Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Мирзо: "СПАД бемамоният метавонад таҷҳизоташро ба Тоҷикистон интиқол диҳад"


Порлумони Тоҷикистон санадеро ба тасвиб расонд, ки бар пояи он, кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ё СПАД метавонанд дар ҳолатҳои зарурӣ, ҷузву томҳо ва таҷҳизоти низомии худро бидуни мамониат ба қаламравҳои якдигар, аз ҷумла Тоҷикистон, интиқол диҳанд.

Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар бораи ҳамлу нақли ҷузву томҳо ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, молу мулки манқули онҳо ва маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ, рӯзи 2-юми октябр аз сӯи Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон дар порлумони кишвар, муаррифӣ шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин санад дар муқобила бо хатару таҳдиҳо ба амнияти кишвар мусоидат мекунад, чун дар ҳолати зарурӣ СПАД метавонад бидуни мамоният ба кӯмаки Тоҷикистон бирасад.

Ин санад ҳанӯз 15-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ имзо шуда буд ва ҳадафи аслии он, интиқоли бидуни мамонияти таҷҳизоти ҳарбӣ аз қаламрави кишварҳои узви СПАД, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ҳини муаррифии ин санад гуфт, ки он дар навсозии артиши Тоҷикистон ва муқобила бо хатару таҳдиҳо ба амнияти кишвар мусоидат мекунад, чун дар ҳолати зарурӣ нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ метавонад ба кӯмаки Тоҷикистон бирасанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ тасвиби ин қонунро муҳим хонд, зеро ба қавли ӯ, дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқулодда ва фаврӣ, тартиботи гумрукӣ ва гирифтани иҷоза аз кишварҳо барои интиқоли таҷҳизоти ҳарбӣ, вақти зиёдро талаб мекунад ва аз ин лиҳоз, ин санад метавонад дар ҳалли ин мушкил мусоидат кунад.

Тамрини нерӯҳои СПАД дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"-и Қубодиён. Акс аз бойгонӣ
Тамрини нерӯҳои СПАД дар размоишгоҳи "Ҳарбмайдон"-и Қубодиён. Акс аз бойгонӣ

Дар ин иҷлосия ҳамчунин оид ба тамдиди муддати эътибори созишнома дар бораи ташкил намудани низоми ягонаи ҳимояти техникии роҳҳои оҳани кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъ, баҳсу баррасӣ шуд ва аз порлумон онро низ тасвиб кард. Ин санад 28-уми апрели соли 2003 ба тасвиб расида, ҳамчун як ҳуҷҷати муҳими СПАД то замони вуҷуди ин ниҳод, эътироф шудааст. Бар пояи ин санад, таъмини амнияти ин роҳҳо ба ӯҳдаи нерӯҳои мусаллаҳи Русия вогузор шудааст.

Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда соли 2002 ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ тағйири ном кард. Ба узвияти ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки ҳадафаш таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узв аст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG