Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи пахши мусиқии сиёсӣ ва зидди ахлоқӣ дар нақлиёти ҳамагонӣ (ВИДЕО)


Масъулони ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯянд, мусиқие, ки дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ пахш мешавад, бояд зидди ахлоқ, қонун ва ҳукумат набошад.

Фирдавсӣ Саидов, сардори ширкати «Душанбенақлиётхадамотрасон», муассисаи давлатие, ки ба интиқоли аҳолии пойтахти кишвар машғул аст, гуфт, қарори шаҳрдорӣ дар бораи танзими пахши мусиқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз фардо, яъне шанбеи 11 январ мавриди иҷро қарор мегирад. Раҳбари ин муассисаи давлатӣ афзуд, бар асоси қарори мазкур корхонаҳои нақлиётӣ бо ронандаҳо қарордод мебандад, то онҳо одоби истифодаи мусиқиро дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ риоя кунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ бо баргузории рейдҳои муштарак истифодаи мусиқӣ дар нақлиёти ҷамъиятии мусофирбарро тафтиш мекунанд. Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом, «на танҳо танзими пахши мусиқии ғайриахлоқӣ, балки мусиқии зидди тарбиявӣ ва зидди ҳукуматӣ аст. Ҳамчунин, набояд дар дохили нақлиёти мусофирбар мусиқиҳо мазмуни сиёсидошта пахш карда шавад. Мусиқие, ки пахш мешавад, бояд ба қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон зидд набошад. Ҳастанд баъзе мусиқиҳое, ки дар студияҳои ғайриқонунӣ сабт мешавад, ки дар он суханҳои қабеҳ истифода мешаванд».

Фирдавсӣ Саидов, сардори ширкати «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Фирдавсӣ Саидов, сардори ширкати «Душанбенақлиётхадамотрасон».
Мақомот мегӯянд, мақсад манъ кардани "рэп" ва "рок" дар дохили мусофирбарҳо нест, балки танзими мусиқиҳоест, ки дар он суханҳои қабеҳ ва ғайриахлоқӣ истифода мешавад ва он метавонад, ба фарҳанги тоҷикон таҳдид кунад. Фирдавсӣ Саидов афзуд, ки дар асоси қарори шаҳрдорӣ раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе навор ё диске омода хоҳад кард, ки дар он талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои дахлдор барои амният дар роҳ сабт мегардад ва нусхааш ба ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дода мешавад.

Аммо иддае аз ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ ба ин иқдоми шаҳрдорӣ мухолифанд. Онҳо мегӯянд, худашон соҳибмулк ҳастанд ва пахши мусиқӣ дар дохили нақлиёти онҳо бо хоҳиши худашон сурат мегирад. Абдураҳмон, як ронандаи нақлиёти мусофирбар гуфт: «Мошин мошини ман аст. Ман мусофир мекашам. Лекин гӯш кардани кадом як навъи мусиқӣ ин барои ман кайфият мебахшад. Чаро ман гӯш накунам?».

Танзими пахши мусиқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз сӯи шаҳрдори Душанбе дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки миёни ҷомеа баҳсе дар сари оҳангҳои гӯшхарош ва амри маъруфи руҳониён дар нақлиёти ом идома дорад. Каримҷон, як сокини пойтахт, ки ҳамеша аз нақлиёти мусофирбар истифода мекунад, пахши сурудҳои бемаънӣ, аз ҷумла рэпҳои мазмунаш дағал ва сурудҳои бевазну қофияро дар дохили нақлиёт қабул надорад. Вай бо истиқбол аз чунин як қарори шаҳрдорӣ гуфт: «Дар аввал дар бисёри нақлиётҳо радио мемонанд ин хуб аст, чунки дар радио алакай суруди бемаънӣ пахш намешавад. Вале гоҳҳо дар маршруткаҳо мешинӣ, як сурудҳое пахш мешавад, ки чизеро намефаҳмӣ».

Мақомот борҳо пахши чунин мусиқӣ ва мавъизаҳои диниро манъ карда буданд. Ҳарчанд дар қарори ахири шаҳрдорӣ шеваи муҷозоти ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ барои пахши мусиқии «нодуруст» рӯшан нест, як масъули ин ниҳод гуфт, ронандаҳое дар доираи ин тасмими шаҳрдорӣ қарордод имзо мекунад, дар ҳолати риоя накардани он тибқи кодески ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Зимнан, ду сол пеш низ мақомот барои ҷилавгирӣ аз мусиқии гӯшхарош ва хориҷии барои сокинон номаҳфум фиттаҳоеро омода ва дастраси ронандагон карда буданд. Аммо ин талош натиҷае надода буд ва сабаби қарори нави шаҳрдории Душанбе гашт.

Пахши мусиқии гӯшхарош дар нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG