Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Давлатзода аз таъйини Рустами Эмомалӣ (ВИДЕО)


Эмомалӣ Раҳмон моҳи январ Рустами Эмомалиро раиси шаҳри Душанбе таъйин кард.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи январ Рустами Эмомалиро раиси шаҳри Душанбе таъйин кард.

Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хизмати давлатии Тоҷикистон, рӯзи 6 феврал бо ҳимоят аз таъйини Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Душанбе, гуфт, зимни қабули ин қарор тамоми муқаррароти қонун риоят шудааст.

Ҷумъа Давлатов рӯзи 6-уми феврал зимни нишасти хабарӣ ба суоли хабарнигорон дар мавриди Рустами Эмомалӣ, гуфт, ки таъини ӯ ба ҷойи Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба қонунгузории кишвар мухолифат надорад. Вай афзуд, Рустами Эмомалӣ, се донишгоҳи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷиро хатм кардааст ва ба чанд забон ҳарф мезанад.

Ҷумъа Давлатов гуфт, фарзанди раиси ҷумҳур ҳам мисли дигар шаҳрвандон ҳаққи кор кардан дорад.
Ҷумъа Давлатов гуфт, фарзанди раиси ҷумҳур ҳам мисли дигар шаҳрвандон ҳаққи кор кардан дорад.

“Рӯзҳои нахустини фаъолияти Рустами Эмомалӣ собит карданд, ки вай аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа мебарояд. Дар мавриди фаъолияташ дар вазифаи директори Оҷонсии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод низ камбудие сурат нагирифтааст. Тибқи қонунгузорӣ раҳбарони шаҳру навоҳӣ дар се сол як маротиба барои такмили ихтисос даъват мешаванд ва раиси шаҳри Душанберо ҳам ба ин давраҳои омӯзишӣ даъват мекунем” – гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январ, писараш Рустами Эмомалиро раиси шаҳри Душанбе таъйин кард. Ӯ дар гузашта, дар Кумитаи гумрук ва Оҷонси мубориза бо фасод ҳам кор кардааст.

Иддаоҳои минтақагароӣ дар ҳукумат

Ҷумъа Давлатзода иддаоҳо дар бораи минтақагароӣ зимни таъйини афрод ба мақомҳои ҳукуматиро рад кард ва гуфт, бар хилофи пиндори мардум, ки мегӯянд, аксари мақомдорон аз вилояти Хатлон ҳастанд, бештари намояндагони ҳукумат аз шимол мебошанд. Ҳоло аз шимол 186 нафар ва аз ҷунуб Тоҷикистон 137 нафар мақомҳои раҳбарикунандаи давлатиро ишғол мекунанд,. Ба гуфтаи ӯ, теъдоди намояндагони Бадахшон ва навоҳии тобеи марказ ҳам дар соли гузашта дар сохторҳои ҳукуматӣ бештар шуд.

Давлатов: "Таъйини Рустами Эмомалӣ қонунӣ аст" (ВИДЕО)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Масъалаи минтақагароӣ ва рушди нобаробари манотиқи Тоҷикистон ҳамеша ва ҳатто замони шӯравӣ ҳам матраҳ буд. Аммо мунтақидони ҳукумати феълӣ мегӯянд, ки президент вазоратҳои калидиро ба афроди мавриди эътимоди худаш додааст, ки умдатан аз як минтақа ҳастанд.

Неъматулло Мирсаидов, шореҳи масоили сиёсӣ рӯзи 6-уми феврал дар шарҳи баёнияҳои изҳороти Ҷумъа Давлатзода дар бораи таркиби намояндагони минтақаҳо дар шохаҳои ҳукумат гуфт, ки зоҳиран сиёсати кадрии раҳбарияти кишвар тағйир меёбад.

Неъмат Мирсаидов
Неъмат Мирсаидов

“Агар сиёсати кадрӣ тағйир ёфта, адолати иҷтимоӣ пойдор шавад, кори хуб аст. Фикр мекунам, эътирозе, ки дар робита ба сиёсати кадрӣ дар қаъри ҷомеа вуҷуд дораду ба чашм намехӯрад, дар пайи чунин тағйирот метавонад аз байн равад. “- гуфт Неъматулло Мирсаидов ва афзуд, дар ин сурат дар ҷомеа қаноатмандӣ пайдо мешавад ва “агар кадрҳои лаёқатманд дар вазифаҳои мухталифи давлатӣ кор кунанд, ба суди Тоҷикистон хоҳад буд.”

Зодгоҳ муҳим нест

Дар ҳар як вазифа нафаре кор кунад, ки аз ӯҳдаи он баромада метавонад.

Раҳмон Ӯлмасов, ҷомеашиноси тоҷик низ бар ин назар аст, ки кадрҳои соҳибтаҷриба новобаста аз зодгоҳу минтақа, бояд ба вазифаҳои мухталиф интихоб шаванд.

”Тарафдори он ҳастам, ки дар ҳар як вазифа нафаре кор кунад, ки аз ӯҳдаи он баромада метавонад. Новобаста аз минтақаву ноҳияи таваллуд. Ҳоло замони гузариш аст ва замоне фаро мерасад, ки ба вазифаҳои давлатӣ танҳо нафароне ба кор ҷалб мешаванд, ки соҳиби тахассус ҳастанду метавонанд ин вазифаҳоро ба хубӣ анҷом диҳанд”- гуфт ӯ.

Парҳез аз кор дар идораҳои давлатӣ

Аммо айни замон Ҷумъа Давлатзода иқрор кард, ки на ҳама дар Тоҷикистон ва аз ҷумла афроди шоиста ҳозиранд, дар идораҳои давлатӣ кор кунанд. Музди ками кор яке аз сабабҳои аслии аз кори давлатӣ парҳез кардани ҷавонон будааст. Ба гуфтаи Ҷумъа Давлатзода, соли гузашта беш аз 5 ҳазор нафар барои 3 ҳазор ҷойи кор дар идораҳои давлатӣ ариза додаанд, аммо дар баъзе аз озмунҳо барои кор дар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ касе ҳам муроҷиат накардааст.

Дар даҳсолаҳои ахир садҳо ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил карда ва таҷриба андӯхтанд, аммо бинобар маоши ками Тоҷикистон онҳо кор дар хориҷро тарҷеҳ медиҳанд ва ба ватан ҳамчун меҳмон сафар мекунанд. Коршиносон мегӯянд, ки ҳукумат бояд ин нерӯро истифода барад ва ҷойҳои кориро бо маоши дуруст барои таҳсилкардаҳо дар хориҷ ҷаззобтар кунад.

XS
SM
MD
LG