Таҳдидҳои амниятӣ ба Тоҷикистон зоҳиран баҳсу баррасии роҳҳои бурунрафт аз мушкилоти иқтисодӣ дар ин кишваррро зери соя бурдааст.
Ҳоло масъулони сохторҳои гуногун хеле кам дар бораи роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодӣ сӯҳбат мекунанд ва дар лаби аксар сӯҳбат аз “ҳифзи сулҳу субот ва таҳдиди хатарҳо ба амният” аст.
Паёми Президент: “13 бор - вожаи "экстремизм" ва танҳо 3 дафъа - вожаи "амнияти иқтисодӣ”
Шумурдани вожаҳо аз паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ӯ дар бораи “эктремизму хатари ифротгароӣ” бештар аз “амнияти озуқаворию бӯҳрони молиявӣ” сӯҳбат кардааст.
Дар ин паём панҷ бор вожаи “бӯҳрони молиявӣ” ва се бор “амнияти озуқаворӣ” зикр шудааст, аммо дар ин баробар 13 бор вожаи “эктремизм” ва нӯҳ бор вожаи “хатар” дар баробари “ифротгароиву сулҳу субот” истифода шудааст. Президенти Тоҷикистон ҳам бештар ба “ҳӯшёрии сиёсӣ” таъкид кард ва ҳеҷ ҳарфи нав ва ё чорае дар баробари бӯҳрони молиявӣ ба забон наовард.
Парлумони Тоҷикистон низ давоми чанд моҳи ахир даҳҳо лоиҳаи қонунҳоеро баррасӣ кард, ки бештар ба вазъи амниятӣ нигаронида мешаванд. Ин дар ҳолест, ҳоло қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ поин меравад, қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон боло меравад ва сафи бекорон дар пасманзари ихроҷу бӯҳрон дар худи Русия афзоиш меёбад.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, амнияти сиёсӣ бо амнияти иқтисодӣ як заниҷри бо ҳам печидаанд, яке бе дигаре наметавонад дароз пойбарҷо бошад. Ӯ мегӯяд: “Заминаи асосии амнияти сиёсӣ рушди иқтисодӣ аст. Бояд як сатҳи муайяни тарақиёти иқтисодӣ бошад, ки субот ва вазъияти сиёсиро метавон нигаҳ дошт. Мутаасифона, то ҳол фаҳмиши фарогир дар Осиёи Миёна дида намешавад. Дар мо гурӯҳҳои ислоҳтгар дар сатҳи ҳукумат дида намешавад. Модели иқтисодие, ки мо дорем, модели хуб танҳо то солҳои 2000-ум буд. Ин модели мо, ки дорем ва такя ба нерӯи кор дар Русия мекард, аллакай кӯҳан шудааст ва онро бояд дигар кард. Аммо дар мо нишонаҳои ҷиддие дар ин самт дида намешавад.”
“Вақте амният аст, иқтисод мешавад”
Дар пайи бӯҳрони молиявӣ даромади Тоҷикистон аз ҳисоби пули муҳоҷирон, ки ҳудуди 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод, дар қиёс ба соли гузашта ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфтааст ва ду маҳсулоти аслии содиротии Тоҷикистон - пахта ва алюминий -се сол боз дар бозори ҷаҳонӣ нархи поин доранд.
Собир Вазиров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ҳоло чандин барномаҳои зидди бӯҳронӣ дар Тоҷикистон таҳия шудааст, аммо ба назар мерасад, ки бинобар камбуди кадрҳо амалишавии онҳо ба дарозо мекашад. Ӯ мегӯяд, Академияи илмҳои Тоҷикистон барномаи рушди иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон то солҳои 2030-ум ва ҳукумат Нақшаи зидди бӯҳронӣ таҳия кардаанд, вале ба назар мерасад, ки дар самти амали кардани ин барномаҳо мутахассисон намерасанд.
Ӯ гуфт: “Мо аслан мушкили кадрӣ дар соҳаи иқтисодӣ дорем. Агар мушкили кадрии мо ҳал шавад, он гаҳ аз ҳисоби манбаҳои ақлии худ истифода мекунем, ки он сабаби рушди иқтисодиамон мешавад. Таваҷҷӯҳ кардан ба рушди инсонӣ ва пешравии иқтисоди иноватсиониро ба миён меорад. Дар ин самт бояд чораҳои миёнамӯҳлат андешида шавад. Мебинем, ки ҳоло хориҷ шудани ақлҳо ва кадрҳо аз кишвар ба назар мерасанд. Онҳое ба хориҷа рафтанд, ки мағз доштанд ва барои кишвари мо муҳим буданд.”
Ин коршинос мегӯяд, бо ин вуҷуд, вақте амният ва сулҳу субот пойдор бошад, ҳатман иқтисод рушд хоҳад кард.
Латифзода: “Маводи озуқа ба воситаи таъсиррасонии сиёсӣ табдил шудааст”
Аммо Рустам Латифзода, вакили парлумон ва раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон мегӯяд, дар шароите, ки ҷаҳон гирифтори бӯҳрони молиявист, ҳеҷ имкон надорад, ба масъалаҳои иқтисодӣ таваҷҷӯҳ нашавад. Ба гуфтаи ӯ, парлумон дар баробари баррасии қонунҳои амниятӣ қонунҳои марбут ба танзими иқтисодиётро низ баррасӣ мекунад, вале зоҳиран ин қонунҳо дар расонаҳо чандон инъикос намеёбанд.
Рустам Латифзода гуфт: “ Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ мо лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар бораи тухмипарварӣ, заминсозӣ, ҳосилхезгардонии замин, чарогоҳҳо ва дигарро ҳоло ба хотири беҳбудии соҳаи кишоварзӣ аз сари нав таҳия кардаем. Ин фикр ғалат аст, ки ба амнияти иқтисодӣ аҳамият дода намешавад. Дар масъалаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти соҳа низ пешниҳодҳо ҳаст. Моҳи март дар сатҳи парлумон Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ баррасӣ мегардад. Мо бояд на камтар аз 70 дар сад талаботи мардуми кишварро бо маводи озуқаи истеҳсоли дохилӣ таъмин кунем.”
Ҳоло дар Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гурӯҳҳои тундрав фаъол ва ба марзҳои Тоҷикистон наздик мешаванд. Тоҷикистон дар марз нерӯҳоро таҳким мебахшад ва дар дохил низ зуд-зуд тадбирҳои амниятӣ анедшида мешавад. Аммо дар баробари бекорӣ ва боло рафтани нархҳо зоҳиран талошҳои чашмрасе, ки дар бахши амният дида мешаванд, ба назар намерасанд.