Қарор аст шоми 7 сентябр Юрий Хачатуров, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ барои мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе шавад. Сафари ӯ то 9 сентябр идома мекунад ва тибқи иттилои СПАД, дар ин дидору мулоқот масоили марбут ба мубориза бо терроризм, суботи Афғонистон ва баргузории ҳамоиши СПАД дар тирамоҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Минск баррасӣ мешаванд.
Интизор меравад Юрий Хачатуров бо президент Эмомалӣ Раҳмон,
Намедонам, ки бар ивази шомил кардани ҲНИТ ба ин феҳраст раҳбарияти СПАД, бавижа президент Путин чӣ талабе хоҳад кард
вазири мудофиа ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқот кунад. Дар иттилоияи СПАД гуфта мешавад, ки дар сафари дабири кулли ин созмон ба Душанбе инчунин масоили омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва шӯроҳои вазирони хориҷа ва дифоъ баррасӣ мешавад.
Ин диду боздидҳо дар ҳоле мегузарад, ки ахиран оҷонсии расмии "Ховар" дар Душанбе ва баъдан масъулини СПАД дар Маскав гуфтанд, ки ҲНИТ ба феҳрасти ташаккули террористию экстремистӣ шомил шудааст.
Бархе коршиносони тоҷик мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасии дабири кулли СПАД ва мақомот дар Душанбе – аъзои ҲНИТ мешавад. Ахиран мақомоти Тоҷикистон ва баъдан дафтари матбуоти СПАД ба матбуот гуфтанд, ки бо як тасмими аъзои созмон ҳанӯз як соли пеш – 8 июни соли 2016 дар ҷаласаи Кумитаи дабирони шӯрои амнияти СПАД дар баробари “Ал-Қоида”, ДИИШ, “Ихвон-ул-Муслимин” ва дигарҳо ҲНИТ ҳам ба рӯйхати ташаккули террористию экстремистии кишварҳои узви ин созмон шомил шудаанд.
СПАД: ҲНИТ дар феҳрасти созмонҳои мамнӯъ ворид шуд
Дафтари матуботи СПАД ба оҷонсии Интерфакс гуфтааст, ки ин ҷаласа дар Ереван гузашта буд. Таъкид шудааст, ки рӯйхати созмонҳои террористӣ эътирофшуда барои роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар ошкор ва ҷилавгирӣ аз фаъолияти онҳо дар қаламрави кишварҳои узв мусоидат мекунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро сентябри соли 2015 масъули ошӯби мусалаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода номид ва ин созмонро террористӣ унвон ва дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияташро мамнӯъ кард. Худи ҳизб, ки на камтар аз 200 узв ва ҳайати раёсаташ ба зиндон рафтанд, ин иттиҳомотро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, ошӯби мусаллаҳона баҳонаи бастани ҲНИТ дар Тоҷикистон буд.
Дар муддати ду соли баъди ин ҳеҷ кишвари дигари ҷаҳон даъвати Тоҷикистонро барои ғайриқонунӣ эълон кардани ҲНИТ напазируфт ва танҳо соли ҷорӣ Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва инак СПАД ба даъвати Тоҷикистон гӯш доданд. Ин созмонҳо зери назорати Русия амал мекунанд.
Владимир Зайнетдинов, сухангӯи СПАД рӯзи 7 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нахост ин мавзӯъро шарҳ диҳад, вале ҳамчунин вориди феҳрасти мамнӯъшудаҳо гардидани ҲНИТро рад накард. Вай танҳо гуфт:
“Ба эҳтимоли зиёд дар канори масоили матраҳшаванда дар мулоқот дар Душанбе ин мавзӯъ низ шояд баррасӣ шавад.
Марат Мамадшоев, хабарнигори тоҷик, ки берун аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, 7 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб мавзӯи ҲНИТ аз масоили мавриди баррасӣ дар Душанбе мешавад. Вай гуфт: “Ба эътиқоди ман дар ин мулоқот атрофи ин мавзӯъ сару савдое сурат хоҳад гирифт. Танҳо намедонам, ки бар ивази шомил кардани ҲНИТ ба ин феҳраст раҳбарияти СПАД, бавижа президент Путин чӣ талабе хоҳад кард”.
Тоҷикистон ду сол интизор шуд
Тоҷикистон ошкор гуфтааст, ки аз нодида гирифта шудани дархосташ дар заминаи ғайриқонунӣ эътироф шудани ҲНИТ аз ҷониби кишварҳои дигар нороҳат аст. Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 31-уми март дар нишасте дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар Душанбе гуфта буд: "Аз террористӣ ва экстремистӣ эълон шудани созмони "Гурӯҳи 24" ва Ҳизби наҳзати исломӣ чанд сол сипарӣ шуд, аммо кишварҳои узви СПАД ҳанӯз ин созмонҳоро ба рӯйхати ягонаи сиёҳ ворид накардаанд."
Дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ сафири Полша дар Тоҷикистон гуфт, ки на ҳамеша созмонҳои аз назари Душанбе террористӣ эътирофшуда дар Аврупо ба чунин унвон пазируфта мешаванд ва он аъзои мухолифон, ки дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд, қонунӣ ба сар мебаранд.
Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда соли 2002 ба Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ тағйири ном кард. Ба узвияти ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки ҳадафаш таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узв аст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Ворид шудани исми созмон дар феҳрасти ташаккули мамнӯъшудаи ин созмон ба маънои дар хоки ин кишварҳо мамнӯъ ва мавриди таъқиб қарор гирифтани аъзои он арзёбӣ мешавад.