Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барф резаду... нарх хезад (ВИДЕО)


Сардии ахир ва резиши барф дар пойтахти Тоҷикистон баҳонаи наве барои афзоиши роҳкиро аз сӯи ронандаҳо шудааст.

Дар ҳоле ки қимати роҳкиро дар микроавтобусҳо вобаста ба масофаи ҳаракат дар ҷодаҳои Душанбе аз 80 дирам то 1 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст, бархе ронандагони мусофирбарҳо бо баҳонаи мушкил шудани ҳаракат дар ҷодаҳои пурбарф аз мусофирон то 3 сомонӣ роҳкиро талаб мекунанд.

Ин амали, ба гуфтаи мусофирон, "ғайриқонунӣ", боиси нигаронии сокинони пойтахт шудааст. Нишонаи Ҷумъа, як сокини Душанбе мегӯяд, ҳар субҳ аз кӯчаи Маяковский то истгоҳи «Хонаи матбуот» бо 1 сомонӣ меомад, аммо ин субҳ натавонист аз 3 сомонии додааш аз ронанда бақия бигирад. Ронанда дар ҷавоб
Нишонаи Ҷумъа.
Нишонаи Ҷумъа.
гуфтааст, ки пас аз ду истгоҳ наметавонад, бақияи пулашро талаб кунад: «3 сомонӣ дароз кардам, дидам, ки бақияи пуламро намедиҳад, баъд гуфтам, ки бақияи маро намедиҳед, ӯ гуфт, ки наметавонам аз ӯ бақияи пулро талаб кунам. Ҳамин Ҳундай-старексҳо, ки рақами 13 аст, рақами давлатияш 87 71. Роҳкиро ҳаррӯз 1 сомонӣ буд, имрӯз - 3 сомонӣ».

Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори шаҳрдорӣ, маршруткаҳо ё мусофирбарони хурд дар сурати тай кардани 9 километри роҳ бояд аз мусофирон 80 дирам бигиранд ва агар масири роҳ 18 километрро дарбар бигирад, бояд 1 сомониву 60 дирам пардохт шавад.

Вале то имрӯз ин тартиботро на ҳамаи ронандагони маршруткаҳо риоя мекунанд ва худсарона аз мардум ба ҷои 80 дирам 1 сомонӣ ва ба ҷои 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ мегиранд. Акнун бориши барф ва сарди дар кӯчаҳо баҳона шудааст, ки роҳкиро то ба 3 сомонӣ бирасад.

Холиса, мусофири дигар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ронандаҳо аз сардии ҳаво ва резиши пуршидати барф сӯъиистифода мекунанд: «Ин ба фоидаи онҳост, роҳ вазнин асту ину он гуфта, ба ҷои 1 сомонӣ 2 сомонӣ ва ба ҷои 2 , 3 сомонӣ мегиранд».

Ҳамзамон бо бориши барф баъзе ронандагони таксӣ нархро боло бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим


Дар ҳамин ҳол, Насим, як ронандаи хатсайри 13 дар сӯҳбат бо Озодӣ боло бурдани роҳкиро аз сӯи бархе ронандаҳоро ғайриқонунӣ номид ва гуфт, худи ӯ бо ҳамон нархи муқаррарӣ, яъне 1 сомонӣ, мусофир мекашонад: «Мумкин онҳое ки рақами қайди давлатии мошинашон сафед бошад, онҳо 2 ё 3 сомонӣ мегирифта бошанд. Аммо ман бо 1 сомонӣ ҳар рӯз кор карда истодаам. Рақамҳои мо ки зард аст, наметавонем, аз пеши худ роҳкироро боло барем.»


Хадамоти давлатии назорати нақлиёти шаҳр низ дар пайи шикоятҳои мардум аз шаҳрвандон хостааст, то ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои худ фаъолтар бошанд. Масъулони ин ниҳод мегӯянд:: «Мо телефонҳои боварӣ дорем. Шаҳрвандон метавонанд арзу шикоятҳои худро ба мо расонанд. Мо дар раёсат китоби махсус дорем, ки арзу шикояти шаҳрвандонро сабт карда нисбати ронандаҳое ки чунин қоидаро вайрон мекунанд, тибқи қонунҳои амалкунанда ҷораҷӯӣ мекунем.»

Тибқи маълумоти обуҳавосанҷҳои кишвар аз 16 то 18-уми декабр дар Тоҷикистон боридани барф пешгуи шуда дар назар аст ки ҳарорат дар ин рўзҳо 8-10 дараҷа сард шавад.

Қатъи парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе

Боришоти барфи зиёд боиси тавқифи парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон шудааст. Бинобар боришоти пайвастаи барф ва ҳавои абрӣ аз субҳи имрӯз то соати 19 парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Душанбе манъ шудааст.

Ҳошим Ятимов, сардори шӯъбаи ҳолатҳои фаврии вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ба иллати ҳавои номусоидии об ва рехтани барфу фаромаданги туман парвози ҳавопаймоҳо муваққатан қатъ карда шудааст.
Ҷаноби Ятимов афзуд, ки дурии биниш дар хатти парвози фурудгоҳ ҳамагӣ 200 метр шудааст ва аз ин рӯ, ба хотири бехатарии парвозҳо тамоми парвозҳо чӣ ба хаттисайрҳои хориҷиву чӣ дохилӣ масдуд карда шуд.

Ҷаноби Ятимов мегӯяд, агар вазъ то соати 19 беҳбуд наёбад, парвози ҳавопаймоҳо то замони беҳтар шудани вазъи обу ҳаво боз ба таъхир меафтад.

Оқои Ятимов аммо гуфт, боришоти барф ба фаъолияти танҳо фурудгоҳи Душанбе таъсир гузоштааст ва дар ҳоли ҳозир фурудгоҳҳои Хуҷанду Кӯлоб ба сурати маъмул фаъолият доранд.

Хабарнигорони Озодӣ мегӯянд, боришоти зиёд ба равуои нақлиёт дар ҷодаҳои пойтахт низ мушкили зиёд эҷод кардааст.

Ин наворро хабарнигори Озодӣ субҳи 16 декабр дар ағбаи Чормағзак бардоштааст:

Бориши барф дар ағбаи Чормағзак
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00
XS
SM
MD
LG