Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хатои ЗАГС Мумтозу волидонашро аз роҳ гардонд


Мумтоз бо модараш - Шаҳноз Комилзода
Мумтоз бо модараш - Шаҳноз Комилзода

Бархе аз сокинон мегӯянд, ки хатоҳои дар назари аввал хурду реза, ба мисли сабт шудани ҷинси "мард" ба ҷои "зан" ё тағйир ёфтани ягон ҳарфи ном барояшон дарди сарҳои зиёде овардааст.

Ба ҷойи "зан" "мард" сабт шудани ҷинси Мумтози нӯҳсола дар шаҳодатномаи таваллудаш нақшаи волидони ӯро барои сафар ба хориҷ ба ҳам зад. Баъдан, барои ислоҳи ин ғалати имлоӣ волидони Мумтоз камобеш чор моҳ овора шудаанд.

Шаҳноз Комилзода, модари Мумтоз, рӯзи 27 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин иштибоҳ солҳо боз дар шаҳодатномаи таваллуди духтараш вуҷуд дошта, аммо то замони сафар ба хориҷа аз он огоҳӣ наёфта буданд. "Қасди сафар барои истироҳатро доштем. Ҳангоми гирифтани шиноснома мутахассисон ба мо гуфтанд, ки дар шаҳодатнома ҷинси духтарам "мард" навишта шудааст ва бояд ислоҳ шавад," – гуфт ӯ.

Ба гуфти хонум Комилзода, як ғалат, ки аз бетаваҷҷуҳиву бедиққатии масъулин рух додааст, натанҳо истироҳати хонавода ва як моҳи муарххасии ӯро аз байн бурд, балки барояшон дарди сарҳое низ овард. Ӯ гуфт, ҳатто аз онҳо талаб шудааст, то ташхиси пизишкӣ-додгоҳӣ кунанд, ки воқеан Мумтоз духтар аст, ё писар? Шаҳноз Комилзода мегӯяд, масъулони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) бо таваҷҷуҳ ба номи Мумтоз, ки дар бархе аз маҳаллҳо барои номидани писарон ҳам ба кор меравад, бидуни санҷидани ҳуҷҷатҳои дигар ӯро чун "мард" сабт кардаанд.

Навиштани “мард” ба ҷои “зан”, “узбак” ба ҷои “тоҷик” ва “Абдупаттох” ба ҷои “Абдулфаттоҳ” ҳар рӯз чанд нафарро пушти дари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебарад. Ғалатҳои зоҳиран хурду реза дар санадҳои расмӣ, мисли шаҳодатномаи таваллуд дар бисёр маврид соҳибони онро ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ карда, нақшаҳояшон нақш бар об мекунад.

Як хатои ЗАГС Мумтозу волидонашро аз сафар боздошт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00

Чунончи камбуди як ҳарфи "л" дар номи хонаводагии "Абдулоев", наздик буд, ки фарзанди Қиёмидин Абдуллоев, як шаҳрванди кишварро аз таҳсил дар донишгоҳи бонуфузи Русия маҳрум бикунад. Қиёмиддин Абдуллоев мегӯяд, “дар шаҳодатнома насабам бо як "л" навишта шудааст. Дар аттестати писарам насабаш бо ду "л" омадааст. Ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳи Русия ба вай мушкил эҷод карданд. Ӯ қариб буд, ки қабул нашавад. Вале ман, ки ҳамин донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карда будаму муаллимон мешинохтанд, коре карда дар шаш моҳ ин иштибоҳро ислоҳ кардем,” – нақл кард ӯ.

Ҷалолиддин Раҳимов
Ҷалолиддин Раҳимов

Ҷалолиддин Раҳимов - муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мегӯяд, ки дар робита ба сабтҳои иштибоҳии санадҳо омори дақиқ надоранд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, сабаби роҳ ёфтани иштибоҳот дар санадҳои шиносоии расмӣ, ироаи маълумоти нодуруст аз сӯи шаҳрвандон ва таҳияву судури санадҳо ба дасти кормандони рустабор ва ё узбакизабон будааст.

Ӯ гуфт, "барои мисол, вақте шаҳодатнома аз сӯи мардуми миллати дигар пур карда мешавад, ҳарфи “ф”-ро “п” менависанд, ё агар рус бошанд, номро тавре менависанд, ки талаффуз мекунанд. Барои мисол, Шоҳидов не, Шахидов."

Санҷишҳои Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар мақомоти маҳалии кишвар ҳам муайян кардааст, ки дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, махсусан дар навиштани шаҳодатномаҳо барои кӯдакон ғалатҳои чашмрас кам нест. Ба кумитаи мазкур ҳам сокиноне муроҷиат мекунанд, ки дар санади ҳувияташон иштибоҳ роҳ ёфтааст.

Саодатшоҳ Матробиён
Саодатшоҳ Матробиён

Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт: “Як сабаб ин аст, ки дар шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бархе аз афроди бехабар аз қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ кор мекунанд. Тахассуси онҳое, ки ба сабти шаҳодатномаҳо сару кор доранд, бояд филологияи тоҷик бошад, аммо мебинем, аксари онҳо ҳуқуқшинос ё муттахассиси соҳаи дигар ҳастанд.”

Масъулини сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳам Кумитаи забону истилоҳот бо итминон мегӯянд, бо таҳия ва қабули феҳристи номҳои тоҷикӣ, ки имлои дурусти ҳар номро барои кормандони ин ниҳодҳо муқаррар мекунад, иштибоҳот дар санадҳои шиносоии расмӣ камтар хоҳад шуд. Як ҳадафи таҳияи ин феҳрист ҳам аз байн бурдани ғалат дар ному насаби сокинон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG