Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Орзуи раиси ҷумҳур шуданро (на)дорам". ВИДЕО


Яке аз назардиҳандагон.
Яке аз назардиҳандагон.

Чанде аз роҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нияти президентшавӣ доранд. Аммо онҳо бештар ба имкони маҳдуди худ ишора карданд, ки роҳи расиданашон то курсии раёсати ҷумҳуриро мушкилу дастнорас кардааст.

Интихоботи президентии Тоҷикистон дар ҳафт сол як бор баргузор мешавад. Интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ, қарор аст, соли 2020 сурат бигирад. Аз ҳоло касе эълон накардааст, ки дар ин интихобот иштирок хоҳад кард, ё не. ​

Видео: Орзуи президентшавӣ доред?

Президент шудан намехоҳам, барои онки худатон медонед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Интихоботи навбатии президентӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки синни довталабони курсии шахси аввал дар Тоҷикистон панҷ сол поин оварда шуд. Агар дар гузашта синни номзадҳо бояд аз 35 боло мебуд, ҳоло ин рақамро то 30-солагӣ поин оварданд.

Нуқтаи назари сокинон дар бораи онки оё нияти президентшавӣ доранд ё не, чунин буд:

  • Президентшавӣ орзуи ҳар шаҳрванд аст. Ба фикрам, мо тамоман имконашро надорем.
  • Ҳама вақт ҳама кас орзу дорад, ки раиси ҷумҳур бишавад. Эҳтимоли президентшавии моро Худо медонад.
  • Агар касе хоҳад, мешавад. Аммо ман намехоҳам, президент бошам. Сиёсатро дӯст намедорам.
  • Орзуи президент шуданро надорам. Президенти ҳозира басанда аст.
  • “Тағодор”-ҳо президент мешаванд.
  • Президент шудан кори мо нест. Ман намехоҳам, чун касбам омӯзгорист.
  • Кори хеле душвор аст.
  • Имконият зиёд аст. Бояд хонем, забонҳоро омӯзем, ба ҳама талабот ҷавобгӯ шавем, баъд ҳаваси президент шуданро кунем.
XS
SM
MD
LG