Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ду сӯи марз. Панҷи ноором "ром" мешавад


Қитъаи марзи ноҳияи Дарвоз дар сарҳад бо Афғонистон.
Қитъаи марзи ноҳияи Дарвоз дар сарҳад бо Афғонистон.

Ҳазорҳо сокини ду соҳили Панҷ дар вилоятҳои Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон бори аввал соҳиби замин барои кишти зироат шудаанд. Камбуди замин барои кишту парвариш дар ин манотиқи кӯҳиву сарҳадӣ то соли гузашта масъалаи бекориро дар ҳарду тарафи марз доғ нигоҳ медошт. Тарҳе, ки давоми панҷ сол амалӣ шуду ҳоло аз он ҳудудан 100 ҳазор нафар бадахшонии ҳарду тарафи марз баҳра мебаранд, шонси коҳиши мушкилоти иҷтимоии аҳолии маҳаллиро бештар мекунад.

Бо маблағгузории Бонки Осиёи Рушд то соли 2015 беш аз 10 ҳазор метр соҳили рӯди Панҷ аз самти Тоҷикистон ва 15 ҳазор метр аз самти

Бовар Акобиров умедвор аст, ки як порча замин рӯзии ӯву фарзандонашро таъмин ва аз зарурати кашидани машаққати муҳоҷирати корӣ озодаш мекунад

Афғонистон дар ҳудуди вилояти Бадахшон соҳилбандӣ шуда маҷрои об ҳам дигар карда шудааст. Дар паи соҳилбандӣ, ки дар умум панҷ солро дар бар гирифт, шохобҳои рӯди Панҷ маҷрояшонро дигар кард ва дар ду вилояти ҳаммарзу ҳамноми Бадахшон дар Тоҷикистон ва Афғонистон наздик ба 3 ҳазор гектар замини кишт афзуда шуд.

Аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ба кишоварзӣ дар ватан

Бовар Акобиров, сокини 46-солаи вилояти Бадахшони аз ин ҳисоб дар соҳили руди Панҷ соҳиби 1,5 гектар замин барои кишт шудааст. Имсол дар заминаш барои чорвои хонагӣ юнучқа кишт карда соли дигар тасмим дорад инҷоро ба як боғ табдил диҳад.

“Ин заминҳоро ҳамасола об мешуст ва аз дарунашон об мегузашт ва умуман истифода карда намешуд. Қисми асоси хоки ин замин шуста шудааст ва барои ҳамин имсол мо онро юнучқа кардем ва аз соли дигар имкони боғ кардан пайдо мешавад”, - гуфт Бовар Акобиров.

Бовар Акобиров ва бисёр ҳамдеҳагони дигари ӯ, ки дар марз бо Афғонистон ба сар мебарад, зиндагиро аз ҳисоби маблағе пеш мебаранд, ки аз муҳоҷирати мавсимӣ дар Русия ба даст меояд. Ин мард панҷ фарзанд дорад ва давоми умраш бори аввал аст, ки соҳиби ин миқдор замин мешавад. Ҳоло ӯ умедвор аст, ки як порча замин метавонад рӯзии ӯву фарзандонашро таъмин ва аз зарурати кашидани машаққати муҳоҷирати корӣ онҳоро озод мекунад.

Аксари қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистон кӯҳистон аст ва дар қиёс бо дигар минтақаҳо замини кишити хеле кам дорад. Қисмати зиёди заминҳои ҳамвори ин вилоят дар соҳили рӯди Панҷ қарор дорад, аммо бинобар обхезӣ ва ҷорӣ шудани шохобҳои ин рӯд, ба дохили заминҳои ҳамвор истифода бурдани онҳо ғайриимкон буд.

Барномаҳои соҳилбандӣ ҳанӯз анҷом нашудааст

Гулаёз Ниёзов, сардори Шӯъбаи кишоварзии ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон 10-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мустаҳкам кардани соҳили рӯдхонаҳо даҳҳо гектар замини кишт дар ҳудуди ин ноҳияро наҷот додааст. Ӯ гуфт, тибқи барномаи Бонки Осиёи Рушд беш аз сад гектар замини нав эҳё карданд. Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон низ барномаҳои соҳилбандӣ дар Бадахшонро афзоиш додааст, то заминҳои бештарро аз нобудӣ наҷот диҳанд

Рӯшон
Рӯшон

Ӯ гуфт: “Ҳоло агентии беҳдошти замин дар якҷоягӣ бо ҳукумати вилоят ба ин кор машғуланд. Мустаҳкам кардани соҳил маҷроро ба як низом медарорад. Яъне дарё ба ин тарафу он тараф намеравад ва ба як низом даромада, дигар ҷойҳоро намешӯяд. Дар Бадахшон сатҳи оби дарё баланд мешавад ва заминҳоро мешӯяд. Бо роҳи мустаҳкам кардани соҳил имконияти истифодабарии замин бештар шудааст. Заминҳои наздисоҳилӣ аз он ҷиҳати хубӣ доранд, ки онҳоро мешавад, обёрӣ кард”.

Ин масъули идораи кишоварзии ноҳияи Рӯшон мегӯяд, дар сурати анҷоми мустаҳкамкунии соҳилҳо дар оянда шонси эҳёи дубораи сесад гектар замини кишти дигар вуҷуд дорад.

Табдили силоҳ бо каланд

Ин тарҳи Бонки осиёи Рушд аз он сӯи мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон низ амалӣ мешавад. Шоҳ Валиуллоҳи Адиб, ки то соли гузашта раиси вилояти Бадахшони Афғонистон буд, 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, то шурӯи ноамниҳо дар ин минтақа дар соҳили рӯди Ому беш аз ҳазор гектар замин дар ин вилоят мавриди истифода қарор дода шуд. Ӯ гуфт, замин сокинони вилояти Бадахшони Афғонистонро соҳиби ҷои кор мекунад ва таваҷҷӯҳи онҳо ва ё пайвастани маҷбурии онҳо ба сафи гурӯҳҳои тундравро ва машғул шудан ба кочоқи маводи мухаддир мебандад.

Хоруғ - посгоҳи марзии Тоҷикистон дар марзи Афғонистон
Хоруғ - посгоҳи марзии Тоҷикистон дар марзи Афғонистон

Вай гуфт, ​“ин тарҳи хубе буд, ки мо дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон ва Бонки Осиёи Рушд амалӣ кардем. Пас аз ин дар улусволиҳои Шуғнону Дарвоз заминҳои нав пайдо шуд. Ҳар сол обхезиҳо садҳо гектар заминро мешуст. Танҳо мустаҳкам кардани соҳил сокинонро барои кор ба замин дилгарм мекунад”, - гуфт ин масъули собиқи вилояти Бадахшони Афғонистон.

Татяна Евстифева, як масъули Бонки осиёи Рушд дар Тоҷикистон гуфт, барои мустаҳкам кардани соҳили Панҷ давоми панҷ сол 22 миллион доллар сарф шудааст. Вай гуфт, дар баробари вилояти Бадахшон, вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳам як бахше аз ин барномаи соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз обехзиҳо буд.

Аммо ба гуфтаи масъулони Тоҷикистон ва Афғонистон ин тарҳ на ҳамаи он соҳилҳои хатарнокро садбандӣ кардааст ва ҳанӯз ҳам минтақаҳои хатарнок дар соҳили рӯдхонаи Панҷ боқист.

Вилояти Бадахшони Афғонистон ва Бадахшони Тоҷикистон марзи муштарак доранд ва ин ду вилоятро аз ҳам рӯди Панҷ ҷудо мекунад. Бар асари обхезӣ дар рӯди Панҷ ҳамасола даҳҳо гектар замини кишт дар ин ду вилоят осеб мебинад. Масъулон бар ин назаранд, ки дар сурати садбандии соҳили Панҷ ва ба як маҷро даровардани шохобҳои рудхона, даҳҳо гектра замин қобили истифода мешавад ва сокинони ду соҳил соҳиби ҷои кор мешаванд.

XS
SM
MD
LG