Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонии нав ба гардиш медарояд


Бо як тасмими Бонки миллии Тоҷикистон аз 31-уми август пули сомонӣ бо ороиши нав мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бонки Миллӣ гуфт, ки ҳадаф аз ин кор “баланд бардоштани хусусияти ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорист”.

Дар вебсайти Бонки Миллии Тоҷикистон дар мавриди шарҳи зарурати чопи пулҳои коғазии нав омадааст, “унсури ҳимоявии пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомонӣ дар сатҳи севум анҷом шуда ва ба ин тартиб хатари тақаллубкории ин пулҳо хеле поин рафтааст.”

Пулҳои сомонии баровардаи соли 1999 низ бо унсури муосири ҳимоявӣ муҷаҳҳаз буда, дар муддати 17 соли истифодаи ин пулҳо хабари хеле кам дар бораи эҳтимоли тақаллуб шудани онҳо пахш шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи мутахассисони Бонки Миллӣ дар пулҳои коғазии арзишашон 20, 50 ва 100 сомонӣ се адади охири рақами силсилавии пул дар рӯи навори кинеграмма бо тарзи лазерӣ чоп шудаанд, ки яке аз навовариҳои охирин дар соҳаи чопи пул ба ҳисоб меравад.

Бо ин вуҷуд, Бонки Миллӣ ҳамеша аз созмонҳои қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ, корхонаву ташкилот, бонкҳо ва нуқтаҳои савдо даъват мекард, ки ба хотири пешгирӣ аз пайдо шудани пулҳои тақаллубӣ чораҳои зарурии техникӣ ва назоратӣ биандешанд.

Пули миллии сомонӣ, ки ба ифтихори поягузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, дар 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баромад.

Тоҷикистон танҳо кишвари пасошӯравист, ки то соли 1993 пули сохти Шӯравиро истифода кардааст. Ба дунболи ба муомилот баромадани пулҳои миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сели пулҳои коғазии беарзиши Шӯравӣ ба Тоҷикистон сарзер шуда, боис ба ҳараҷу мараҷ дар бозори арзии кишвар шуд. Бо шомил шудан ба фазои пули рубли русӣ дар моҳи январи соли 1994 мушкили иқтисодии Тоҷикистон ҳал нашуда, баръакс, кишвар ба камбуди шадиди пули нақд мувоҷеҳ гардид.

Танҳо дар пайи бо мусоидати Сандуқи Байналмилалии Пул ба муомилот баровардани пули рубли тоҷикӣ дар 6-уми майи соли 1995 вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон то ҳадде ба эътидол омад.

XS
SM
MD
LG