Зеро ба қавли ӯ дохили мусофирбари хатсайри рақами 22 (Донишгоҳи омӯзгорӣ – маҳаллаи 102), ки ҳар субҳу нисфирӯзӣ аз ҳамин мусофирбар истифода мекунад, пуродам ва бенизом аст. Муҳаммад ҳамчунин меафзояд: «Бо вуҷуди он, ки хизматрасонии мусофирбари рақами 22 ба талабот ҷавобгӯ нест, ба болои ин, муносибат бо мусофирон дар сатҳи паст буда, дар ин мусофирбар ба ҷои 15 нафар то 30 нафар мегиранд».
Аз хизматрасонии мусофирбари рақами 22 натанҳо мусоҳиби мо Муҳаммад, балки даҳҳо мусофири дигар низ шикоят мекунанд, ки наздик ба 90 дарсади онҳо донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгориву тиббиянд.
Аксари онҳо мегӯянд, аз кори ронандаҳо дар ин масир ба дод омадаанд. Яке аз онҳо -- Сайёра ҳарчанд борҳо ба худ ваъда додаст, ки дигар ба он савор намешавад, илоҷи дигар надорад: «Тими хатсайри мазкурро қариб аз нисф зиёд ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз тарзи муносибату рафтори онҳо маълум мешавад, ки ҳеҷ мактаби одобу муоширатро нагузаштаанд. Забони гуфтори онҳо ниҳоят дағал аст, дашномҳои болохонадор, мусиқии баланд, ҷангу ҷанҷол. Барояшон тамоман муҳим нест, ки иззату эҳтироми аз худ калонро ба ҷо овардан шарт аст».
Барои таҳқиқи ин мушкил ва шикояти сокинон мо ҳам соате мусофири хатсайри рақами 22 шуда, аз назди Кохи Борбад то Донишгоҳи омӯзгорӣ рафтем. Дар дохили он ҷои нишаст набуд ва ман низ дар қатори чанд мусофири дигар рост истодам. Аз он ки вориди ин мусофирбар шудам, пушаймон гаштам. Зеро баракси ваъдаи пулчинак, ки мусофиронро бовар мекунонд, дар истгоҳи навбатӣ ҷои нишаст пайдо мешавад, ҷо ёфт нашуд ва мо то охирин истгоҳ рост истодам. Болои ин ҳама садои баланди мусиқӣ ва тарзи мошинронии ронандани тахминан 20-25 сола, ки мусофиронро сахт ба ҳар тараф такон медод, ҳамаро асабонӣ мекард. Баъд аз лаҳзае ҷанҷоле сари бақияи роҳкиро ба миён омад. Ба мусофирон бақияи пули онҳо дода нашуд ва аксаран дархости онҳо барои бозгирифтани ҳаққи худ дар ҳаво монд.
Дилшода, яке аз мусофирони ин хатсайр, ки то охирин истгоҳ бақияи худро интизор буд, низ дигар тоқат надошт ва ҳаққи худро талаб кард. Вале ба ҷои 30 дирам бақияи худ танҳо садои баланди пулчинакро шунид, ки мегуфт роҳкиро 1 сомонӣ аст. Ва ҳамин ҷавоб буд, ки Дилшода бидуни гирифтани бақия аз мусофирбар берун шавад. Аммо чунин муносибати дурушт бо дигар мусофирон идома дошт, аз ҷумла бо ман: «бақияи маро намедиҳед? Чанд сомонӣ буд? 1 сомонӣ. Бояд ба ман 30 дирам бақия диҳед. Чихел бақия, роҳкиро 1 сомонӣ? Чӣ хел 1 сомонӣ, дар дохили мусофирбар 70 дирам навишта шудааст. Не, роҳкиро 1 сомонӣ».
Ба сӯҳбати мо ронанда низ ҳамроҳ шуда, мехост гӯяд, ки роҳкиро 1 сомонӣ аст, вале ман бо якравӣ ҳаққи худро талаб кардам. Масъалаи роҳкиро ҳарчанд аз ҷониби шаҳрдорӣ 70 дирам муқаррар шудаст, дар ин хатсайр ба хости дили ронанда ҳал мешавад. Як мусофири дигари ин хатсайр ки донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ буда худашро Акбаралӣ муаррифӣ кард, аз тафриқаандозии ронандаҳо дар миёни мусофирон нигаронӣ кард: «Дар дохили маршрутка ҷой нест аммо дар пеши ронанда ду ҷой ҳаст вақте мегӯям, ки ман онҷо мешинам мегӯянд, ки инҷо банд аст. Ин ҷо барои янгаат аст».
Дар ҳамин ҳол аксари ронандаҳо ва пулчинакҳои микроавтобуси рақами 22 баръакс мусофиронро гунаҳкор медонанд. Онҳо мегӯянд, мусофиронро маҷбуран дохили худрав намекунанд, балки худи мусофирон бо вуҷуди пур будани мусофирбар онро нигоҳ медоранд ва ворид мешаванд.
Як ронандаи мусофирбари рақами 22, ки чаҳор соли ахир дар ин хатсайр ронандагӣ мекунад, бидуни бурдани номаш дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт: «Мо дарро кушода мемонем худашон мешинанд, саҳар ба дарс дер мекунем гуфта, пур ҳам бошад, мешинанд. Мо чӣ кор кунем? Дар хатсайри мо фақат «Газел» аст, дигар намуди мусофирбар бошад, харҷашро намепӯшонад. Роҳкиро ҳар хел аст. Чанд сӯме, ки диҳанд, мо ҳеҷ чиз намегӯем».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Гулмаҳмад Насибов, муовини директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-2», ки хатсайри рақами 22-ро танзим мекунад, то ҳанӯз касе дар ин бобат ба онҳо шикоят накардааст. Ва дар посух ба шикояти мусофирон аз шеваи бархӯрди пулчинакҳо ва ронандани мусофирбар гуфт, ронандаҳои ин хатсайр ҷавон ҳам бошанд, ҳамагӣ ҳуҷҷати ронандагӣ доранд. Аммо ин ҳамсӯҳбати мо, моҷароҳои марбут ба бақияи роҳкироро рад накард ва онро ба камбуди танга пайванд дод.
Ҷаноби Насибов афзуд: «Роҳкиро 70 дирам аст, мо ҳам ҳар рӯз таъкид мекунем, ки бақияҳо дода шавад. Вале бештари маврид танга пайдо намешавад, ки бақияи мусофиронро диҳанд. Ба ҳар ҳол ба қадри лозими касе талаб кунад бақияи ӯро медиҳанд. Ёфтани бақия аз ҳисоби танга барои мо мушкил аст. Аз сӯи дигар, албатта аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон ҷой дорад. Ин мушкил дар ҳолатҳои часпип (соатҳои равуои бештар) рух медиҳад. Баъди соати 9 ёфтани мусофир душвор аст».
Абуҳалим Маҷидов, масъули равобит бо ҷомеа ва ВАО-и ширкати «Душанбенақлиётхадамотрасон», мегӯяд нархи роҳкиро барои мусофирони мусофиркашҳо дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе муқаррар карда шуда, барои мусофирони хатсайри рақами 22 ҳафтод дирам муайян гаштааст. Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳарчанд баъзе аз мусофирон фарҳанги талаби ҳаққи худро надоранд, ронандаҳо низ дар ин сурат аз бетаваҷҷӯҳии онҳо ба ин кор истифода карда, ба хотири пур кардани ҷайби худ, аз роияи мусофиркашонӣ чашм мепӯшанд.
Ба гуфтаи масъулони ширкати «Душанбенақлиётхадамотрасон», ки ҳаракати мусофиркашҳоро дар пойтахт танзим мекунад, дар пайи гузаронидани як рейди муштарак аз 15 то 31 январи соли ҷорӣ миёни мусофирбарҳо, 7 ҳазор қоидавайронкунӣ сабт шудааст, ки аксари ин ҳолатҳо теъдоди беш аз ҳадди мусофирон будааст.