Мақомоти Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ҳарфи "Ц" дубора ба алифбои забони тоҷикӣ ворид карда шавад. Онҳо гуфтаанд, ин ҳарф ҳангоми навиштани калимаҳои иқтибосӣ, номи маҳалҳо ва афрод истифода хоҳад шуд. Сайфиддин Мирзоев – мудири бахши забони тоҷикӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон – рӯзи 8 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло тарҳи баргардондани ҳарфи "Ц" дар баррасии коршиносон аст.
Ҳукумат хулосаи коршиносонро интизор аст
Соли 1989 бо талоши зиёиёну рӯшанфикрони тоҷик қонуни забони тоҷикӣ қабул ва забони тоҷикӣ – бар ивази забони русӣ забони давлатӣ эълон шуд.
Ӯ гуфт, "ин ҳарф барои забони тоҷикӣ чандон бегона нест ва дар гузашта дар забони тоҷикии форсӣ мавриди истифода буд. Пажӯҳишгоҳи мо аз пешниҳод ҷонибдорӣ мекунад." Сайфиддин Мирзоев гуфт, баъд аз ирсоли хулосаи онҳо қарори ҳукумат дар ин бора дар зудтарин фурсат ироа мешавад.
Тоҷикистон чанд сол пеш ҳарфҳои "Ц", "Щ", "Ы" ва "Ь"-ро аз алифбои забони тоҷикӣ ҳазф карда, шумораи ҳарфҳоро аз 39-тои даврони Шӯравӣ то 35 поин овард. Аммо Мирзоев мегӯяд, ҳоло фақат масъалаи баргардондани ҳарфи "Ц" ба алифбои забони тоҷикӣ матраҳ аст ва тақдири се ҳарфи дигари "рондашуда" ҳанӯз маълум нест.
"Социалист" - сотсиалист ё сосиалист?
Баъд аз ҳазфи "Ц" дар навиштани калимаҳое ба мисли "социалист" ва "цирк" нофаҳмӣ ба миён омад. Мақомот дар қоидаи имлои забони тоҷикӣ гуфтаанд, ки ҳарфи "Ц" дар миёни ду садонок "ТС" ва дар ғайри сурат "С" навишта хоҳад шуд. Аммо барои мисол баъзе афрод "социалист"-ро "сотсиалист" ва гурӯҳи дигар "сосиалист" менависанд. Инчунин, табдили номи "Pizza" ба "Питзо" (Пицца) дар бинои меҳмонхонаи "Азия Гранд Ҳотел"-и Душанбе дар соли 2014 баҳсҳои дунболадореро ба вуҷуд оварда буд.
Имлои забони тоҷикӣ дар даврони истиқлоли кишвар ду дафъа – дар солҳои 1998 ва 2011 – таҳрир шудааст. Қоидаи охирини имлои забони тоҷикӣ моҳи октябри соли 2011 аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Сайфиддин Мирзоев, мудири бахши забони тоҷикӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, мероси хаттӣ ва шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, забон падидаест, ки пайваста дар атрофи он баҳсҳо сурат мегиранд. "Ин баҳсҳо дар солҳои Шӯравӣ ҳам буд ва солҳои баъдӣ низ пайдо мешаванд", - афзуд ӯ.
Аммо на ҳама аз забоншиносони тоҷик барои баргардондани ҳарфи "Ц" ба алифбои забони тоҷикӣ мувофиқанд. Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси тоҷик, рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тағйири қоидаҳои пайдарҳами имлои забони тоҷикӣ мардумро бо душвориҳои навишт ва талаффузи калимаҳо рӯ ба рӯ мекунад.
"Дар солҳои 90-ум ҳангоми ҳазфи бархе аз ҳарфҳо ман ба унвони узви кумитаи забон ва истилоҳот хомӯширо ихтиёр кардам. Чун далел оварда буданд, ки дар забони тоҷикӣ ҳеҷ калимае бо ҳарфи "ц" ташаккул наёфтааст. Пас, чаро ҳоло дубора онро мехоҳанд ба алифбои забони тоҷикӣ баргардонанд? Ман мухолифи чунин тағйироти пайдарҳами қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳастам", - таъкид кард ӯ.
Бозгашт ба хатти форсӣ - роҳи ҳал?
Гурӯҳи дигари равшанфикрон мушкилро маҳз дар хатти сириллик арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ки бозгашт ба хатти ниёкон метавонад ҳамаи ин баҳсҳоро дар они воҳид аз байн барад ва наслҳои баъдиро аз назари шинохти матнҳои классикии тоҷикиву форсӣ босаводтар кунад. Мухолифон ё мунаққидони бозгашт ба хатти форсӣ мегӯянд, дар шароити кунунӣ Тоҷикистон ва мардумаш омода нест, ки аз кириллӣ даст кашад, чун ҳамчунон дар они воҳид мардуми зиёд бесавод мешаванд. Ин баҳсҳо гоҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам мекӯчанд.
Соли 1989 бо талоши зиёиёну рӯшанфикрони тоҷик қонуни забони тоҷикӣ қабул ва забони тоҷикӣ – бар ивази забони русӣ забони давлатӣ эълон шуд. Ин як муборизаи муҳим дар ҷараёни шинохти миллии мардуми тоҷик буд ва роҳро ба таҳаввулоти дигари сиёсӣ боз кард. Ҳоло бисёре аз нозирон мегӯянд, аз он солҳо то имрӯз зоҳиран шумори корбарони забони тоҷикӣ ва донандагони забони давлатӣ аз ҳисоби миллатҳои ғайр афзоиш ёфтааст ва дар миёни рӯшанфикрон – ғолибан рӯзноманигорону фаъолони ҷамъиятӣ марҳилаи дигари ин баҳсҳо – кӯшиши танзими имлои он мушоҳида мешавад.