Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз лӯхтак... то мошини борбар. Намоишгоҳи Made in Uzbekistan дар Душанбе. ВИДЕО


Намояндагони Узбекистон дар тақрибан як соли охир бори дувум маҳсулоти саноатии худро дар Душанбе ба намоиш гузоштанд. Онҳо умед доранд, ки ба зудӣ дар Тоҷикистон бозори нави фурӯши маҳсулоти худро пайдо хоҳанд кард.

  • Як рӯз пеш аз ин, раҳбарони Тоҷикистону Узбекистон гуфтанд, ки додугирифтро то ба 1 миллиард доллар мерасонанд.
Қаблан бо баъзе аз кишоварзони Тоҷикистон қарордод доштем. Бовар дорам, ки намоишгоҳи мазкур боиси афзоиши фурӯши маҳсулоти мо ва табодули молу коло мешавад

Намоиши маҳсулоти саноатии корхонаҳои Узбекистон рӯзи 9-уми март бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳури ду кишвар ифтитоҳ шуд. Аммо сокинони Душанбе танҳо даҳуми март имкон ёфтанд, ки аз ин намоишгоҳ дар маҷмааи “Манеж”-и пойтахт дидан кунанд.

“Бовар надоштем, ки Узбекистон пеш рафтааст”

Рӯзи шанбе теъдоди сокинон дар ин намоишгоҳ зиёд буд. Аксарият гуфтанд, ки ба хотири пайдо кардани маҳсулоти босифату арзон ба ин намоишгоҳ сар задаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Намоишгоҳи Made in Uzbekistan дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Дилором Абдуқодирова, як сокини Душанбе, рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири он ба намоишгоҳ омад, ки бибинад дар Узбекистон чӣ истеҳсол мекунанд. Ӯ гуфт, тӯли тақрибан бист соли охир дари Узбекистон баста буд ва сокинони ин тарафи марз тасаввуре надоштанд, ки дар ҳамсоягиашон чӣ мехӯранду чӣ мепӯшанд ва чӣ тавлид мекунанд.

Яке аз ҳамсуҳбатони дигари мо гуфт, воқеан тасаввураш ин буд, ки Узбекистон асосан пахта истеҳсол мекунаду бас. Мирзо Ёров, сокини дигари пойтахт, мегӯяд, давоми як моҳи охир ба хулосае омад, ки саноати Узбекистон бамаротиб аз Тоҷикистон пеш рафтааст. "Ҷойи пинҳон кардан нест, ки дар Узбекистон саноат нисбат ба Тоҷикистон хеле пеш рафтааст. Мо бояд бибинем, биомӯзем, бо якдигар равуо кунем", - афзуд Ёров.

Дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбекистон аз лӯхтак сар карда, то яхмосу либос, ҷиҳози хонаву саноати вазнини мошинсозиро ба намоиш ва фурӯш гузошта буданд. Аксари ашёи рӯзгор бо шумули яхдон, чангкашак, тафдон ва ғайра низ дар инҷо қобили дарёфт буд.

“Тоҷикистон бароямон бозори дастнохӯрда аст”

Ба намоишгоҳи маҳсулоти Узбекистон дар Душанбе бештар аз харидорон худи соҳибкорони ин кишвар умеди зиёд доранд. Соҳибкорони Узбекистон мегӯянд, дар симои ҳар нафаре, ки ба моли онҳо таваҷҷуҳ мекунад, ҳамкори ояндаашонро мебинанд. Ба қавли соҳибкорони Узбекистонӣ, Тоҷикистон барояшон бозори дастнохӯрда аст ва умед доранд маҳсулоташон дар инҷо харидор пайдо мекунад.

Мурод Бекмирзоев, мутахассиси пешбари маркетинг ва фурӯши ширкати “Узагротехмаш”, рӯзи 10-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан низ фермерҳои тоҷик аз техникаҳои онҳо огоҳии зиёд доштанд, аммо ҳамкорӣ маҳдуд буд. Ба қавли Бекмирзоев, “қаблан бо баъзе аз кишоварзони Тоҷикистон қарордод доштем. Бовар дорам, ки намоишгоҳи мазкур боиси афзоиши фурӯши маҳсулоти мо ва табодули молу коло мешавад.”

Соҳибкорони Узбекистонӣ мегӯянд, ба сифати маҳсулоташон бовар доранд ва талош мекунанд дар бозори Тоҷикистон бо маҳсулотҳои чинӣ ва туркӣ вориди рақобат шаванд.

Дар умум дар намоишгоҳи саноатии Узбекистон маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ин кишвар ба тамошо гузошта шуд. Ин дувумин намоишгоҳи фаровардаҳои саноатии Узбекистон дар як соли ахир дар Тоҷикистон аст.

Ин намоишгоҳ дар ҳоле баргузор мешавад, ки ахиран ду кишвар қарор доданд аз андозбандии дутарафа даст кашанд. Созишнома “Дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромад ва сармоя” рӯзи 9-уми март дар Душанбе ба имзо расид. Бар асоси он соҳибкорони тоҷику узбек минбаъд танҳо дар яке аз давлатҳо андоз месупоранд.

Тоҷикистону Узбекистон то тақрибан ду соли пеш додугирифти хеле ками молу коло доштанд. Барои мисол, мизони табодули молу коло миёни ду кишвар соли 2015 ба 12 миллион доллар баробар буд. Ин рақам танҳо дар як соли охир ба 126 миллион доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG