Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қонуни интихоботи порлумониву президентиро бознигарӣ мекунад


Дар порлумони кишвар як гуруҳи корӣ таъсис шудааст, ки бояд қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро аз нав таҳия кунанд.

Мақомоти масъул аз шарҳи расмии ҷузъиёти ин тағйирот худдорӣ мекунанд, аммо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он нигаронанд, ки тағйироти нав метавонад маҳдудиятҳои бештарро дар ду қонуни муҳими кишвар ҷорӣ кунад. Тамоми интихоботҳо дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набудаанд.

“Қонунҳо ба шароити имрӯза мувофиқ карда мешаванд”

Хабари таъсиси як гуруҳи корӣ барои бозбинии ду қонуни интихоботӣ дар Тоҷикистон рӯзи 23 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон садо дод.

Махсусан қонун дар бораи интихоботи президентӣ мушкил дорад. Барои онки чанд бор дар он тағйирот ворид карданд ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ чандон мувофиқат намекунад - инки дар як низоми демократӣ як нафар як бору ду бор, на бештар аз ин ба интихобот роҳ меёбад ё интихоб мешавад.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва ҳам раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносону мутахасисони соҳа таъсис ёфтаааст. Ба гуфтаи ин вакили порлумони Тоҷикистон, то замони баргузории интихоботи навбатии порлумонӣ ва интихоботи президент камтар аз се соли дигар боқӣ мондааст ва бояд қонунҳои конститутсионӣ дар ин замина ҳар чӣ зудтар омода ва интишор ёбанд.

Ҷаноби Усмонзода рӯзи 25 октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “мақсад аз тағйироти нав ба қонунҳо мутобиқ кардани қонун ба талаботи имрӯзаи ҷомеа мебошад. Ҷаласаи якуми гуруҳи корӣ ҳоло баргузор нашудааст.”

Аммо ин вакили порлумон мушахассан нагуфт, ки қонунҳои интихоботӣ ба кадом талаботи ҷомеаи имрӯза мутобиқ карда мешаванд ва чӣ тағйироте бояд вориди ин қонун шавад. Бархе дигар вакилони парлумон, ки вориди ин гурӯҳи корӣ шудаанд, гуфтанд, ки феълан дар бораи мушаххасоти тағйирот ба қонунҳо иттило надоранд ва аъзои гуруҳи корӣ дар асоси пешниҳодҳо тағйиротҳоро муайян мекунад.

Дар ҳоле, ки ҳанӯз ба ҷуз хабари тағйирёбии қонунҳои интихобот иттилои бештар дар даст нест, бархе коршиносон тахмин мезананд, ки яке аз ҳадафҳои таағйирот ба қонун оид ба интихоботи президент мутобиқ кардани он бо қонуни соли 2016 дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси раҳбари якумрии президент таъйин мекунад.

Соли 2020 интихоботи навбатии президентии Тоҷикистон аст ва то қабули қонуни Пешвои миллат саволи матраҳ ин буд, ки то куҷо президент барои пешбарии номзадиаш ба ин мақоми 7-сола дубора омода мешавад. Вале моддаи 2-ми қонуни Пешвои миллат мегӯяд, “нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад”.

Ин қонун, ки дар паи як раъйдиҳии баҳсбарангези моҳи маи соли 2016 қабул шуд, аз назари меъёрҳои демократӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Ислоҳоти дигари эҳтимолӣ ба қонунҳои интихобот феълан ошкор намешавад.

“Агар ҳадаф ислоҳот аст пас чаро моро ҳамроҳ накарданд?”

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои мухолиф, ки ба ҳайати гуруҳи кории таҳияи қонунҳои нави интихоботи вакилон ва президент ворид нашудаанд аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки бо нигоҳ ба таҳаввулоти ахир дар Тоҷикистон қонунҳои навшуда шояд маҳдудиятҳои тозаро муқаррар мекунад. Намояндагони ҳизбҳои ғайрипорлумонӣ мегӯянд, аз даъват нашуданашон ба ҳайати гуруҳи корӣ маълум аст, ки ин навбат низ талабҳои онҳо ба инобат гирифта намешавад.

Ҳамсуҳбатони мо аз ҳисоби намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ мегӯянд, қонунҳо дар бораи интихоби вакилон ва ҳам интихоби президент воқеан ниёз ба бозбинӣ доранд, вале на ба самти маҳдудкуниҳои тоза балки ба самти демократикунонии ҷомеа.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, қонуни нав бояд мустақилияти комиссияҳои интихоботиро таъмин карда, дахолати мақомоти қудратӣ ба ҷараёни интихоботро пурра бояд қатъ кунад. Пешниҳодҳое, ки худи Ҳакимов ҳам ба қабул шудани онҳо аз ҷониби гуруҳи корӣ шубҳа дорад. Ҷаноби Ҳакимов мегӯяд, пешниҳодҳои онҳо дар гузашта ҳам ба инобат гирифта нашуд. Аз ҷумла, дархости онҳо дар бораи ворид кардани намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳайати участкаҳои интихоботӣ, ки борҳо рад шудааст.

“Инчунин кафолати номзадҳорро бояд таъмин намуд. Инҳо масъалаҳое, аст ки аз иродаи сиёсии нафари аввал вобастагӣ дорад. Аз нуқтаи назари усулӣ ва бо назардошти ҳуқуқи байналмилалӣ қонунҳо дар бораи интихоби вакилон ва интихоботи президент ба талабот ҷавобгӯ нест.

Агар воқеан иродаи сиёсӣ бошад, новобаста аз будану набудани намояндагони ҳизбҳо дар Порлумон, ҳизбҳо, масалан ҲКТ ва ҲСДТ ба ин ҳайати ин гуруҳи корӣ ворид карда шавад. Дар заминаи баҳсу баррасиҳо лоиҳаи қонуне қабул шавад, ки шароити мусоид ҷиҳати баргузории интихоботи озодро ба вуҷуд орад“, - таъкид мекунад Шокирҷон Ҳакимов.

Дар парлумони Тоҷикистон, ки аз 63 вакил иборат аст, намояндагони ҳизбҳои 7 ҳизби сиёсӣ шомил ҳастанд, вале мунаққидон онҳоро рӯ ба ҳукумат меноманд ва мегӯянд, намояндагони аҳзоби воқеан ҳам оппозитсиониро ба парлумон роҳ надоданд. Дар паи интихоботи охирини порлумонии кишвар соли 2015 намояндагони ду ҳизби мухолифин - ҳизби Коммунистӣ ва Наҳзати исломӣ ба парлумон роҳ наёфтанд ва сентябри он сол ҲНИТ дар Тоҷикистон комилан мамнӯъ шуд.

“Ба сӯи кишварҳои демократӣ бояд рафт, на шӯравии собиқ”

Интихоботҳо дар Тоҷикистон доимо баҳсу баррасиҳои зиёдро дар пай доштааст. Порлумони Тоҷикистон пешниҳодҳо ва ҳатто лоиҳаи қонуни интихоботии аз ҷониби ҳизбҳои мухолиф пешниҳодшударо борҳо рад кардааст.

Таҳлилгарон низ мегӯянд, қонунҳои нав бояд ба принсипҳои як ҷомеаи демократӣ мувофиқ карда шаванд.

Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, қонуни интихобот на ба санадҳои кишварҳои пасошӯравӣ, балки бояд ба тарзе таҳия шаванд, ки ба санадҳои кишварҳои демократии ҷаҳон мувофиқат кунанд.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари тоҷик, “Махсусан қонун дар бораи интихоботи президентӣ мушкил дорад. Барои онки чанд бор дар он тағйирот ворид карданд ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ чандон мувофиқат намекунад - инки дар як низоми демократӣ як нафар як бору ду бор, на бештар аз ин ба интихобот роҳ меёбад ё интихоб мешавад.

Вале қонуни мо дар ин маврид камбуд дорад ва ба ислоҳ ниёз дорад. Дар қонуни интихоботи порлумон озодиҳое, ки барои аҳзоби дигар, озодиҳое, ки барои намояндагони аҳзоб ва иштироки онҳо дар раъйшуморӣ баъзе камбудиҳо ҳастанд ва ба ислоҳ ниёз доранд”.

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, ба гурӯҳи кории таҳиякунандаи қонунҳои нави интихоботӣ дар Тоҷикистон вакилони парлумон Саидҷаъфар Усмонзода, Абдураҳим Холиқзода, Абдулғаффор Раҳмонзода шомиланд. Исми дигарҳо феълан нашр намешавад.

XS
SM
MD
LG