Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 миллион доллар ёрии Амрико ба марзбонҳои тоҷик. АКС, ВИДЕО


Раҳбарияти сафорати Амрико дар Душанбе рӯзи 11 май ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар маросими хосе ба маблағи 6 миллион доллар кумак карданд. Ин ёриҳо, аз ҷумла аз 15 мошин, таҷҳизоти иртиботӣ ва камераҳои гармидиҳӣ иборат аст, ки аз тарафи сафир Элизабет Миллард ба мақомоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тақдим шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Амрико ба марзбонҳои тоҷик ба маблағи 6 миллион $ кумак кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:19 0:00

Амрико дар 25 соли равобити дипломатиаш бо Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми 155 миллион доллар кумак кардааст.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки ин ёриҳо барои мубориза алайҳи қочоқчиёни маводи мухаддир дар марз заруранд. Вай бо ситоиш аз кори нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва муборизаи онҳо бо қочоқчиёну гурӯҳҳои экстремистӣ гуфт, ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар амри муқобила бо ин чолишҳои амниятӣ дар оянда ҳам бояд тақвият ёбад.

Элизабет Миллард
Элизабет Миллард

Элизабет Миллард гуфт, "ҳар як нафар медонад, ки таъсири маводи мухаддир ба тамоми кишварҳо фавқулода хатарбор аст. Маводи мухаддир боиси ба ҳам зада шудани иқтисод, саломатӣ ва низоми маориф мешавад. Маводи мухаддири муртабит бо терроризм метавонад, тамоми минтақаро бесубот кунад. Бо ҳамин далел, Амрико бовар дорад, ки талошҳои зиддитеррористии қавӣ дар Тоҷикистон метавонад, амнияти Осиёи Марказиро таъмин кунад."

Ба намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин маросим Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз ҳукумати Амрико барои тақдими ба гуфтааш "тӯҳфаи ҳақиқӣ" ва "саривақтӣ" ташаккур кард. Вай як бахши суханронии худро ба забони англисӣ ироа намуд ва гуфт, ёриҳои Амрико дар марҳилаи ҳассоси имрӯза аҳамияти хос пайдо мекунад.

Саймуъмин Ятимов ҳангоми суханронӣ. 11 майи 2017
Саймуъмин Ятимов ҳангоми суханронӣ. 11 майи 2017

Ятимов бо таъкид ба кумакҳои беғарази Амрико ба Тоҷикистон ва махсусан ба сарҳадбонони тоҷик дар даҳ соли охир гуфт, ҳукумати ин кишвар дар сохтани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва муҷаҳҳаз намудани нирӯҳои сарҳадӣ кумакҳои зиёд мекунад. Вай гуфт, ин ёриҳо на танҳо барои таъмини амнияти Тоҷикистон, балки тамоми минтақа муҳиманд. "Чунки Тоҷикистон бо давлати исломии Афғонистон дар ҳудуди зиёда аз 1400 километр марз дорад. Мо бовар дорем, воқеаҳоеро, ки имрӯз дар марзҳои мо мегузаранд, дар танҳоӣ пешгирӣ карда намешаванд", - афзуд ӯ.

Ишораи раиси КДАМ ба он буд, ки ду ҳафта зиёд аст, бархе аз гурӯҳҳои шӯришӣ қаламравҳоеро дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорат гирифта, даргириҳое миёни нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон бо шӯришиён ҳамоно идома дорад. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз оғоз гуфтаанд, ки марз таҳти назорат аст ва ҳеҷ нафар ё гурӯҳи шӯришие талоши убури марз бо Тоҷикистонро накардааст.

Дар маросими тақдими кумакҳо ба раҳбарияти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сафири Амрико аз ҷумла ба таври мухтасар таъкид кард, ки вақтҳои охир иҷрои баъзе тарҳҳои сафорат дар ин кишвар бо мушкилӣ пеш меравад. Элизабет Миллард гуфт, "Амрико мехоҳад ин ва дигар барномаҳои кумакаш дар Тоҷикистонро идома диҳад, ҳатто агар буҷааш каме ихтисор шудааст. Вале дар ин охирҳо мо дар амри ироаи кумакҳоямон дар бахшҳои дигар бо баъзе монеаҳо дучор мешавем. Умедвор ҳастем, ин саддҳо бекор карда шуда, кумак ба онҳое, ки ба ин ёриҳо ниёз доранд, ворид мешаванд."

Ҳарчанд дипломати баландпоя шарҳ надод, ки манзураш аз "монеа" ва саддҳо чист, як масъули сафорати ИМА дар Душанбе баъдан ба Радиои Озодӣ гуфт, сухан аз тарҳҳои марбут ба маориф меравад.

Ҷефф Райденаур – масъули бахши иттилооти сафорати Амрико – дар як шарҳи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "тавре сафир зикр намуданд, ҳукумати Амрико мехоҳад, минбаъд низ Тоҷикистонро дастгирӣ намояд, ҳатто дар ҳоли камбудии буҷаи давлат. Ӯ зикр кард, ки дар дигар соҳаҳои ҳамкорӣ мо ба мушкил дучор шудем. Масалан, бо монеаҳои бюрократӣ барои амалӣ кардани барномаҳои кумак дар соҳаи маориф. Ҳукумати Амрико мутмаин аст, ки маориф асоси рушди иқтисод ва суботи давлат аст."

Ҷефф Райденаур
Ҷефф Райденаур

Ин барои нахустин бор аст, ки дипломатҳои Амрико дар бораи вуҷуди монеаҳо дар амалисозии барномаҳояшон дар Тоҷикистон ҳарф мезананд. Амрико таъкид мекунад, ки дар давоми 25 соли ҳамкориҳои ду кишвар баъди касби истиқлолияти Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳида ба ин кишвар дар ҳаҷми умумиии 1,8 миллирад доллар кумак кардааст, ки аз маориф то кишоварзӣ ва таъмини амниятро дар бар мегирад.

XS
SM
MD
LG