Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Песков: "Гузориши Кремл" талоши дахолат ба умури интихоботи Русия аст


Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия мегӯяд, ки ба бовари ӯ эълони рӯйхати афроди сарватманди наздик ба Путин, талоши Вашингтон барои дахолат ба умури интихоботи моҳи март дар Русия аст.

Песков назари худро дар бораи нашри "рӯйхати олигархҳо"-и Русия рӯзи 29 январ баён дошт. Интизор меравад, ки маъмурияти президенти ИМА рӯзи душанбе "Гузориши Кремл"-ро ба Конгресс пешниҳод кунад. Дар ин санад номи афроди наздик ба Путин, ки эҳтимол мавриди таҳрим қарор мегиранд, зикр мешавад.

Дар маҷмуъ, ба гуфтаи матбуот, ба рӯйхати таҳримҳои нав номи дастикам 300 нафар, бо шумули соҳибкорон ва мақомоти баландпояи Русия ва аъзои хонаводаи онҳо шомил мешавад.

Бино ба эҳтимоли таҳримҳои нави Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия, ҳукумати ин кишвар дар тамоми сатҳҳо ҷаласа доир кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" бо такя ба як мақоми баландпояи Кремл хабар дод.

Ба қавли ҳамсӯҳбати нашрия, нишастҳои машваратӣ оид ба таҳримҳо, ҳам дар сатҳи муассисаҳои алоҳидаи соҳавӣ ва ҳам маъмурияти президент доир шуданд.

Рӯзи 26-уми январ ИМА таҳримҳои зидди Русия барои ишғоли Қрим ва дахолат ба авзоъ дар Шарқи Украинаро тавсеа дод. Ба рӯйхати таҳримшудаҳо 21 нафар ва 9 ширкат шомил шуд. Муовини вазири энергетикаи Русия Андрей Черезов, ширкати "Технопромэкспорт", шохаҳои "Сургутнефт" ва Силовых машин" дар ин рӯйхат ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG