Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармои “арабӣ” ба Тоҷикистон меояд


Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз расидани гармои “арабӣ” ба қаламрави кишвар хабар медиҳад. Ин гармиҳо аз 12 то 15 июл идома хоҳад кард.

Сайёра Навҷувонова, як масъули Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 8 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи пешгӯиҳо, аз 12 июл ҳарорати ҳаво дубора гарм мешавад ва 15 июл давом хоҳад кард. Ба гуфтаи хонум Навҷувонова, ҳарорати ҳаво дар ин рӯзҳо дар қаламрави кишвар то ба 43 дараҷаи гармӣ, хоҳад расид.

Ин масъули Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон гуфт, ҳарорати ҳаво дар Айвоҷ -- гармтарин минтақаи Тоҷикистон ба 44-45 дараҷаи гармӣ хоҳад расид. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба иттиллои ин масъулон, ҳоло ҳарорати ҳаво дар қаламрави кишвар 38 дараҷа ва дар минтақаи Айвоҷ 42 дараҷаи гармӣ аст.

Ба иттилои масъулони Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон, сабаби гарм шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 12 то 15 июл, расидани гармо аз қисмати Арабистон ба Тоҷикистон аст. Аммо ин масъулон мегӯянд, ки бештарин таъсири гармои “арабӣ” ба минтақаи ҷануби Тоҷикистон – вилояти Хатлон мерасад.

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ният дорад, ки то ду рӯзи дигар пешгӯиҳояшро дақиқ аниқ кунад ва ҳамзамон вазорату идораҳоро дар мавриди расидани гармои “арабӣ”, огоҳ намояд.

Хабарҳо дар бораи фарор расидани гармои “арабӣ” ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки аз 27 июн шурӯъ карда ба тадриҷ ҳаво гарм шуд ва дар бисёре аз манотиқ ба 47 дараҷа ва дар минтақаи Айвоҷ то ба 52 дараҷа расида буд. Ҳавошиносон сабаби ба якбора гарм шудани ҳарорати ҳаворо ба расидани гармо аз қисмати Покистон марбут донистанд.

Дар пайи гармии ҳаво ду кӯдак дар ҷануби Тоҷикистон фавтида ва беш аз 30 кӯдаки дигар дар бемористонҳо бо бемориҳои мухталиф бистарӣ шуданд. Ҳамчунин садҳо сокини дигар ба пизишкон дар маврид хуруҷи бемориҳои қалбу диқи нафас ва фишорбаландӣ, муроҷиат карданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба сокинон маслиҳат дод, то дар рӯзҳои гарм, ба хусус дар соатҳои 11 то 17-и рӯз ба кӯча набароянд ва аз эҳтиёт кор бигиранд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон низ аз паёмадҳои хатари гармо ва ғарқшавӣ дар кӯлу дарёҳо ҳушдор дод.

Тибқи иттилои ин кумита, танҳо дар аввали гармои шадид 1-уми июл ду сокини кишвар ҳангоми оббозӣ дар дарёҳо ғарқ шуданд. Баъдан дар тӯли як ҳафтаи гармо, беш аз 11 мавриди ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо сабт шуд.

XS
SM
MD
LG