Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: “Давлатдории дунявӣ интихоби дурусти мо буд”


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон (Акс аз бойгонӣ)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пас аз 20 сол дубора дар Қасри Арбоб, канораи шаҳри Хуҷанд, суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нимаи дувуми рӯзи душанбе, 19-уми ноябр, ба Қасри Арбоб омад, ки 20 сол қабл Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар он ҷо баргузор шуда, ҳукумати нав бо раҳбарии ӯро ба сари қудрат овард.

Қабл аз нишасти тантанавӣ дар Қасри Арбоб дар ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон осорхона ифтитоҳ шуд, ки дар он аввалин парчами давлати мустақили Тоҷикистон, аксҳои зиёд ва ҳатто таҷҳизоти телевизионе, ки раванди иҷлосия навор бардошта шуда буд, ба маърази намоиш гузошта шуданд. Як бахши осорхона ба солҳои истиқлол ва рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст.

Пас аз ин, президент Раҳмон ба минбар омада, дар суханронии худ аз даврони мушкили соли 1992 ва баргузории Иҷлосияи 16-ум ёдоварӣ кард ва онро барои миллату давлати тоҷикон муҳим арзёбӣ намуд. Ӯ бо ёдоварӣ аз 20 соли пеш гуфт, “ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи баланд маҳз аз ин толор аз шаҳри бостонии Хуҷанд сабзидам ва ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарорам.”

Аммо президент Раҳмон гуфт, "пас аз баргузории иҷлосия, ки ҳукумати навро таъсис дод, бозиҳои пасипардагӣ тавассути шахсиятҳои алоҳида шурӯъ гардид ва ана ҳамин ҷо баъзе сиёсатмадорони мо нақшаи тақсими Тоҷикистонро кашиданд." Зеро ба таъкиди раисиҷумҳур аксари аъзои ҳукумат, бахусус сарвазир намехост ба пойтахт биравад ва "маҷбур 3-4 нафар аъзои ҳукуматро тариқи чархбол бурдем." Ин дар ҳолест, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ Абдумалик Абдуллоҷонов сарвазири Тоҷикистон интихоб гардида буд.

Ӯ дар суханронии аз Созишномаи сулҳи тоҷикон ҳам ёдоварӣ карда ва хитоб ба мардум гуфт, "шукронаи тинҷию оромӣ кунед, дигар ҳама каму костии зиндагӣ бартараф мешавад." Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома ба сохти давлатдории Тоҷикистон ҳам ишора карда ва гуфт, "дар он рӯзҳо, ки мо ба тозагӣ ба истиқлол расида будем... доираҳои муайяни хориҷӣ бо истифода аз ҳолати бесарусомонии сиёсиву идеологиамон мехостанд ҷомеаи моро таҳти таъсири мафкураи бегона қарор дода, ғаразҳои сиёсии худро дар кишвари мо пардапӯшона роҳандозӣ кунанд." Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, “имрӯз вақт чун довари бузург нишон дод, ки тарзи давлатдории дунявӣ интихоби дуруст, огоҳона ва ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад."

Аз ин пеш, рӯзи 16-уми ноябр маҷлиси расмӣ бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи Хуҷанд дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе доир шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа суханронӣ карда, Сессияи 16-умро барои давлату миллати тоҷик "ҳалкунанда" дониста буд.

Ёдрас мекунем, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ карда буд. Маҳз дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва раҳбари давлат интихоб шуда буд ва имрӯзҳо расо 20 сол мешавад, ки ӯ дар раъси ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG