Эраҷ Боев, раиси Конгресси халқҳои эронӣ, мегӯяд, барои сокинони маҳаллӣ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия давраҳои омӯзиши хатту забони форсӣ таъсис додааст. Ин давраҳои омӯзишӣ аз моҳи март то октябр давом хоҳанд кард ва ба гуфтаи масъулаш, дар тӯли ин давра алоқамандони забон ва фарҳанги форсӣ метавонанд ба ин забон ошноии умумӣ пайдо карда, дар поёнаш ба форсӣ бароҳат сӯҳбат кунанд.
Эраҷ Боев рӯзи 16 феврал дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз таъсиси давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Нижний Новгород аз тариқи омӯзиши забону дастовардҳои фарҳангии халқҳои форсизабон ноил шудан ба ҳусни таҳаммули бештари сокинони маҳаллии Русия нисбат ба мардуми омад, аз ҷумла нисбат ба муҳоҷирони тоҷик аст.
Эраҷ Бегиҷонович Боев соли 1982 дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон аз падари тоҷик ва модари рус ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 90 дар Нижний Новгород ба сар мебарад. Эраҷ Боев соли 2004 риштаи таърихи Донишгоҳи омӯзгории Нижний Новгород ва сипас аспирантураи ин мактаби олиро хатм карда, феълан мудири осорхонаи “Динамо”-ст. Ӯ ҳамзамон дар риштаи эроншиносӣ машғули таҳқиқоти илмист ва раҳбари Конгресси халқҳои эронӣ, як созмони ҷамъиятиест, ки ӯ якҷо бо ҳамфикрони ба забону таърих ва фарҳанги халқҳои форсизабон алоқамандаш таъсис додааст.
Радиои Озодӣ: Давраҳои омӯзиши забони форсӣ дар Нижний Новгород кай шурӯъ мешавад?
Эраҷ Боев: Барнома алакай шурӯъ шудааст ва мо алакай ба таъсиси гурӯҳҳои аввалин сар кардаем. Дарсҳо то як моҳи дигар сар мешаванд.
Радиои Озодӣ: Хоҳишмандон зиёданд?
Эраҷ Боев: Хоҳишмандон ба қадри кофӣ зиёданд. Алакай то имрӯз ҳудуди 40 нафар барои омӯхтани забони форсӣ дар давраҳои омӯзишии мо дархост додаанд. Вале дархостҳо ҳамчунон омада истодаанд.
Радиои Озодӣ: Ин давраҳои омӯзишӣ бепуланд?
Эраҷ Боев: Комилан бепуланд ва мо ин давраҳои омӯзиширо ҳам дар шакли дистансионӣ ва ҳам дар шакли дарсу сӯҳбатҳои рӯбарӯ доир мекунем. Ин ҳама ба сурати маҷҷонӣ анҷом мешавад, то ки ҳар нафаре, ки ба омӯхтани хатту забони форсӣ алоқа дорад, ин имконро дошта бошад.
Радиои Озодӣ: Пас пули ин барномаро кӣ медиҳад?
Эраҷ Боев: Касе барои ин пул намедиҳад, вале шарики мо дар ин барнома Донишгоҳи Ал-Мустафои Эрон аст, ки устодонаш аз тариқи дистансионӣ ба шогирдони давраҳои омӯзишии мо дарси забони форсӣ хоҳанд дод.
Радиои Озодӣ: Ҳадаф аз таъсиси ин давраҳои омӯзишӣ чист?
Эраҷ Боев: Пеш аз ҳама додани як тасаввурот дар бораи забони форсӣ ба алоқамандони хориҷист. Дар мавриди мо сухан дар бораи сокинони русзабони Нижний Новгород меравад, ки метавонанд аз тариқи ин давраҳои омӯзишӣ дар бораи забон, хат ва имлои забони форсӣ ва ҳамчунин дар бораи фарҳанги халқҳои форсизабон як тасаввуроти умумӣ ҳосил кунанд. Дар ин давраҳои омӯзишӣ дар баробари забони форсӣ ба шогирдон дар бораи таъриху фарҳанги ҳамаи халқҳои форсизабон низ маълумоти кофӣ дода хоҳад шуд.
Радиои Озодӣ: Оё метавон гуфт, ки аз тариқи таълими забону фарҳанг шумо мехоҳед ба як навъ ҳусни таҳаммули бештари мардуми маҳаллии Русия нисбат ба халқҳои дигар, аз ҷумла халқҳои форсизабон ноил шавед?
Эраҷ Боев: Албатта. Чунки ба ақидаи мо, калиди дарки гуногунрангии фарҳангӣ маҳз донистани забон аст. Ба халқҳоит форсизабон нафақат эрониҳо, балки ҳамчунин тоҷикҳо ва халқҳои форсизабони Афғонистон ҳам шомил мешаванд ва як ҳадафи барномаи мо таблиғи дӯстии халқҳо ва ҳамзистии фарҳангии мардуми Русия бо намояндагони ин халқҳост.
Радиои Озодӣ: Мешавад чанд сухан дар бораи худи Конгресс бигӯед?
Эраҷ Боев: Гап сари он аст, ки созмони мо Конгресс халқҳои эронӣ ном дорад, нафақат халқҳои форсизабон. Ҳадафи мо мусоидат ба рушди забону фарҳанг ва суннатҳои халқҳоест, ки бо забонҳои эронӣ сӯҳбат мекунанд. Халқҳои эронӣ нафақат эрониҳову тоҷикҳо, балки ҳамчунин қавмҳое, чун балуҷҳо, толишҳо, паштуҳо, курдҳо ва осетинҳоро дар бар мегирад. Ва мо ба ҳамоиши фарҳангии байни ин қавмҳо ва бо вижагиҳои забониву фарҳангии онҳо ошно кардани сокинони Русия низ машғулем.
Радиои Озодӣ: Тарҷумаи ҳоли Шумо низ хеле ҷолиб аст. То ҷое ман шунидам, Шумо дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба дунё омадаед. Дуруст аст?
Эраҷ Боев: Бале, ман дар ноҳияи Рашт дида ба ҷаҳон кушодаам. Падари ман тоҷик ва модарам рус аст ва аз ин рӯ, ман метавонам худамро намояндаи ду фарҳанг биномам. Ман ба ин ақида ҳастам, ки тоҷикҳо ва халқҳои славянӣ аз лиҳози фарҳангӣ ва аз нигоҳи асл хеле ба ҳам наздиканд. Ва мо мехоҳем ба сокинони Русия умумиятҳо ва муштаракоти фарҳангиву забонии халқҳои славян бо тоҷикҳову дигар халқҳои эрониро бифаҳмонем. Талқини ин муштаракот ба сӯди дӯстии халқҳои мост.
Радиои Озодӣ: Ин умумиятҳо дар чӣ зоҳир мешаванд?
Эраҷ Боев: Аз ҷумла дар калимаҳои зиёде дар забони русӣ, ки решаашон аз забони тоҷикиву форсист. Ба мисли “топор”, ки ҳамон “табар”-и тоҷикист. Ё “чемодан”, ки ҳамон “ҷомадон” аст. Ҳатто калимаи “Бог” (Худо)-и русӣ низ решаи ҳинду эронӣ дорад.
Радиои Озодӣ: Оё Шумо нақшаи таъсиси давраҳои омӯзиши забони тоҷикиро дар Нижний Новгород ҳам доред?
Эраҷ Боев: Ҳатман! Давраҳои омӯзишии забони форсӣ танҳо барномаи аввали мо дар масъалаи омӯзиши забонҳост. Дар оянда мо нақшаи таъсиси давраҳои вижаи омӯзиши забони тоҷикиро ҳам дорем. Ин давраҳо ҳам барои сокинони маҳаллист ва ҳам барои фарзандони муҳоҷироне, ки дар қаламрави вилояти Нижний Новгород кору зиндагӣ мекунанд. Ҳадаф ин барнома, ки омодагӣ ба он алакай шурӯъ шудааст, аст, ки фарзандони муҳоҷирон бо вуҷуди дурӣ ва ҷудоӣ аз муҳити забону фарҳанги тоҷикӣ забони модарии худро фаромӯш накунанд.