Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Туркия


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҳарду бозии дӯстона аз тими миллии Туркия шикаст хӯрд. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Яловаи Туркия баргузор шуд.

Дар бозии аввали ин дастаҳо, ки 22 феврал барпо гардид, мизбонон бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд. Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) нимаи аввали дидор бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Вале дар нимаи дувуми бозӣ дастаи Туркия бартарӣ дошт ва дар натиҷа бо ҳисоби 5:4 ғолиб омад. Дар ин бозӣ ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Некрӯз Алимаҳмадов ба ҳадаф расонд. Меҳрубон Тиллозода ва Хуршед Маҳмудов якголӣ заданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар ибтидои бозии аввал чунин буд: Фирӯз Бекмуродов – Раҳмоналӣ Шарифов, Дилшод Саломов, Мансур Эргашев (капитан), Меҳрубон Тиллозода.

Бозии дувуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Туркия ва Тоҷикистон 23 феврал доир шуд. Ин бозӣ ҳам бо пирӯзии мунтахаби Туркия бо ҳисоби 3:2 ба поён расид. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Хуршед Маҳмудов ва Умед Мирзораҳимов заданд.

Ба иттилои Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои дӯстона бо тими миллии Туркия дар доираи омодагии футболбозони тоҷик ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё-2018 дар минтақаи Марказӣ, ки аз 13 то 22 октябри соли равон барпо мегардад, доир шуданд.

XS
SM
MD
LG