Мақомоти Чин дар минтақаи шимолуғарби Шинҷон даҳҳо номи мазҳабиро, ки мусалмонҳо ба кӯдакони худ медоданд, мамнӯъ карданд. Як мақом дар вилояти Шинҷон рӯзи 25 апрел хабарҳои матбуоти ғарбиро дар бораи мамнӯъ шудани номҳои мазҳабӣ тасдиқ кард ва гуфт, исмҳое мисли Ислом, Қуръон, Макка, Ҷиҳод, Имом, Саддом, Ҳаҷ ва Мадина ҳамроҳ бо даҳҳо номи мазҳабии дигар, дар чаҳорчӯби қарори Ҳизби хокими коммунистӣ, оиди "Тартиби номгузорӣ барои ақалиятҳои қавмӣ", мамнӯъ эълон шуданд.
Як афсар дар идораи пулиси шаҳри Урумчӣ гуфт, кӯдаконе, ки бо номҳои мамнӯъ сабт мешавад, аз сохтори расмӣ, ки дастрасии онҳоро ба беҳдошт ва маориф таъмин мекунад, маҳрум мешаванд. Муқаррароти нав бештар ба мусалмонҳои бумӣ, 10 миллион уйғур, 1,5 миллион қазоқ, 150 ҳазор қирғиз, 4 ҳазор тоҷик ва ҳудудан 1000 дунган таъсир мегузорад.
Уйғурҳо муддатҳост аз сиёсати Чин дар баробари худ шикоят доранд. Ҳизби ҳокими Коммунист дастрасӣ ба ин минтақаро шадидан маҳдуд ва таъиди хабарҳоро дар манобеи дигар номумкин кардааст.