Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се тағйири умдаи Қонуни асосии Тоҷикистон


Раъйпурсии рӯзи 22-уми майи соли 2016
Раъйпурсии рӯзи 22-уми майи соли 2016

Рӯзи 6-уми ноябр аз замони қабули Конститутсияи Тоҷикистон 23 сол пур мешавад, конститутсияе, ки ба гуфтаи як мақоми баландпояи Додгоҳи олӣ, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарин дар ҷаҳон аст.

Абдуманон Додозода, сардори раёсати кадрҳои Додгоҳи олӣ дар як мақолае дар рӯзномаи расмии “Ҷумҳурият” навиштааст, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин санади олии ҳуқуқие мебошад, ки дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Федератсияи Русия бо роҳи раъйпурсии халқӣ қабул гардидааст. Он дар ҷаҳон ба қатори панҷ конститутсияи беҳтарин дохил мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб меёбад.”

Абдураҳмон Додозода
Абдураҳмон Додозода

Муаллифи мақола, чаҳор Конститутсияи “беҳтарини” дигарро ном набурдааст ва нагуфтааст, ки бартарии Қонуни асосии Тоҷикистон аз санадҳои кишварҳои дигари дунё дар чӣ ҳаст.

Аммо ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, сиёсатшиноси тоҷик Конститутсия мусобиқаи варзишӣ нест, ки дар дунёи муосир мақоми аввалу дуюм ё панҷумро дошта бошад. Ба гуфтаи вай, чунин баҳогузорӣ ба Конунститутсия аз нуқтаи назари илмӣ дуруст нест. Шокирҷони Ҳаким бар ин назар аст, ки дар заминаи амалии Конститутсия Тоҷикистон ба ҳадафи лозим нарасидааст низоми кишварро давлати конститутсионӣ гуфтан нашояд.

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳаким, дар шароити давлати конститутсионӣ Президент, ҳукумат таҳти назари порлумон бояд қарор бигирад ва порлумон таъсири муассир дошта бошад. Аммо дар Тоҷикистон чунин нест ва ҳар санаду қонун қаблан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маъмурияти раиси ҷумҳур мувофиқа мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ дар кишваре, ки ба Қонуни асосӣ эҳтиром мегузоранд, ҳар фард новобаста ба аз эътиқоди динӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва ақидаи сиёсӣ дар идораи давлат ё ҳаёти сиёсӣ иштирок мекунад. Дар кишвари ҳуқуқбунёд дастрасӣ ба манбаҳои иттилоотӣ, озодии баён, озодии танқид таъмин аст.

Аммо ҷаноби Шокирҷон бо овардани мисоле мегӯяд, "тавре таҷриба нишон медиҳад, бештари шаҳрвандони болаёқату боистеъдод бо таваҷҷӯҳ ба он ки фасод ё корупсия, маҳалгароӣ ва робитаҳои авлодӣ авлавият доранд, аз татбиқу амалӣ намудани ҳамин меъёри конститутсионӣ маҳдудиятҳо ва мушкилотҳо доранд."

Конститутсияи замони ҷанг

Конститутсияи Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ва дар замони авҷи ҷанги дохилӣ аз роҳи раъйпурсӣ қабул шудааст. Ба қавли ҳуқуқшиносон, муҳимтарин хизмати Конститутсия фароҳам овардани замина барои сулҳу ваҳдат пас аз ҷанги дохилии вайронгар буд.

Маҳмад Раҳимзода, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва раиси Маркази милии қонунгузории Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Конститутсия ҳарчанд дар шароити душвор ва мураккаби сиёсӣ таҳия шуд, аммо барои якчанд даҳсола роҳи кишварро муайян кард.

“Воқеан матни Констиутсия дар як шароити душвор таҳия шуда буд. Ин ягон ҷойи пинҳонӣ надорад. Аммо ин Конститутсия барои ба як низом даровардани давлатдории мо хеле хизмат кард. Дурнамои инкишофи давлатдориамонро муайян кард” -гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ

Ҳар 9 сол як бор ислоҳ

Матни Конститутсия аз соли 1994 то кунун се маротиба тағйир хӯрдааст. Нахуст тағйирот соли 1999 ворид карда шуд. Умдатарин тағйирот дар он сол таъсиси порлумони ду палатаӣ (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон), иҷозат додан ба сабти номи ҳизбҳои динӣ ва иваз кардани муҳлати президентӣ аз ду давраи 5-сола то ба як давраи 7-сола буд.

Аммо ин Конститутсия барои ба як низом даровардани давлатдории мо хеле хизмат кард.

Дастандаркорон дар Тоҷикистон баъди 4 соли дигар - соли 2003 қалам ба даст гирифтанд ва дигарбора матни Конститутсияро рӯи миз гузоштанду онро ислоҳ карданд.

Ин дафъа тағйиру иловаҳо фарогир 56- то буд. Дар он замон мегуфтанд, ки ҳадаф фақат, як чиз аст, дар қудрат нигаҳ доштани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар сурати тамом шудани давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриаш дигар ҳақ надошт, дар интихобот ширкат кунад.

Муҳимтарин ислоҳ низ ҳамин буд, ки як давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба ду давраи 7-мубаддал шуд. Тағйироти тозае, ки баъди ислоҳи дуввум, соли 2016 ворид шуд, ҳанӯз ҳам дар матбуот такрор ба такрор ёд мешавад.

Дар раъйпурсии рӯзи 22-уми май, Конститутсияеро барои раъйдиҳӣ ба мардум пешниҳод карданд, ки 40 тағйирот дошт. Муҳимтаринаш ҳам ин буд, ки дар он иҷоза доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси “пешвои миллат” ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад.

Синну соли номзад ба мақоми президентро низ аз 35 солӣ қаблӣ то ба 30-сол поин оварданд. Ҳадафи ин тағйиротро ҳарчанд роҳ кушодан ба ҷавонон гуфтанд, вале ба гуфтаи таҳлилгарон ҳадафи ниҳонӣ, боз кардани роҳи фарзанди раиси ҷумҳур Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар интихобот аст.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

То интихоботи ояндаи раиси ҷумҳур, ки ду сол баъд қарор аст, сурат бигирад, Рустами Эмомалӣ, ҳоло раиси шаҳри Душанбе 33-сола мешавад.

Яке дигар аз ислоҳи муҳим дар Конститутсия аз байн бурдани банде буд, ки иҷоза медод, дар Тоҷикистон ҳизбҳои динӣ фаъолият кунанд.

Созгор кардан ба талаботи замон, ё чизи дигар?

Аммо Маҳмад Раҳимзода мегӯяд, тағйирот ба Конститутсия арзиши онро намекоҳад, балки онро мукаммал ва мутобиқ ба талаботи замон месозад.

“Вақте шумо аз рӯи нақша хона месозед, баъди қомат афрохтани бино мушоҳида мекунед, ки ҷое аз бино созгор нест. Онро мувофиқ ба завқ ва талаботи зиндагиатон тағйир медиҳед. Конститутсия низ мувофиқ ба талабот ва тақозои замон тағйир ва такмил меёбад” - гуфт, ӯ.

Ҳуқуқдони тоҷик ба ин суол, ки агар санад хуб бошад, чаро иҷро намешавад гуфт, риояти тамоми санаду қонун фурсат мехоҳад ва Конститутсия ҳам истисно нест: “Конститутсия дурнамо аст. Ҳам дар сиёсати давлатдорӣ, ҳам иқтисодӣ ва фарҳангӣ он муқаррароте, ки Конститутсия таъйин кардааст баъзан пурра иҷро мешавад, баъзан намешавад. Ин танҳо хоси Конститусия нест, муқаррароти қонуни оддӣ ҳам на ҳама вақт ба пуррагӣ иҷро мешавад”.

Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст ва аз муаллифони асосии он ҳуқуқшиноси барҷаста Ашӯрбой Имомов, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов, Раҳматилло Зойиров, Абдулмаҷид Достиев ҳастанд.

Ашурбой Имомов яке аз муаллифон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин шабу рӯз одамоне, ки дар бораи Констиутсия гап мезананд, хеле зиёд шудаанд” ва нахост дар мавриди тақдири минбаъдаи матни қонуни офаридааш аз бештар суҳбат кунад.

XS
SM
MD
LG