Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия созмони “Шоҳидони Яҳво”-ро экстремистӣ эътироф кард


Додгоҳи олии Русия фаъолияти “Идораи марказии Шоҳидони Яҳво”-ро манъ кард. Додгоҳ рӯзи 20–уми апрел ин созмонро экстремистӣ эътироф намуд ва ба мусодираи амволаш амр дод.

Вазорати адлияи Русия дар оғози моҳи марти имсол алайҳи “Идораи марказии Шоҳидони Яҳво” ба Додгоҳи олӣ шикоят бурда буд.

Намояндагони “Шоҳидони Яҳво” мегӯянд, ки манъи фаъолияти созмон эҳтимоли таҳти таъқиб қарор гирифтани пайравонашро бештар кардааст. .

Фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” дар Тоҷикистон соли 2007 бо қарори Вазорати фарҳанг, ки он вақт умури динро назорат мекард, манъ шуд. Мақомот барои бастани "Шоҳидони Яҳво" сабабҳои зиёдро пеш оварданд, вале далели аслӣ "даъват барои сарпечӣ аз хизмати аскарӣ" буд.

Чаҳор сол пеш “Шоҳидони Яҳво” барои сабти дубора санад пешниҳод кард, аммо масъулони Кумитаи дин талаб намуданд, ки дар бораи ҳадди ақал панҷ сол дар маҳалли сабти ном зиндагӣ кардани аъзояш санад биёранд.

XS
SM
MD
LG