Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатори нахустин аз истгоҳи Амузанг ба Хушодӣ ҳаракат мекунад


Рӯзи 9 март Тоҷикистону Узбекистон тавассути роҳи оҳани Амузанг-Хатлон, ки қитъае аз роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав мебошад, ба ҳарду самт қаторҳои санҷишии худро мефиристанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Анварҷон Латифзода, як масъули Идораи “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон хабар дод.

Истгоҳи Амузанг соли 2011 аз ҷониби Узбекистон тахриб шуд ва баъди ҳаракати қатор тавассути ин роҳ номумкин гардид. Аз ин роҳ маъмулан қаторҳои борбари Тоҷикистон ҳаракат мекарданд.

Хисороти молии аз кор мондани ин роҳи оҳанро соҳибкорон даҳҳо миллион доллар баровард кардаанд.

Ҳаракати қатор аз болои қитъаи Роҳи оҳани Амузанг нахустин бор ва ба таври санҷишӣ анҷом мегирад. Ин ҳодиса рӯзи 9 март иттифоқ меуфтад, ки дар Душанбе президентони Тоҷикистон ва Узбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв дидору гуфтугӯ мекунанд. Дар остонаи сафари Мирзиёв ба Душанбе дар марзи ду кишвар 10 гузаргоҳи марзӣ аз нав боз шуданд.

Хабарнигори Озодӣ аз вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар маросими пешвози қатори роҳи оҳан дар истгоҳи Хушодии ноҳияи Шаҳритуз, ки нахустин истгоҳ баъди убури марзи Узбекистон ба шумор меравад, ҳудудан 5000 ҳазор сокинони ноҳия бо парчамҳои Тоҷикистону Узбекистон дар даст иштирок мекунанд.

Маҳмадсоли Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тамошои ҳодисаи таърихии боз шудани ҳаракат дар ин роҳи оҳан даҳҳо сокини маҳаллӣ гирди ҳам омадааст.

Як сокини ноҳияи Шаҳритус, ки худро Исломиддин муаррифӣ кард, гуфт, ки истгоҳи Хушодӣ дар ҷамоати Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус имрӯз пур аз одам ва садои таронаҳои тоҷикию узбакӣ ба гӯш мерасад, мардум рақсу бозӣ доранд: "Мардум хеле зиёд ҷаъм шудаанд, ҳато барои мардум зиёфат додаанд, аспсаворҳо низ дар даст парчам қаторро мунтазир ҳастанд, хонандаҳо рақсу бозӣ доранд."

Як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки дар назди истгоҳи Хушодӣ тадбирҳои амниятӣ тақвият ёфта сокинони маҳаллӣ ва мақомот мунтазири омадани қатор аз Узбекистон ҳастанд ва боз қатори дигар аз Хушодӣ ба Амузанг ҳаракат мекунад.

Қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон барои интиқол ва содироти маҳсулоти сохмонӣ аз Русия ва Узбекистон ба Хатлон ва Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

XS
SM
MD
LG