Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказӣ "ба далели сармохӯрдагӣ" таҳти назорати пизишкон қарор гирифтааст. Дар ин бора рӯзи 11 октябр дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қазоқистон хабар дод.
Духтари президент Дариға Назарбоева, ки дар кабинаи собиқ мақоми ноиби нахуствазирро ишғол мекард, узви палати болоии порлумон ё Сенати Қазоқистон шуд.
Ин иттилоъ дар ҳоле нашр шуд, ки бино ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, як рӯз пеш Назарбоев дар маросими қабули эътимоднома аз сафирони кишварҳои хориҷӣ ҳузур дошта, ба шоҳи Урдун Абдуллои 2 ҷоизаи "барои дунёи бидуни аслиҳаи ҳастаӣ ва амнияти саросарӣ"-ро додааст. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки имсол бори аввал аст, хадамоти матбуоти Нурсултон Назарбоев аз беморӣ ва давраи дармони ӯ хабар медиҳад. Зимнан, рӯзи 13 октябр Нурсултон Назарбоев қарор аст дар нишасти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Ереван иштирок кунад.
Баъди беморӣ ва даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, дар аввали моҳи сентябри имсол ин хабар таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кардааст. Ислом Каримов рӯзи 2 сентябр дар 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт ва дар зодгоҳаш Самарқанд ба хок супурда шуд.
Хабари бемории Нурсултон Назарбоев дар ҳоле рӯ задааст, ки вай ахиран дар ҳайати ҳукуматаш тағйироти кадрӣ кард. Бино ба ин тағйирот, нахуствазири пешини Қазоқистон Карим Масимов раиси Кумитаи амнияти миллии он кишвар таъин шуда, ба ҷояш Бақитҷон Сағинтаев омад. Вазири дифоъ Имонгалӣ Тошмагамбетов ба мақоми ноиби нахуствазир таъин шуд ва ноиби ӯ Сакен Жасузаков вазири дифоъ шуд. Назарбоев, инчунин, вазири адлия Берик Имашевро то мақоми раиси Комиссияи марказии интихобот поин овард ва Марат Бекетаев, ноиби раиси дастгоҳи президентро ба ҷойи ӯ нишонд.
Духтари президент Дариға Назарбоева, ки дар кабинаи собиқ мақоми ноиби нахуствазирро ишғол мекард, узви палати болоии порлумон ё Сенати Қазоқистон шуд.
Нурсултон Назарбоев тобистони имсол ба синни 76 расидааст ва аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказӣ аст. Ӯ соли 1940 дар рустои Чемолғани вилояти Алма-Ато ба дунё омада, соли 1960 омӯзишгоҳи рақами 22-и шаҳри Днепродзержински Украина ва соли 1967 Донишкадаи саноатии назди комбинати металлургии шаҳри Қарағандаро хатм кардааст. Ӯ собиқаи кориашро дар ҳамин корхона оғоз карда, аз соли 1969 ба кори ҳизбӣ гузашт ва алакай соли 1979, дар синни ҳамагӣ 39-солагӣ котиби Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Қазоқистон ва соли 1984, дар синни 44 раиси Шӯрои вазирони Қазоқистон таъин шуд ва соли 1990 дар порлумон президенти ин ҷумҳурии ҳанӯз Шӯравӣ интихоб шуд.
Вай 1 декабри соли 1991 дар нахустин интихоботи саросарии раёсатҷумҳурии Қазоқистон, ки бидуни рақиб гузашт, бо касби 98,7 дарсади овозҳо пирӯз шуд. Соли 1995 замони раёсати ӯро тавассути як раъйпурсӣ тамдид карданд. Назарбоев ҳамин тавр, бо касби аксарияти кулли овозҳо дар интихоботҳои президентии солҳои 1999, 2005, 2010 ва 2015 ғолиб эълон шуд ва замони раёсаташро то соли 2020, ки ба синни 80 хоҳад расид, тамдид кардааст.
Дар соли 2010 Қазоқистон қонун дар бораи раисиҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони Элбаси – Пешвои миллат дода шуд.
Мунтақидонаш Назарбоевро ба он айбдор мекунанд, ки дар тақсими мансабҳои давлатӣ ба хешу табори худ, аз ҷумла ба фарзандону домодҳо ва ҷиянҳояш бартарӣ медиҳад ва шахсиятпарастиро дар Қазоқистон авҷ додааст. Дар бораи Назарбоев дар Қазоқистон садҳо китоб навишта шуда, моҳи апрели соли равон филми панҷум аз силсилафилми “Роҳи пешво” ба намоиш даромад. Ин силсилафилм роҳи зиндагии президенти Қазоқистонро аз овони кӯдакӣ то имрӯз қисса мекунад ва гуфта мешавад, серияҳои навбатиаш ҳанӯз дар роҳанд.
Назарбоев 3 духтар, 5 набера ва 8 абера дорад.