Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон: "Бригадир"-ҳои тоҷик фиреб мекунанд. ВИДЕО


Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе.
Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе.

Абдураҳмон Розиқов, сокини 55-солаи шаҳри Ҳисор, ки ҳашт моҳи пеш бо барномаҳои зиёд ва пули қарз барои кор ба Русия рафта буд, ахиран бо дасти холӣ ва сари хам ба назди оилааш баргашт. Ӯ яке аз садҳо муҳоҷир аст, ки худро қурбонии фиреби миёнаравҳо ва бархе аз "бригадир"-ҳои тоҷик медонад.

Вақте гуфт, ҷойи кори хуб аст, бовар кардему рафтем. Вале кор кардему пуламонро надод. Баъд аз ҷангу ҷанҷол фақат як бор панҷ ҳазор рублӣ доду бас

Розиқов рӯзи 24-уми январ гуфт, ӯ ва се нафари дигарро як муҳоҷири ҳамдеҳаашон бо ваъдаи дарёфти кори хуб ба Русия бурда, ҳангоми ҳисобу китоб “фиреб кардааст”. Онҳо дар шаҳри Красноярски Русия дар сохтмоне кор мекарданд. Тамоми умедаш ба ин буд, ки ҳаққи хидмати худро гирифта, барои таъмини зиндагӣ ба хонавода мефиристад. Аммо бо гузашти се моҳ аз маош дарак нашуд ва дар ниҳоят ӯ ба Тоҷикистон баргашт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Муҳоҷирон: Миёнаравҳо бисёр фиреб мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Абдураҳмон Розиқов хатмкардаи омӯзишгоҳи ҳавонавардии Русия аст, аммо бо сабаби набуди кор аз рӯи ихтисос бист соли ахир ба муҳоҷирати корӣ меравад. Ӯ гуфт, барояш аламовар ин буд, ки дар ин муддат бо мардум ва миллатҳои мухталиф кор карда заҳматаш қадр мешуд, аммо ҳеч бовар надошт, аз дасти як ҳамдеҳа ва ҳамсояи худ фиреб мехӯрад.

"Як бор 5 ҳазор рублӣ доду бас"

Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Абдураҳмон Розиқов гуфт: "Дилшодро, ки моро барои кор бурд, хуб мешинохтем. Вақте гуфт, ҷойи кори хуб аст, бовар кардему рафтем. Вале кор кардему пуламонро надод. Баъд аз ҷангу ҷанҷол фақат як бор панҷ ҳазор рублӣ доду бас".

Абдураҳмон Розиқов
Абдураҳмон Розиқов

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, тибқи ҳисоби онҳо дар се моҳи кор дар як сохтмон, бояд корфармо барои чаҳор нафар 320 ҳазор рубл маош медод, аммо ба онҳо барои се моҳи кор каме беш аз 30 ҳазор рубл додаанд. Абдураҳмон гуфт, се ҳамроҳи дигараш ҳам аз кор дар Русия бо дасти холӣ баргаштанд. Шаҳобиддин Қурбонов, яке аз ҳамроҳони Абдураҳмон, сокини деҳаи Тӯдаи Ҳисор, мегӯяд, ки ба хотири нагирифтани ҳаққи кораш асабиву бемор баргашта, ҳоло табобат мегирад.

"Бо пули қарз билет гирифта будам"

Шаҳобиддин Қурбонов рӯзи 24-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамон нафаре, ки моро барои кор бурда буд, гапҳои пасту баланд гуфт. Ман аз инҷо бо пули қарз билет харида будам.”

Аммо Дилшод Назаров, нафаре, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, гӯё онҳоро ба Русия бурда маошашонро напардохтааст, дар як тамоси телефонӣ ин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, воқеан, чаҳор ҳамдеҳаашро барои кор ба Русия даъват карда буд, аммо онҳо корро то охир анҷом надоданд. Назаров гуфт, ӯ даҳҳо муҳоҷири тоҷикро барои кор ба Русия бурдааст ва онҳо саривақт маоши худро гирифта соҳиби хона ва оила шуданд. Аммо Абдураҳмону Шаҳобиддин ва ду ҳамроҳи онҳо шартномаи корро иҷро накарданд.

"Метавонам ҳақ буданамро собит кунам"

Шаҳобиддин Қурбонов
Шаҳобиддин Қурбонов

“Далелҳои зиёд дар мавриди анҷом надодани кор дар сохтмон аз сӯи ин муҳоҷиронро дар даст дорам ва метавонам ҳақ буданамро собит кунам”, - афзуд ӯ.

Бо инки зоҳиран ин чаҳор сокини Ҳисор дар баҳс бо миёнарав чизе карда наметавонанд, ҳамин кори худро оқилона медонанд, ки мӯҳлати кори бепулу сангини худро тӯл надода, саривақт ба ватан баргаштанд. Ҳоло маълум нест, баъди ин боз дубора ба кор ба Русия мераванд, ё на.

Шикоятҳо аз сарпечии корфармоҳо аз пардохти ҳаққи заҳмати муҳоҷирони корӣ кам нест. Кор то ҷое расидааст, ки дар бораи худдории ширкатҳо аз пардохти пули кори кормандон матбуоти русӣ ҳам хабарҳо чоп карда, дар бораи ба тафтишот рафтани кори ин ё он ширкат ваё то ба президент Путин фиристода шудани номаҳои коргарони мунтазири маош гузоришҳо нашр мекунад.

Вале хабарҳо дар бораи он ки коргарон на аз ҷониби худи кордиҳанда, балки миёнаравҳо ё “бригадир”-ҳои тоҷик фиреб хӯрдаанд, камтар нашр мешавад.

"Беш аз сӣ миллион рубли муҳоҷиронро баргардонданд"

Таҷрибаи аз ҷониби ҳамватанони худ ба кор ҷалб шудани даҳҳо нирӯи корӣ солиёни зиёд аст, ки амал мекунад. Миёнарав ё бригадир нафарест, ки мутахассисони як соҳа, масалан, сохтмонро аз миёни ҳамватанон ҷамъ оварда, аз номи онҳо бо кордиҳанда музокира барпо мекунад. Дар натиҷа, бахше аз маош ё даромади онҳо ба кисаи ҳамин миёнарав меравад. Гоҳо худи миёнаравро худи коргарон баъди шурӯи кор дигар намебинанд.

Иброҳим Аҳмадӣ
Иброҳим Аҳмадӣ

Як нафари огаҳ аз кори “бригадирҳои тоҷик” дар Русия гуфт, ин нафарон солҳои зиёд дар Русия кор карда дар “бозори муҳоҷират ба қавле гург шудаанд”. Дар амри азхуд кардани маблағи кор ё поймол шудани ҳуқуқи коргардон аз ҷониби кордиҳанда бисёр вақт ҳамин миёнаравҳо ҳам муқассир ҳастанд. Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав гуфт, дар соли 2017 беш аз сӣ миллион рубли муҳоҷирони тоҷикро аз корфармоёнашон гирифта додаанд.

Вай гуфт, мутаассифона, миёни кордиҳандаҳо, тоҷикон ҳам кам нестанд, ки ҳамватани худро фиреб додаанд. Ба гуфтаи Аҳмадӣ то ҳол 40 миллион рубли дигари муҳоҷирони корӣ аз соли 2017 пардохт нашудааст ва музокира бо корфармоён барои баргардондани онҳо идома дорад. Вай дар посух ба суоли он ки оё хадамот нисбат ба корфармоҳои тоҷике, ки муҳоҷирони кории тоҷикро фиреб медиҳанд, чора меандешанд, гуфт: “Бештари маврид мушкили ҳаққи маош баъди суҳбат ҳал мешавад. Бархе гурехта ба ватан мераванд ва дар ин ҳолат аризаи муҳоҷирон ба мақомоти дахлдори ҷойи истиқомати миёнрав равон карда мешавад”.

Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон омори расмии ошкор шудани ҳолатҳои фиреби муҳоҷирон аз сӯи корфармоҳои тоҷик дар Русияро дар даст надоранд.

Тибқи иттилои расмӣ солона то 600 ҳазор ва бинобар омори ғайрирасмӣ соле беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хонаводаашонро аз ҳисоби кор дар Русия таъмин мекунанд. Акнун “дарди сар”-и дигаре ба ин гурӯҳи беҳуқуқ дар Русия бор шудааст, фиреби “бригадир”-ҳои тоҷик ё ҳамватани муҳоҷирон аст.

XS
SM
MD
LG