Мақомоти Душанбе гуфтанд, нишони давлатии собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ва дар шафати бинои парлумон воқеъ аст, рӯзҳои наздик барканда мешавад. Як масъули Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе 26 ноябр гуфт, ки нишони собиқ ҳамчун мероси фарҳангии замони Шӯравӣ дар "Бунёди мусаввирии Тоҷикистон" нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
Аммо сутуни 22-метрии ин нишон бо барчидани кошиҳои мусаввар аз болои он, барандохта мешавад. Ин нишон авохири солҳои чилуми қарни гузашта ба муносибати 20-солагии таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бунёд гардида, баландиаш 22 метр ва паҳнии қисмати поёниаш 5 метр мебошад.
Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе гуфтааст, ки барчидани ин сутун дар чаҳорчӯбаи амалишавии Нақшаи генералии рушди пойтахт ва ташхиси Вазорати фарҳанг сурат мегирад. Мақомоти шаҳрдории Душанбе мегӯянд, ки чун сутун дар байни роҳи протоколӣ ҷой гирифтааст, барчидани он шабона сурат мегирад.
Ҳамакнун атрофи ин нишон бо тахтаҳо печонида шудаааст ва сохтмончиён барои баркандани он омода мешаванд. Сардори як ширкати сохтмонӣ, ки дар тендери барчидани нишон ғолиб омадааст, рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нишон рӯзҳои наздик барканда хоҳад шуд.
Нахустин нишони ҷумҳурии мухтори Тоҷикистони Шӯравӣ, ки моҳи феврали соли 1929 қабул шудааст, аз досу болғаи зарҳалӣ, офтоби нурафшон, хӯшаи гандум, шохаи шукуфони пахта таркиб ёфта ва дар дохили он шиори коммунистии "Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед" бо ҳуруфи лотинӣ ва бо забонҳои тоҷикиву русӣ навишта шудааст. Сипас, дар соли 1930, замони ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ тарҳи нави Нишони давлатӣ омода ва дар феврали соли 1931 дар анҷумани 4 Шӯроҳои Тоҷикистон пазируфта мешавад. Ин нишон аз тасвирҳои ситораи панҷгӯша, досу болға ва роҳи оҳан, таркиб ёфта ва дар он низ он шиори фавқуззикр сабт шудааст.
Баъдан бо пешниҳоди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲКТ, рассоми рус Александр Яковлев тарҳи нави Нишони Тоҷикистонро таҳия мекунад. Дар соли 1940 Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистони Советӣ матни таркиби Нишонро аз лотинӣ ба русӣ иваз мекунад. Дертар дар соли 1978 вақти қабули Конститутсияи Тоҷикистон, Нишони ҷумҳурӣ иваз ва дар он, хӯшаи гандум, пахта, офтоб, кӯҳ ситораи панҷгӯша, досу болға тасвир шуда ва боз ҳам ҳамон шиори даврони коммунистӣ нигоҳ дошта мешавад.
Дар замони истиқлолият дар ҷараёни Иҷлосияи 16-ум дар соли 1992 дар ҷараёни қабули Нишони давлатӣ дар сари акси шери таркиби он баҳсҳои зиёде сурат гирифт. Ба ҳар ҳол, он пазируфта шуд, вале дар моҳи декабри соли 1993 ин акс аз он ҳазф гардид ва ҳоло Нишони давлатӣ аз тасвири тоҷ, ҳафт ситора, хӯшаҳои гандум, шохаҳои пахтаи шукуфон, китоб ва курсӣ таркиб ёфтааст. Нишони давлатӣ аз рамзҳои муқаддаси давлат шуморида шуда ва тибқи қонун беэҳтиромӣ нисбат ба он ҷавобгарӣ хоҳад дошт.
Соли 2011 дар остонаи ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Душанбе зимни маросими ботантана, муҷтамаи Нишони давлатӣ ифтитоҳ гардид. Паҳнои нишони давлатии Тоҷикистон панҷ метр ва баландии сутунаш 45 метрро ташкил медиҳад.
Нишони замони шӯравӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле барканда мешавад, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бар пояи нақшаи генералии шаҳрдории Душанбе, қарор аст биноҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, парлумон, шаҳрдории Душанбе, чойхонаи “Роҳат” ва театрҳои Лоҳутиву Маяковский низ дар маркази пойтахти Тоҷикистон тахриб ва ва ба ҷои онҳо биноҳои наву замонавӣ бунёд меёбанд.
Аммо муаррихон ва ҳамин тавр бархе сокинони пойтахт мегӯянд, ки ҳукумат набояд биноҳое назири чойхонаи “Роҳат”, театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский ва ё парлумону ҳукумати шаҳрро тахриб кунанд. Бо талаби ҳифзи ин биноҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ як маъракае ҳам ба роҳ андохта шудааст, ки ташаббускоронаш имзои сокинони Душанберо зери як муроҷиатнома ҷамъ меоранд.
Ба гуфтаи муаррихи тоҷик Ғафур Шерматов, чойхонаи “Роҳат” як дурдонаи шаҳри Душанбе аст ва бо дастони беҳтарин устоҳои тоҷик аз шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд сохта шудааст ва он бояд ҳатман ҳифз шавад. Ҳамчунин, ин муаррих, бинои Шӯрои Олӣ ё парлумони ҳозираро аз шумори биноҳое унвон кард, ки намунаи барҷастаи меъморӣ мебошанд ва набояд тахриб шаванд. Зеро ба гуфтаи Ғафур Шерматов, ҳар як бинои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ бозгӯи таърихи Душанбе ва сароғози пойтахт аст.