Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнашон ба 40 нарасидааст, имсол натавонистанд худро барои адои ҳаҷ сабтином кунанд. Бино ба як қарори ҳукумат, ки мавриди иҷро қарор дорад, танҳо афроди аз чиҳилсола боло ҳаққи адои ҳаҷҷи фарзиро ба даст овардаанд. Ин маҳдудият шомили ҳаҷҷи умра намешавад.
Дар ҳоли ҳозир навбати тӯлонӣ дар шаҳру ноҳияҳое ба мисли Исфара, Душанбе, Ҳисору Турсунзода ва Рӯдакӣ ҳанӯз пойбарҷост.
Панҷ соли дигар дар орзуи ҳаҷ
Ҷаҳонгир, як сокини вилояти Суғд, ният дошт, ки имсол баробари 35-сола шудан ҳамроҳи модари пираш барои адои ҳаҷҷ ба Маккаву Мадина биравад. Аммо дар идораи дини маҳалли зисташон ба ӯ гуфтаанд, ки бояд панҷ соли дигар истад ва танҳо баъд аз чиҳилсолагӣ ин ҳақро ба даст хоҳад овард.
“Гуфтанд, ки дар ин бора қарор баромадааст ва имсол аризаи афроди аз чиҳилсола болоро қабул мекунанд. Ду сол пеш гуфта буданд, ки аз 35-солагӣ иҷозат аст ва ман дар ин муддат дар Русия кор карда ва чанде пеш ба Тоҷикистон баргаштам”, - гуфт ӯ рӯзи 20-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ин сокини вилояти Суғд афзуд, модараш базӯр роҳ мегардад ва ӯ бояд ҳангоми гаштугузор дар Маккаву Мадина ёрӣ кунад. Аммо гуфт, зоҳиран орзуи модараш ва, ҳамин тавр, нияти сафари ӯ то панҷ соли дигар муаллақ хоҳад монд. “Дар ин маврид масъалаи умр бисёр муҳим аст. Кӣ медонад, ки то панҷ соли дигар мо ҳастем, ё не”, - гуфт Ҷаҳонгир ва афзуд, шояд роҳи дигари расидан то Маккаву Мадинаро биҷӯяд ва наздиктаринаш, ба қавли ӯ, дарёфти шаҳрвандии Русия аст.
18, 35 ва ҳоло 40
Манобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин тасмим хеле барвақт аз тарафи ҳукумат гирифта шуда, ҳоло мавриди иҷро қарор дорад. Онҳо гуфтанд, ки ҳадаф аз маҳдудияти синну сол ба танзим даровардани навбати тӯлонии довталабони ҳаҷ ва роҳ кушодан ба сокинони пир буд.
Дар ҳафт соли ахир бори севум аст, ки мақомоти Тоҷикистон барои танзими сафари довталабони ҳаҷ маҳдудияти синну сол ҷорӣ мекунанд. Соли 2010 мақомот гуфта буданд, ки ҳаҷҷи фарзӣ танҳо ба сокинони аз 18-сола то 80-сола иҷоза аст. Баъдан дар соли 2015 ин рақамро то 35 боло бурданд. Ҳамакнун танҳо афроди аз чиҳилсола боло ҳаққи адои ҳаҷи фарзиро доранд.
Навбати тӯлонӣ камтар шудааст
Як манбаъ дар Кумитаи дин гуфт, тасмимҳои ахири мақомот ва буҳрони иқтисодии ҳоким дар ду соли гузашта, воқеан, навбати дар гузашта тӯлонии довталабони ҳаҷҷи фарзиро кам кардааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, агар дар гузашта аксари калонсолон ҳамроҳи фарзандони ҷавони худ ба зиёрати Хонаи Худо мерафтанд, ҳоло ба далели маҳдудияти синну сол баъзан аз баҳри ин сафар мегузаранд.
“Барои мисол, модари шастсолае мехоҳад, бо писари сисолааш ба ҳаҷ равад, чун бояд барои гаштугузор ёрӣ диҳад. Вале вақте ҷавон иҷозаи сафарро надорад, баъзан чунин афроди куҳансол аз баҳри сафар мегузаранд, ки ин як сабаби кам шудани навбати тӯлонии зоирон дар кишвар шудааст”, - афзуд ӯ.
Аз тарафи дигар, ба қавли мусоҳиби мо, буҳрони иқтисодии ҳоким ҷайби сокинонро холитар карда ва мақомот дар ду соли ахир квотаи довталабони ҳаҷро ба сахтӣ пур мекунанд. Ин манбаи огоҳ гуфт, “барои мисол, ноҳияи Айнӣ чиҳил квотаи сафари ҳаҷ дорад. Дар гузашта агар одамони зиёд барои ин ҷой навбат мепоиданд, соли гузашта ҳамагӣ бист нафар барои рафтан пайдо шуду бас.”
Квотаи мо – квотаи шумо
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, рӯзи 20-уми июн дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ дар маҷмуъ то ҳадде кам шудани навбати тӯлонии довталабони ҳаҷро тасдиқ кард. Вай дар айни замон гуфт, “дар ҳоли ҳозир навбати тӯлонӣ дар шаҳру ноҳияҳое ба мисли Исфара, Душанбе, Ҳисору Турсунзода ва Рӯдакӣ ҳанӯз пойбарҷост.”
Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо мераванд. Имсол низ ин шумора тағйир наёфтааст. Интизор меравад, ки маъракаи ҳаҷҷи имсола дар миёнаҳои моҳи август оғоз шавад.