Сокини деҳаи Хоҷа Шайхи ҷамоати Себистони Данғара Раҳматулло Қурбонов рӯзи 18 май ҳини моҳидорӣ дар Баҳри Норак ғарқ шудааст. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Данғара ва Норак мегӯянд, ки аз дирӯз ба ин тараф ҷустуҷӯи ин ҷавони 20-сола идома дорад. Ба гуфтаи шоҳидон, ин сокини Данғара ҳамарӯза моҳӣ медошт ва чун чанги моҳидорияш банд мондааст, хостааст, ки онро кушояд, аммо бинобар надонистани қоидаҳои шиноварӣ, ғарқ шудааст. Салим Бухориев, роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Данғара рӯзи 19 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ғаввосҳо ҳоло ҷасади ин ҷавонро ҷустуҷӯ доранд. Ин дувумин ҳодисаи ғарқшавӣ дар вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ мебошад. Тобистони соли гузашта дар ин вилоят беш аз 30 нафар ҳини оббозӣ ғарқ шуданд.