Аксари ронандагони тоҷику афғон бо далели фаъол шудани Толибон дар масири роҳи Қундуз то марзи Тоҷикистон ва эҳсоси ноамнӣ аз фаъолият даст кашидаанд. Нигаронии ронандаҳои тоҷик аз ноамнӣ дар ин масир дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми майи соли равон Толибон 16 мусофирро дар роҳи Қундуз қатл карданд. Сӯҳбат Ширинов, як ронандаи тоҷик, ки таи се соли охир аз марзи Покистон тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мекард, тайи як моҳи охир комилан аз сафар ба ин кишвар даст кашидааст. Ӯ мегӯяд, 6 моҳи пеш як ронандаи тоҷик дар ин масир дар паи ҳамлаи Толибон ба ҳалокат расид.
Ӯ гуфт: “Ин ронанда бо номи Абдунабӣ аз вилояти Суғд буд. Толибон ба мошинаш тир холӣ карданд ва мошинаш сӯхта худаш ҳалок шуд. Мо ҷанозаашро ба Хуҷанд равон кардем. Баъди ин як-ду бори дигар рафтем, ки он қадар роҳ тинҷ нест. Кӣ дигар ҷонашро дар хатар гузошта ба ин роҳ сафар мекунад? Ҳоло аз як тараф бор камтар шудааст, аз тарафи дигар роҳ хатарнок аст". Ноамн шудани роҳ танҳо мушкили ронандаҳои тоҷик нест, ки бо ин далел аз сафар ба Афғонистон худдорӣ мекунанд.
Саид Зуҳурулло, ронандаи собиқадори Афғонистон аст. Моҳе пеш ҳангоми интиқоли маҳсулот ба марзи Тоҷикистон гурӯҳи силоҳбадаст, ки ба иддаои ӯ Толибон ҳастанд, молҳояшро ғорат карданд. Ӯ мегӯяд, худаш ҷон ба саломат бурд, вале ҳоло аз ронандагӣ дар ин масир даст кашидааст. Ӯ гуфт: “Дар роҳ мебароянд. Чандин бор бо онҳо вохӯрдем. Ҳоло дигар молу колоро тариқи мошин бурда намешавад. Ҳам ғорат мекунанд ва ҳам қатлу куштор. Як гурӯҳи комилан пурхатар ҳастанд. Мо ба ҳукуматдорони худ муроҷиат кардем, ки пеши роҳи инҳоро бигиранд, ки тиҷорати тоҷирони афғон ба Тоҷикистон аз байн меравад".
Тоҷирон ва ронандаҳои афғон бо як мактуб ба ҳукумати ин кишвар дархости таъмини амнияташон дар ин шоҳроҳро кардаанд. Ҳоло танҳо ангуштшумор тоҷирони афғону эронӣ боқӣ мондаанд, ки таваккал ин масрирро убур мекунанд. Парвиз Шарипов, молики як ширкати боркашонӣ 14 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло чанд ронандаи эронӣ боқӣ мондааст, ки ин масирро убур мекунад ва тамоми ронандаҳои тоҷики онҳо аз убури ин роҳ даст кашидаанд.
Вай афзуд: “Аз тоҷикон ягон кас нест. Гоҳ-гоҳ агар аз ягон ширкати дигар наравад, аз ширкати мо дигар касе намеравад. Ҳоло борҳоро аз Эрон тариқи Афғонистон ронандаҳои эронӣ меоранд. Мо бештар тариқи Ӯзбакистон молу маҳсулот ворид мекунем.”
Шаҳобиддини Бовар, раиси гумруки Қундузи Афғонистон 14 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи эҷоди тарс интиқоли молу маҳсулот тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон 60 дар сад коҳиш ёфтааст: “То се моҳи пеш агар дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 50 мошини боркаш аз Афғонистон вориди Тоҷикистон мешуд, ҳоло ин ҳисоб ба 15-17 мошин дар як рӯз расидааст. Фикр мекунам, ки то амнияти ронандаҳо таъмин нашавад, ин вазъ идома хоҳад кард.”
Мақомоти Тоҷикистон низ коҳиши молу маҳсулот аз Афғонистонро ба далели даст ба ғоратгарӣ задани Толибон тасдиқ мекунанд. Як ҳамсӯҳбати мо аз намояндагии Хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон гуфт, “дар маҷмӯъ воридоти мол аз Афғонистон дар се моҳи ахир беш аз 48 ҳазор тонна дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 100 ҳазор тонна аз Афғонистон молу маҳсулот ворид шудааст.” Тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон аслан аз бандарҳои Покистону Эрон меваҳои субтропикӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти хурокворӣ ворид мешавад. Роҳ тариқи Афғонистон аз бандарҳои Эрону Покистон ба Тоҷикистон наздик аст, аммо бинобар далолили амниятӣ аксаран тоҷирон роҳи дарозтарро тариқи Туркманистону Ӯзбакистон интихоб мекунанд.