Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳақиқати Шаҳринав" номи "Файзи Пешво"-ро гирифт. САДО


Нашрияи ҳукумати Шаҳринав номи худро аз “Ҳақиқати Шаҳринав” ба “Файзи Пешво” тағйир дод. Дар ҳоле ки ситоиши раҳбари Тоҷикистон дар шеъру таронаҳо густурда истифода мешавад, бори аввал аст, ки номи як нашрияро ба шахси раиси ҷумҳур рабт медиҳанд. Масъулони нашрия гуфтанд, ки далели тағйири номи он "зарурати замона" аст.

Як нашрия номи худро ба "Файзи Пешво" табдил кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим

Агар даҳ дарсади номгузорандаҳо аз рӯи сидқ ва бовар ба чунин номгузорӣ рӯ биёранд, 90 дарсади дигар аз рӯи хушомадгӯиву худширинкунӣ ба чунин амал даст хоҳанд зад

Ҳикматуллоҳ Сатторӣ, сардабири ҳафтанома, рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки номи “Ҳақиқати Шаҳринав” дигар бо воқеиятҳои имрӯз созгор набуд.

Ӯ гуфт, “Ҳақиқати Шаҳринав” мероси замони Шӯравӣ буд ва як соли ахир масъулони нашрия барои пайдо кардани номи мувофиқ пайи ҷустуҷӯ буданд. “Мо имрӯз кулли ҳақиқатро пайдо кардем. Ҳақиқат пойбарҷост. Ба хотири ҳамин, барои тағйири номи нашрия озмуне эълон кардем. Дар ниҳоят “Файзи пешво” интихоб шуд”, - афзуд ӯ.

“Файзи Пешво”, ки минбари ҳукумати Шаҳринав аст, моҳе аз 4 то 6 бор 2600-нусхагӣ нашр мешавад. Ин нашрия бо номи “Ҳақиқати Шаҳринав” соли 1993 таъсис шудааст ва бештар фармонҳои ҳукуматӣ ва матолиби таблиғотиву фарҳангӣ мунташир мекунад.

Унвони “Ҷаноби Олӣ” даҳсолаҳо боз ба исми президент Эмомалӣ Раҳмон илова шуда, авоили соли 2016 ба ӯ унвони “Пешвои миллат”-ро доданд. Бархе аз коршиносон ин рӯйдодро яке аз боризтарин нишонаҳои кеши шахсият дар Тоҷикистон медонанд.

Азизи Нақибзод
Азизи Нақибзод

Таҳлилгар Азизи Нақибзод мегӯяд, ин амал ҳам нишона ва натиҷаи шахспарастист ва агар худи президент ё наздиконаш пеши ин равандро нагиранд, чунин номгузориҳо зиёд мешавад. Ба назари ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, “агар даҳ дарсади номгузорандаҳо аз рӯи сидқ ва бовар ба чунин номгузорӣ рӯ биёранд, 90 дарсади дигар аз рӯи хушомадгӯиву худширинкунӣ ба чунин амал даст хоҳанд зад”.

Ин таҳлилгари тоҷик ба он таъкид мекунад, ки ин раванд тарафи мусбат надорад, аммо тарафи манфиаш ин аст, ки як мансабдор на аз рӯи сифати кор, балки бо номгузории тамаллуқкорона садоқаташро исбот карданист.

Дар гузашта ҳам дар Шаҳринав иқдомоти мушобеҳе сурат гирифта буд. Соли 2016 Шариф Каримов, намояндаи “Тоҷиксуғурта”-и ноҳияи Шаҳринав пешниҳод кард, ки пули 1000 сомониро бо акси Эмомалӣ Раҳмон чоп кунанд. Пешниҳоди чопи 1000 сомонӣ бо акси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро баъзеҳо тамаллуқ ва баъзеи дигар санҷиши афкори умум барои иҷрои ин пешниҳод арзёбӣ карданд.

Чунин иқдом фақат хоси Шаҳринав нест. Тирамоҳи соли гузашта дар шаҳри Ҳисор як тимсоли "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро сохтаанд, ки як тонна вазн дорад. Ин китоби яктоннагиро, ки шаш метр паҳнӣ ва чор метр дарозӣ дорад, гурӯҳе аз омӯзгорони мактаби президентӣ бо ҷамъоварии 12 ҳазор сомонӣ пули соҳибкорон сохтаанд.

Пештар аз он Ҳикматулло Насриддинов, вазири пешини хоҷагии об ва намояндаи халқ дар Шӯрои олии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки дар пойтахти кишвар ҳайкали раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, ӯ барои бори дувум Қаҳрамони миллии Тоҷикистон эълон шавад.

Аксҳои бузурги раиси ҷумҳур ва овезаҳо аз суханони ӯ дар ҳамаи манотиқи кишвар ба чашм мехӯрад. Аммо ба ин пурсиш, ки оё кеши шахспарастӣ боис ба маҳбубияти бештари раиси ҷумҳур хоҳад шуд ё на, коршиносон назари дигар доранд. Ба бовари Азизи Нақибзод, “ин раванд натиҷаи баръакс медиҳад. Агар раиси ҷумҳур ё нафари дигар аз муҳаббати мардум бархӯрдор бошад, ниёзе ба чунин номгузориҳо нест.”

Ҳикматулло Насриддинов
Ҳикматулло Насриддинов

Эмомалӣ Раҳмон, ки 65 сол дорад, 19-уми ноябри соли 1992 дар 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – порлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Вай, ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раиси ҷумҳур расид.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард.

Соли 2016 Қонун дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” қабул шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон иҷоза медиҳад, якумрӣ шахси аввал дар Тоҷикистон боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG