Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаҳои афғон таҳдид карданд, ки роҳи Шерхонбандарро мебанданд. ВИДЕО


Ронандагони афғон аз Тоҷикистон виза талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди таҳдиди ронандаҳои афғон барои бастани гузаргоҳи Шерхонбандар дар Панҷи поён, роҳ боз аст ва мошинҳои боркаш баъд аз анҷоми расмиёт дохили Тоҷикистон мешаванд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки феълан дар гузаргоҳи марзӣ қарор дорад, рӯзи 20-уми апрел гуфт, "мушкилк нест ва мошинҳои боркашу сабукрав бе маҳдудият аз марз мегузаранд". Ӯ афзуд, "албатта, инҳо нафароне ҳастанд, ки виза доранд ва ҳаққи вуруд ба хоки Тоҷикистон барояшон дода шудааст".

Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, сабаби эътирози ронандагони афғон ба онҳо маълум нест.

Аз ин пештар гурӯҳе аз ронандагони афғон дар гузаргоҳи Шерхонбандар дар Панҷи поён ҷамъ омада ва гуфтанд, ки агар консули Тоҷикистон ба наздашон наояд, роҳи транзитӣ байни Тоҷикистону Покистонро мебанданд. Роҳе, ки аз шаҳри Кундузи Афғонистон мегузарад, як роҳи муҳим барои интиқоли молу коло аз Покистон ба Тоҷикистон аст.

Ин ронандаҳои мошинҳои боркаш талаб доранд, ки дарёфти визаи Тоҷикистон барояшон осон гардад, то битавонанд молу маҳсулотро тариқи комюнҳояшон аз Афғонистон ба кишвари ҳамсоя ворид кунанд.

Шаҳобиддин Бовар, яке аз масъулони созмони тоҷирони вилояти Кундузи Афғонистон, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи қатъи фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар ин вилоят ронандаҳои афғон наметавонанд, ба осонӣ визаи Тоҷикистонро дарёфт кунанд.

"Онҳо бояд визаи Тоҷикистонро аз сафорати ин кишвар дар шаҳри Кобул бигиранд. Дар гузашта консулгарӣ дар Кундуз ин визаро ба ронандаҳо ироа мекард. Аз сӯҳбатҳое, ки бо ронандаҳои афғон доштам, чунин бармеояд, ки онҳо қасд доранд дар сурати ҳал нашудани мушкили виза ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингардро масдуд кунанд. Ин дар ҳолест, ки тавассути ин роҳ анвои мухталифи маҳсулот, аз ҷумла сабзавот аз Покистон ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад", - афзуд ӯ.

Худи ронандагони афғон ҳам мегӯянд, сафар ба Кобул вақт металабад ва онҳо, ки умдатан ба интиқоли маҳсулоти зудвайроншаванда ба Тоҷикистон машғуланд, чунин имкониятро надоранд.

Консулгарии Тоҷикистон ба далоили амниятӣ ва пас аз вуруди ҷангҷӯёни Толибон ба минтақаҳои Кундуз баста шуда ва дубора ифтитоҳ нагардидааст. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, гуфт, "мо ба мақомоти Афғонистон расман гуфтем, ки то замоне дар онҷо амният таъмин нест, фаъолият кардан мушкил аст."

Аммо дипломатҳои тоҷик мегӯянд, сабаби эътирози ронандагони афғон ба онҳо маълум нест. Дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул рӯзи 20-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳеҷ яке аз ронандагоне, ки дар марзи Тоҷикистон эътироз доранд, ба онҳо муроҷиат накардааст. Сафири Тоҷикистон дар Кобул гуфт, "бо ин вуҷуд, қазияро бо ҷониби Афғонистон баррасӣ мекунем. Вазорати тиҷорат ва саноеи Афғонистон ба мо гуфт, ки онҳо низ аз ронандаҳо шикоят нагирифтаанд."

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон бо доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Фахриддин Тӯраев, як корманди дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳаракати мошинҳо аз Афғонистон онҳо ҳеҷ монеа эҷод накардаанд. Вай афзуд, агар мушкиле пайдо шуда бошад ҳам, ин саволро бояд ба Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол кард.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад, ки яке аз қаламравҳои мавриди таваҷҷӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир ва ҳам гурӯҳҳои силоҳбадаст аст. Солона дар ин марз даҳҳо ҳодисаҳои кӯшиши убури ғайриқонунии марз аз ҳарду тараф ба қайд гирифта мешавад.

Тайи солҳои ахир мақомоти тоҷик аз таҷаммӯи гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо вилоятҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон нигаронӣ доранд. Минтақаҳои шимоли Афғонистон дар чанд соли ахир саҳнаи даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии афғон ва гурӯҳи Толибон мебошад.

XS
SM
MD
LG