Муҳоҷирони корӣ соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар пул фиристодаанд. Ин рақам дар муқоиса ба омори соли 2016 – 31 дарсад бештар аст, аммо ҳамоно аз нишондоди солҳои то бӯҳрони иқтисодии Русия камтар гуфта мешавад.
Каме бештар, аммо...
Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст.
- Пули фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2016 дар муқоиса ба соли 2013 - 40 дарсад камтар будааст. Ин оморро рӯзи 21-уми март Бонки Марказии Русия нашр кард.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта мизони интиқоли пулҳои нақд аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ каме бештар шудааст. Баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия ва шурӯи низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина, соли 2014 Ғарбу Аврупо нисбат ба Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Дар натиҷа, бозори кор, нишондодҳои иқтисодии ин кишвар ва даромади аҳолӣ ҳам поин рафта, фазои корӣ барои муҳоҷирон, аз ҷумла, тоҷикон маҳдуд шуд.
"2016-ро асосан бо қарз гузаронда будам"
То замони бӯҳрон муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон соле 4 миллиард доллар пул фиристода, бахши муҳими иқтисодии кишвар ва муомилаҳои тиҷоратиро таъмин мекарданд. Як сабаби дучори бӯҳрон шудани бонкҳои Тоҷикистон ҳам дар чанд соли охир ба камбуди маблағҳои воридшаванда аз ҳисоби муҳоҷирон гуфта мешавад.
Муҳаммадҷон, сокини ноҳияи Ашт, рӯзи 21-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Перми Русия гуфт, ки шароити кор дар муқоиса ба ду соли пеш дар онҷо беҳтар шудааст.
Ӯ гуфт, “соли 2016-ро асосан бо қарз паси сар кардам. Кор дуруст набуд ва, рости гап, барои зиндагӣ дар онҷо ва роҳкиро қарз гирифта будам. Соли гузашта каме вазъи кор беҳтар шуд. Ман дар сохтмон кор мекардам ва моҳе то 50 ҳазор рубл мегирифтам. Аз ин ҳисоб, ҳар моҳ нимашро ба волидон мефиристодам.”
"Пул ҳаст, харҷ бештар шудааст"
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳанӯз вазъияти пулкоркунии муҳоҷирон дар Русия мушкил аст. Чун, ба қавли ӯ, “аз як тараф ба далели буҳрон нархи кор арзон шудааст ва аз тарафи дигар харҷ барои гирифтани патенту сабтином афзудааст”.
Омори Бонки Марказии Русия дар ҳолест, ки охири соли гузашта мақомоти тоҷик низ аз афзоиши пули фиристодаи муҳоҷирон хабар буданд. Мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки афзоиши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони тоҷик ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии Русия рабт мегирад.
Тоҷикистон - пойбанди пули муҳоҷирон
Тоҷикистон яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки иқтисодаш пойбанди пулҳои интиқолии муҳоҷирон аст. Ин далел агар аз як тараф сатҳи зиндагиро дар кишвар боло нигаҳ дорад, аз сӯи дигар кишварро дар ростои омилҳои берунӣ, мисли рукуди иқтисоди Русия, заъфпазир мекунад.