Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба музокирот нарафт. Русия: "Чораҳои ҷавобӣ меандешем"


Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия
Максим Соколов, вазири нақлиёти Русия

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 22-юми март барои музокирот бо Вазорати нақлиёти Русия дар Маскав ҳозир нашуд. Ҳамакнун Русия бо манъи парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон таҳдид мекунад.

Оҷонси “Росавиатсия” масири парвози ҳамаи ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро ба шаҳрҳои Русия бидуни ҳеч шарҳе иваз кард, ки тӯли парвозҳоро аз 30 то 50 дақиқа бештар мекунад.

Пас аз радди парвозҳои ширкати “Уралские авиалинии” Вазорати нақлиёти Русия аз Тоҷикистон талаб карда буд, ки ба парвозҳои ин ширкат иҷозат бидиҳад. Ин вазорат ҷониби Тоҷикистонро барои баррасии масъалаҳои пешомада рӯзҳои 22-23-юми март барои музокирот ба Маскав даъват карда буд.

Вазорати нақлиёти Русия мегӯяд, ҳанӯз санаи музокироти ҷонибҳо дақиқ нашудааст, аммо дар сурати иҷозат надодани парвозҳои “Уралские авиалинии” аз “чораҳои ҳамсони ҷавобӣ кор мегирад”.

"Ҳеч ҳайат барои музокирот аз Тоҷикистон ҳозир нашуд"

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии “Уралские авиалинии” иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод. Ба дунбол Вазорати нақлиёти Русия рӯзи 13-уми март бо нашри як изҳорот дар вебсайти расмии худ аз Тоҷикистон талаб кард, ки ба парвозҳои “Уралские авиалинии” иҷозат бидиҳад ва ҳайати Тоҷикистонро рӯзи 22-юми март ба Маскав барои музокирот даъват кард.

Тимур Ҳикматов
Тимур Ҳикматов

Тимур Ҳикматов, роҳбари хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Русия, рӯзи 22-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳайати Тоҷикистон имрӯз барои музокирот ҳозир нашуданд. “Ҳеч ҳайат барои музокирот аз Тоҷикистон ҳозир нашуд. То ин лаҳза аз ҳамтоёни тоҷик ба даъватномаи худ ҳеч посух нагирифтем ва ҳанӯз мунтазири посух ҳастем”, - иброз дошт Ҳикматов.

Масъулони Оҷонси навтаъсиси авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳанӯз барои музокирот омода нестанд, чун ин ниҳоди навтаъсис ба ҷуз аз раҳбар ва муовин боқимонда масъулони сохторро таъйин накардааст.

Тоҷикистон мегӯяд, паритет мехоҳад

Азиз Набизода, муовини Оҷонси авиатсияи гражданӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ширкатҳои Русия бо нақзи усули паритет ё баробарӣ бидуни гирифтани иҷозатнома ба фурӯши билет мепардозанд ва аз ин роҳ ба ҷониби Тоҷикистон фишор меоранд.

Азиз Набизода
Азиз Набизода

Аммо Вазорати нақлиёти Русия мегӯяд, ҳеч гуна фишор наовардааст ва танҳо хосташ ин аст, ки Тоҷикистон масъулиятҳои худро иҷро кунад. Тимур Ҳикматов гуфт, “мо аз тарафи Тоҷикистон иҷрои бандҳои созишномаеро талаб дорем, ки зери он, аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон имзо ва муҳр гузоштааст. Бинобар ин, ҳар гуна шарҳу иддао дар ин маврид қабл аз баррасии қазияи “Уралские авиалинии” дар сари мизи музокиротро бемаврид мешуморем”.

Тоҷикистон дар гузашта ҳам ба нақз шудани усули паритет ё баробарӣ аз ҷониби ширкатҳои русӣ шикоят мекунад ва мегӯяд, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ аз тоҷикӣ дида, ба маротиб зиёд аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, афзоиши шумори парвозҳо аз тарафи ширкати русӣ талоши зери назар даровардани қисмати бештари бозор мебошад. Илова ба ин, ширкат нархномаи нисбатан арзон аз ширкатҳои Тоҷикистонро пешниҳод мекунанд, ки ба манфиати муштарӣ ва бар зарари ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аст.

"Тоҷикистон созишномаро нақз мекунад"

Аз Тимур Ҳикматов пурсидем, ки чаро ширкатҳои русӣ бо вуҷуди бисёр будани парвозҳо боз тавсеаталабӣ мекунанд? Ӯ гуфт, “дар созишномае, ки имзо кардаанд, ҷонибҳо ширкатҳои ҳавоиеро, ки ҳаққи парвоз ба қаламрави якдигарро доранд, муқаррар кардаанд. Аз ҷумла, ширкати “Уралские авиалинии” аз ҷониби Русия чунин ширкат муайян шудааст. Аммо тарафи Тоҷикистон бо нақзи ин созишнома намехоҳад парвозҳои ин ширкатро мувофиқа кунад.”

Ҳавопаймои "Уралские авиалинии"
Ҳавопаймои "Уралские авиалинии"

Дар идома Ҳикматов гуфт, агар ҷониби Тоҷикистон уҳдадорие, ки дар доираи ин созишнома ба дӯш гирифтааст, иҷро накунад, ҷониби Русия чораҳои ҷавобии ҳамсон меандешад. “Таъкид мекунам, чораҳои ҷавобӣ ва ҳамсон”, -иброз дошт ӯ.

Коргирӣ аз чораҳои ҷавобӣ миёни ду кишвар алакай шурӯъ шудааст. Оҷонси “Росавиатсия” масири парвози ҳамаи ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро ба шаҳрҳои Русия бидуни ҳеч шарҳе иваз кард, ки тӯли парвозҳоро аз 30 то 50 дақиқа бештар мекунад. Бо тамдид шудани мӯҳлати парвоз, харҷи сӯзишворӣ ҳам ҳамзамон афзоиш меёбад.

Тағйири масир

Як мақоми баландпоя дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо бо ирсоли як номаи расмӣ аз мақомоти Русия дар мавриди ин тасмим, ки шароити фаъолияти ҳавопаймоҳоро душвор мекунад, тавзеҳ хоста буд. Аммо бо гузашти 8 рӯз ба номаи хеш посухи қонеъкунанда нагирифт. Ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҷониби Тоҷикистон ҳам масири ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро иваз кард, ки тӯли парвозро то 30 дақиқа бештар мекунад.

Назорати сомонаи flightradar, ки масири парвози ҳавопаймоҳоро дар саросари сайёра нишон медиҳад, собит кард, ҳоло ҳавопаймоҳои Русия, ки ба Хуҷанд парвоз мекунанд, бояд аз масири Турсунзода вориди ҳарими ҳавоии Тоҷикистон шаванд. Дар ин ҳолат масофа тӯлонӣ ва вақти парвоз бештар мешавад. Дар муқобил, роҳи вуруд ба ҳарими ҳавоии Душанбе аз тариқи вилояти Суғд муқаррар шудааст, ки ин ҳам вақту роҳи парвозро тӯлонӣ мекунад.

Баҳси як сол пеш дар бораи "Ямал"

Соле аз ин пеш баҳси Русияву Тоҷикистон барои ба феҳристи ширкатҳои ҳамкор ворид кардани “Ямал”, ки аз фурудгоҳи Жуковскийи канори Маскав парвозҳо анҷом медод, моҳҳо идома кард. Дар ниҳоят, Тоҷикистон барои ҳамкорӣ розӣ шуд, аммо ширкати русӣ дар ниҳоят аз парвозҳо даст кашид.

Аксар нозирон баҳси ҳавоии миёни Тоҷикистону Русияро он замон дорои ангезаҳои сиёсӣ мегуфтанд, ки ҳадафаш “ғасб”-и бозори ҳавоии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG