Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зувайдахон – зани кӯҳансолтарини Хатлон 122-сола шуд. ВИДЕО


Зувайдахон Ботирова
Зувайдахон Ботирова

Як сокини вилояти Хатлон бар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ ба синни 122 расида, дар ҳоли ҳозир аз дарозумртаринҳои минтақа ба ҳисоб меравад. Зувайдахон Ботирова дар деҳаи Сомониёни ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ зиндагӣ дорад ва аз чаҳор фарзанд дутояшро аз даст додааст. Духтари ӯ дар 71 ва писараш дар 75-солагӣ даргузаштаанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Зани дарозумр дар Хатлон 122-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00

Мақомоти вилояти Хатлон гуфтанд, ки Зувайдахон Ботироваро ҳангоми "барӯйхатгирии" занони кӯҳансоли минтақа пайдо карданд. Ба қавли онҳо, дар ин минтақа феълан сад зани аз навадсола боло зиндагӣ мекунанд ва дарозумртарини онҳо Зуваайдахон Ботирова аст. Муқаддас Сатторова, корманди шуъбаи кор бо занони ҳукумати Хатлон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо тартиби феҳристи занҳои дарозумр ният доранд, ки дар рӯзҳои ид онҳоро аёдат карда, барояшон туҳфаҳо бидиҳанд. "Ҳаёти шахсони дарозумр барои насли нав омӯзанда аст", - таъкид кард ӯ.

Акси шиносномаи Зувайдахон Ботирова
Акси шиносномаи Зувайдахон Ботирова

Наздикони Зувайдахон Ботирова барои исботи онки дар санаи таваллуди ӯ ғалате нарафтааст ва даъвои 122 сол умр низ дурӯғ нест, ба мо шиносномаашро пешниҳод карданд. Дар ин шиносномаи хориҷӣ, ки аз тарафи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва бо рамзи Иттиҳоди Шӯравии пешин дода шудааст, соли таваллуди ин зан 1895 омадааст.

Худи Ботирова гуфт, соли 1998 ин навъ шиносномаҳо дар истифода буданд ва ӯ ба хотири сафари Ҳаҷ аз Вазорати умури хориҷӣ дарёфт кардааст. Вай рӯзи 18 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бас зиндагии хушу хотирмон дошт ва наздиконаш низ асрори дарозумрии ӯро ба ҳамин рабт медиҳанд. Абдуҷалил Ботиров, писари Зувайдахон Борирова, гуфт, ки модараш ҳамагӣ як соли қабл аз роҳ гаштан монд, вале хотирааш ҳанӯз мустақҳкм аст.

"Баъзан хотираҳои даврони ҷавонияшро ба мо қисса мекунад", - гуфт ӯ ва афзуд, "агар парастории модар мисли як тифл душвор аст, аммо шукр мекунам, ки ӯ аз кӯҳансолтарин занони Хатлон будааст." Макони таваллуди Зувайдахон Ботироваро ҷумҳурии Узбакистон навиштаанд ва ба қавли наздиконаш ӯ аввал дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон маскун шуда, сипас, дар соли 1955 ҳамроҳи ҳамсараш ба ноҳияи ҳозираи Ҷалолиддин Балхӣ кӯчидааст.

Орзуи Карим, хабарнигори Радиои Озодӣ дар меҳмонии Зувайдахон Ботирова
Орзуи Карим, хабарнигори Радиои Озодӣ дар меҳмонии Зувайдахон Ботирова

Дар ҳоле ки мақомот мегӯянд, сад зани аз навадсола боло дар минтақаи Хатлон зиндагӣ мекунанд, мо ба дари чанде аз онҳо рафтем, то бо вазъу ҳолашон аз наздик ошно шавем. Сафарой Абдуллоева, сокини дигари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, 109 сол доштааст. Наздиконаш гуфтанд, ки шунавоӣ ва биноии ӯ хуб аст ва ба ёрии атрофиён камтар эҳтиёҷ дорад.

Бештари соати умри ӯ дар ибодату гӯшанишинӣ мегузарад ва аз ин рӯ аз наворбардории мо, ки ба қавлаш гуноҳ будааст, хушнуд набуд. Баръакси ӯ, Шарифа Файзуллоева, бо вуҷуди онки аз оилаи мазҳабӣ будааст, ба ончӣ дар атрофаш ба вуқуъ мепайваст, алоқамандӣ зоҳир мекард. Ӯ ҳамсари саввуми Мулло Карим, яке аз рӯҳониёни машҳури минтақа буда, соли 1916 аз водии Рашт ба деҳаи Гулистони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ кӯчидааст.

Гулрухсор, келини ин хонадон, ки нигоҳубини Шарифа Файзуллоеваро бар ӯҳда дорад, гуфт, ин зани кӯҳансол бештар ғизоҳои “бақувват” фармоиш медиҳад ва аслан парҳез надорад.

Сафарой Абдуллоева
Сафарой Абдуллоева

Оҷонсии омори Тоҷикистон соли гузашта эълон карда буд, ки дар кишвар мардҳо ба ҳисоби миёна 69 ва занҳо 74 сол умр мебинанд. Аммл стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 таъмини дарозумрии сокинони кишварро яке аз ҳадафҳои худ қарор дода, мегӯяд, дар 15 соли оянда синни миёнаи умри шаҳрвандон дар кишвар бояд то 80 расонда шавад.

Марҳум Кароматуллоҳи Аҳмад, хабарнигори тоҷик, соли гузашта чанд моҳ пеш аз даргузашташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар мавзӯи дарозумрҳо пажӯҳиш анҷом додааст. Вай иддао карда буд, аз рӯи таҳқиқоти анҷомдодааш ҳоло дар Тоҷикистон 331 нафаре зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100 сол гузаштааст. Ба иддаои ӯ, бештаре аз дарозумрҳои Тоҷикистон занҳо буда ва куҳансолтарин зани тоҷик 126 сол доштааст. Вале ошкор накарда буд, ки ин зан кист.

XS
SM
MD
LG