Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ВКД-и Тоҷикистон аз вируси тахрибкори "Petya". ВИДЕО


Мақомоти тоҷик аз сокинони кишвар даъват карданд, ки барои ҳифзи комютерҳои худ аз вируси "Petya", аз эҳтиёт кор бигиранд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 29-уми июн гуфт, ки тарзи мунташир шудани ин вирус дар шабакаи интернет ба монанди вируси "WannaCry" мебошад.

Бар асари ҳамлаи нави вирусӣ дар кишварҳои зиёди ҷаҳон, бахусус Украина, қораи Осиё ва манотиқи дигар, шабакаҳои компютерҳои бонку фурудгоҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои молиявӣ аз кор монданд.

Вазорат ҳамзамон усули ҳифз аз вируси "Petya" ва дигар вирусҳои ба он монандро -- ҷавоб надодан ва боз накардани номаҳои шубҳанок аз сӯи афроди ношинос, гуфтааст. ВКД мегӯяд, ки дар ҳолати пайдо шудани чунин номаҳо, фард бояд фавран онро тоза ва ё "удалить" намояд. Вазорат ҳамчунин барои ҳифзи комютерҳо, ба сокинон пешниҳод кардааст, ки "windows" ва барномаҳои зиддивирусиро, навсозӣ намоянд.

Вируси тахрибкор то Тоҷикистон нарасид

Дар Тоҷикистон аз хавфи таҳдиди вируси нави тахрибкори компютерҳо бархе корхонаҳо нимашаби 27 ба 28-уми июн кормандони фаннии худро ба таври фаврӣ ба кор даъват карданд. Бар асари ҳамлаи нави вирусӣ дар кишварҳои зиёди ҷаҳон, бахусус Украина, қораи Осиё ва манотиқи дигар, шабакаҳои компютерҳои бонку фурудгоҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои молиявӣ аз кор монданд. Дар Тоҷикистон нигаронии бештарро кормандони ширкатҳои мухобиротӣ баён карданд.

Мурод, як корманди ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон, ки соати 3-и шаб ба ҷойи кор даъват шуд, мегӯяд, агар онҳо сари вақт аз вуруди вируси харобкор ба компютерҳои худ ҷилавгирӣ намекарданд, эҳтимол буд дастрасӣ ба файлу маводи компютерҳои ширкат қатъ мешуд.

Вируси ахир мисли вируси қаблии WannaCry ба компютерҳои дорои системаи Windows хатари бештар дорад ва чун дар Тоҷикистон аксарияти компютерҳо ҳамин системаро доранд, бояд эҳтиёт кунанд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Агарчи то ба ҳол ягон ширкату корхонае аз олуда шудани компютерҳои худ бо вируси наве бо исми шартии «Петя» хабар надодааст, вале аксари идораҳо барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди ин вирус тадобири зарурӣ рӯйи даст гирифтаанд.

Мурод гуфт: “Бино ба маълумоти мо, ин вирус метавонад кори тамоми файлҳоро боздорад ва танҳо баъди пардохти 300 доллар дубора дастрасиро барқарор мекунад”, – гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Мурод.

Вируси пулситон, ки маълум нест ҳисобаш дар кисаи кист

Вируси «Петя»-ро вируси пулситон унвон карданд, чун баробари боз кардани компютерҳо дастрасӣ ба файлҳоро манъ карда, бар ивазаш аз соҳиби компютер 300 доллар “биткойн” ё пули маҷозӣ талаб мекунад. Ҳанӯз маълум нест, ки табиат ва муаллифи ин вирус кист ё чист ва дар сурати пулситонии он, фоида ба кисаи кӣ меравад.

Тарс аз ин вирус ҳам дар Тоҷикистон беасос нест. Моҳи май вируси харобкори WannaCry дар чанд ширкати фурӯши билетҳои ҳавопаймо ошкор шуд. Аз ҷумла сару садое дар бораи осеб дидани ширкати мобилии «Мегафон» ҳам паҳн шуд, вале баъдан масъулини ширкат ин хабарро беасос хонданд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, шоми 27 июн тамоми ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон аз ҳамлаи вируси нав огоҳонида шуданд
Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, шоми 27 июн тамоми ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон аз ҳамлаи вируси нав огоҳонида шуданд

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон гуфт, онҳо ҳам ҳоло ягон иттилое дар бораи зарари ин вирус ба компютерҳо дар Тоҷикистон надоранд, аммо мегӯяд ҳанӯз аз шоми 27 июн тамоми ширкатҳоро аз хатари таҳдиди ин вирус огоҳ карда буданд. “Дирӯз аз соати 6-7 шом ба ҳама хабар додем, ки пеши роҳро гиранд. Дар ҳама ширкатҳо дар ин бора хабар доштанд”.

Хавфи хатари паҳншавии вируси харобкор дар кишварҳои дигари сайёра дар сархати хабарҳои шоми 27 июн қарор гирифт. Моҳи май як ҳамлаи шадиди вирусӣ компютерҳои корхонаҳои давлативу идораҳои молии ИМА, Аврупо ва нуқоти дигари ҷаҳонро асар кард.

Киберҳамлаҳо, чун муборизаи дигари сиёсии зидди рақибон

Хабарҳо ҳокист, ки вируси бо исми рамзии «Петя» шоми 27 июн рахнашуда дар Чин, як кишвари саноатӣ мушкили зиёд эҷод кардааст. Паҳншавии ин вирус аз Украина шурӯъ шуд ва дар оғоз гумони мутахассисони фаннӣ ин буд, ки шояд маҳз ҳамин кишвар ҳадафи аслии он бошад. Вале дертар дар ин бора кишварҳои дигари Аврупо ҳам хабар доданд. Хатари паҳншавии вируси компютериро сохторҳои амниятӣ ҳам хеле ҷиддӣ мегиранд ва мегӯянд, киберҳамлаҳо ба як силоҳи сиёсии мубориза бо рақибон табдил шудааст.

Моҳи май ширкати билетфурӯшие дар Тоҷикистон аз вируси WannaCry осеб дид
Моҳи май ширкати билетфурӯшие дар Тоҷикистон аз вируси WannaCry осеб дид

​Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, зимни ҳушдори ширкатҳо, онҳо таъкид кардаанд, ки вируси ахир мисли вируси қаблии WannaCry ба компютерҳои дорои системаи Windows хатари бештар дорад ва чун дар Тоҷикистон аксарияти компютерҳо ҳамин системаро доранд, бояд эҳтиёт кунанд. Вай гуфт, аз рӯи маълумот онҳо, «Петя» ба Макентошу Линукс ва Андорид асар накардааст.

Аз вируси WannaCry дар моҳи май беш аз 300 ҳазор компютер дар 150 кишвари дунё осеб дид. Талошҳо шикастани компютерҳо бештар дар Русия мушоҳида шудааст. Дар ин кишвар компютерҳои ширкатҳои бузургу сохторҳои идорӣ аз ҷумла вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ мавриди киберҳамлаҳо қарор гирифтанд.

Таҳдиди WannaCry ба Тоҷикистон. Гузориши видеоӣ аз 15 май:

Вируси саросариро Кореяи Шимолӣ паҳн кардааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Эҳтиёҷи Тоҷикистон ба системаи дифои компютерӣ

Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд, мушкил ин аст, ки вирусҳои рахнагари ахир комилан нав буда ҳанӯз давое зидди онҳо вуҷуд надорад. Вале роҳҳои зиёди пешгирӣ имкони андешидани илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ фароҳам меорад. Муттахассисон тавсия медиҳанд, ки барои муҳофизати компютерҳо системаҳои оперативии нав насб шуда файлу маводҳое, ки тавассути имейл дастрас мешаванд, санҷида шаванд.

Рустам Қосимов мегӯяд, барои таъмини амнияти компютерӣ дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба як системаи нави дифоӣ зарур аст
Рустам Қосимов мегӯяд, барои таъмини амнияти компютерӣ дар Тоҷикистон эҳтиёҷ ба як системаи нави дифоӣ зарур аст

Биноба иттилои муттахассисони соҳа, 90 дарсади компютерҳо дар Тоҷикистон аз системаҳои бемуҷаввиз истифода мебаранд, ки хатари сирояташон бештар аст. Рустам Қосимов, раҳбари ширкати “Интернет фонд” мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи вирусҳо бояд дар кишвар як низоми махсуси техникӣ амал кунад:

“Низоме бошад, ки имкони ҳимоятро ба вуҷуд дорад, ҳам дар сатҳи шабакавӣ, ҳам дар сатҳи техникӣ”. Ба гуфтаи ин мутахассис, маъмулан агар ҳодисаи ҳамлаи вирус ба ширкату корхонаҳо сурат гирад, бархе ширкатҳо пинҳон доштани ин воқеиятро ба хотири ҳифзи манфиатҳои молии худ дар баробари муштариҳо авлотар медонанд. Вале ин амал ҳақи муштариёнро барои доштани иттилои воқеӣ поймол мекунад.

XS
SM
MD
LG