлагарро боздошт кард. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби ин ҳамла чӣ будааст.