Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СССР чӣ гуна шикаст хӯрд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

25 сол пеш дар як раъйпурсии саросарӣ қариб 78 дарсади аҳолӣ ба тарафдорӣ аз ҳифзи СССР овоз доданд. Вале баъди 9 моҳи ин референдум ин империяи бузург аз байн рафт.

Рӯзи 17 марти соли 1991 дар Иттиҳоди Шӯравӣ раъйпурсии саросарие доир шуд, ки танҳо як суол дошт: “Шумо ҳифзи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дар шакли федеросиюни навсозишудаи ҷумҳуриҳои мустақилро, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсони ҳар миллат пурра кафолат дода шаванд,зарур мешуморед?”

Бино ба натоиҷи расмӣ, дар ин референдум 80 дарсади интихобкунандагон ширкат варзида, 77,85 дарсади онҳо ба тарафдорӣ аз ҳифзи СССР овоз доданд. Мизони тарафдорӣ аз бақои империяи Шӯравӣ бахусус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд буд: Дар Қазоқистону Узбакистон то 94 фоиз, дар Қирғизистону Тоҷикистон 96 фоиз ва дар Туркманистон қариб 98 фоиз аз СССР пуштибонӣ карданд. Шумори тарафдорони ҳифзи империяи Шӯравӣ дар Озарбойҷон низ хеле баланд – 93 дарсад буд. Тарафдорони ҳифзи Шӯравӣ дар худи Русия – “соҳиб”-и аслии ин империя 71 фоиз, дар Украина 70 ва дар Беларус 82 фоизро ташкил доданд.

Ҳокимони вақти Шӯравӣ, ки дар поёни солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 ба мушкилоти бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва мавҷи ҷудоиталабӣ бахусус дар кишварҳои соҳили Балтик ва Қафқоз рӯбарӯ шуданд, раъйпурсии 17 мартро ҳамчун як “мушти оҳанин” ба даҳони мухолифони худ унвон мекарданд ва натиҷаҳои онро ҳамчун “намоиши азму иродаи қавии мардуми Шӯравӣ барои ҳифзи кишвар” баҳо доданд.

Нуралии Давлат
Нуралии Давлат

Аммо ин раъйпурсӣ, ба бовари муаррихон, ҳанӯз доир ношуда, дар амри расидан ба ҳадафи асосиаш ноком шуд. Нуралии Давлат, муаррихи тоҷик мегӯяд: “Шӯравӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва сиёсӣ банкрот шуда буд. Маскав дигар наметавонист ба қувваҳои марказгурез муқобила кунад. Марказ дар охири солхои 80-ум ва ибтидои солхои 90-ум ба мушкилоти зиёд мувочех гардид. Аз як ҷониб бӯҳрони иқтисодӣ, аз ҷониби дигар фаъол шудани ҷудоихоҳон дар ҷумҳуриҳои каронаи Балтик ва Қафқоз ва ҳамин тавр, дар Молдова ва Украина Маскавро дар рӯбарӯи дардисарҳои бузурге қарор дода буд. Ҳифзи СССР танҳо дар ҷумҳуриҳое, чун Тоҷикистон, ки азми ҷудо шудан аз Шӯравиро надоштанд, пуштибонӣ пайдо кард, вале ин ба дарди Маскав намехӯрд.”

Ба ақидаи Нуралии Давлат, пуштибонии аз 94 то 98 дарсади аҳолии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз бақои СССР воқеияти он рӯзҳоро инъикос мекард, чунки, мегӯяд ӯ, истиқлолталабӣ дар афкори ҷомиаи ин қаламрав ҳанӯз ташаккул наёфта буд.

Аммо Бӯрӣ Каримов, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон дар китоби “Фарёди солҳо” менависад, раҳбарони вақти Тоҷикистон ба хотири намоиши садоқати худ ба Маскав "пуштибонӣ"-и 96 фоизи мардум аз бақои Шӯравиро "таъмин" карданд: “Онҳо хуб мефаҳмиданд, ки шикаст хӯрдани империяи бузург оқибат миёни давлатдории аҷдодиро ҳам мешиканад. Раъйпурсии саросарӣ ва ба ҳарчӣ зудтар ба тарафдории иттиҳоди ягона овоз додани мардуми тоҷик барои онҳо роҳи наҷот ва идомаи салтанат буд.”

Вале аз 15 ҷумҳурии СССР 6 ҷумҳурӣ – Литва, Латвия, Эстония, Молдова, Гурҷистон ва Арманистон, ки раёсаташон ба дасти нирӯҳои истиқлолталаб гузашта буд, аз баргузории референдуми 17 март даст кашиданд. Бино ба омори расмӣ, дар раъйпурсии 17 март дар Арманистон ҳамагӣ 4923 нафар(асосан сарбозони қисмҳои низомии Артиши Шӯравӣ), дар Гурҷистон 45 ҳазор (асосан сокинони минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи ҷанубӣ), дар Молдова 841 ҳазор (асосан сокинони минтақаҳои ҷудоихоҳи Приднестровйе ва Гагаузия) ва дар 3 ҷумҳурии соҳили Балтик аз 300 ҳазор то 670 ҳазор (асосан сокинони русзабон) ширкат карданд.

Бар изофа, Литва, Латвия ва Эстония дар ибтидои моҳи марти соли 1991, ҳанӯз то референдуми умумӣ, дар қаламравҳои худ “машваратҳои мардумӣ” барпо карданд, ки дар ҳар кадоми аз ин ҷумҳуриҳо беш аз 80 дарсади аҳолӣ аз ҷудо шудани онҳо аз ҳайъати Иттиҳоди Шӯравӣ пуштибонӣ карданд.

Баъди эълони натоиҷи расмии референдуми 17 март раҳбарони ин 6 ҷумҳурӣ эълон карданд, ки ин натиҷаҳоро эътироф намекунанд, чунки ба таъбири Витаутас Ландсбергис, раҳбари вақти парлумони Литва, Иттиҳоди Шӯравӣ барои онҳо дигар танҳо “як кишвари ҳамсоя” аст.

Тазоҳуроти феврали соли 1990 дар Душанбе
Тазоҳуроти феврали соли 1990 дар Душанбе

Нуралии Давлат мегӯяд, референдуми 17 март барои Маскав натиҷаеро, ки мехост, дода натавонист ва арзиши воқеъияшро нокомии табаддулоти моҳи августи соли 1991 нишон дод: “Мардум дар лаҳзаи сарнавиштсоз, вақте ки ГКЧП рӯи кор омад, аслан ба он таваҷҷӯҳ нишон надод ва ҳатто барои дифоъ аз табаддулотгарон ба кӯчаву хиёбон набаромад. Ин охирин талоши тарафдорони ҳифзи империяи Шӯравӣ барои наҷоти он буд. Қаблан ҳам кӯшишҳое шуда буд, ки ҷараёнҳои истиқлолталабро саркӯб кунанд. Ба ҳамин далел, тазоҳуроти мардумӣ дар Душанбеву Боку ва Тифлису Вилнюсро ба хун кашонданд, вале кор дигар аз кор гузашта буд.”

Баъди нокомии ГКЧП шикасти Шӯравӣ суръат гирифт ва ҳамаи 15 ҷумҳуриаш паиҳам эъломияҳои истиқлолияти худро қабул карда, барои узвият ба Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат карданд. Баъди аз ҳайъати Шӯравӣ хориҷ шудани се ҷумҳурии славянӣ – Русия, Украина ва Беларус – президенти СССР Михаил Горбачёв рӯзи 25 декабри соли 1991 истеъфои худ аз ин мақом ва дигар ҳамчун кишвар аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравиро эълон кард.

XS
SM
MD
LG