Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистони соли 2030 дар тасвири Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21 июн дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд гуфт, таҳияи як зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар ҳадафи олии стратегии ҳукумати ӯ барои 15 соли оянда боқӣ мемонад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳияи як зиндагии шоиста барои мардум, ба гурӯҳи кишварҳои “миёнадаромади сатҳи миёна” даровардани Тоҷикистон, пурра аз байн бурдани фақри шадид, ду маротибаи дигар коҳиш додани сатҳи фақр ва аз 22 фоизи кунунӣ ба 50 дарсад расондани ҳиссаи синфи миёна дар таркиби аҳолии Тоҷикистонро аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии ҳукумати худ барои 15 соли оянда номид.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфт, “мо дар 15 соли оянда саҳми соҳаи саноатро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас зиёд карда, Тоҷикистонро аз кишвари аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил хоҳем дод. Сохтори содиротро аз содироти ашёи хом бештар ба содироти молу маҳсулоти тайёр мубаддал мегардонем.”

Ба бовари раисиҷумҳур, то соли 2030 иқтидори энергетикии солонаи кишвар қариб 3 маротиба боло бурда шуда, аз 17 то 45 миллиард киловатт – соат расонад хоҳад шуд. Ба ин тартиб, дар соли 2030 Тоҷикистон бояд аз лимити барқ, ки ҳоло дар ҳар фасли сармо то 3 миллиард киловат-соатро ташкил медиҳад, халос шавад.

Гузашта аз ин, Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид аст, ки дар соли 2013 Тоҷикистон “содироти нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла КАСА-1000 то 10 миллиард киловатт - соат афзун гардонем ва ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон икдомоти заруриро роҳандозӣ намоем.”

Оқои Раҳмон ба ин манзур бартарӣ додан ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ дар иқтисод ва барои ин соддаву осон гардонидани низоми андозбандиву савдо, дастгирии давлатӣ, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ ва аз байн бурдани монеаҳои сунъиро зарур шумурда, мубориза бо фасодро як калиди дигар барои даст ёфтан ба ин барномаи пуриддаои рушди кишвар худ хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба аъзои Шӯрои миллии рушд ваъда супурд, ки Тоҷикистон дар 15 соли оянда “аз рӯи нишондиҳандаи индекси рушди инсонӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ ворид хоҳад шуд” ва ба ҷои 12 фоизи кунунӣ 50 фолизи кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Ба бовари раисиҷумҳур, то соли 2030 бояд тамоми аҳолии баркамоли Тоҷикистон соҳиби маълумоти миёна ва дастикам 50 дарсади аҳолӣ соҳиби маълумоти олӣ шавад. Ӯ ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки “дар 15 соли оянда дарозумрии миёнаро то 80 сол расонида, фавти модару кӯдакро то сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ коҳиш медиҳем.”

Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа ба ҳукумат ва вазоратҳои марбута дастур дод, ки тарҳи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2016-2020 таҳия кунанд.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, бо бо ҳудуди 8 миллиард доллар маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонааш аз нигоҳи иқтисодӣ заифтарин кишвари Шӯравии собиқ ба шумор меравад. Маоши миёна дар ин кишвар ҳудуди 860 сомонӣ, ё тақрибан 110 доллар, ва ҳаҷми иқтисод ба ҳар сари аҳолиаш дар сол 900 долларро ташкил медиҳад, ки ҳарду пойинтарин натиҷаҳо дар байни кишварҳои Шӯравии собиқанд.

Тоҷикистон ҳар фасли сармо то 6 моҳ ба лимити шадиди нирӯи барқ рӯбарӯ мешавад ва ба аҳолии манотиқи рустоияш дар шабонарӯз ҳамагӣ аз 5 то 8 соат барқ медиҳанд. Бино ба омори расмӣ, 31 дарсад ё ҳар нафари сеюм дар Тоҷикистон дар зери хатти фақр, яъне бо камтар аз ду доллар даромади рӯзона ба сари ҳар узви хонаводааш ба сар мебарад. Ҳудуди 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол ба ҷустуҷӯи кор ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд.

Стратегияи нави рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2030 ҷойгузини Стратегияи рушди кишвар барои солҳои 2007-2015 хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон то 73,5 сол боло рафтани синни миёнаи умр, аз 53 то 32 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи фақр, бунёди 1600 корхонаи наву 200 пул, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, хатҳои интиқоли барқи “Ҷануб - Шимол”, “Лолазор - Хатлон” ва “Хуҷанд – Айнӣ”-ро аз ҷумлаи дастовардҳои кишвараш дар тӯли солҳои иҷрои Стратегияи қаблӣ номид.

Вале ӯ эътироф кард, ки “омилҳои берунӣ ва баъзе мушкилоти ҷойдошта барои иҷрои пурраи тадбирҳо ва нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои стратегӣ монеа эҷод карданд." Эмомалӣ Раҳмон бӯҳрони солҳои 2008-2009 ва 2014-2015, коҳиши суръати рушди шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ва ҳамчунин "норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон, дастрасии нокифоя ба оби ошомиданӣ, вобастагии аз ҳад зиёди иқтисодиёт аз воридот, истифодаи нопурраи захираву имкониятҳои мавҷуда ва сифати нокифояи хизматрасониҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ"-ро аз ҷумлаи чунин омилҳо ном бурд.

XS
SM
MD
LG