Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент, ки давоми чор соли охир кадрҳоро омода мекард, ҳоло дар амри татбиқи сиёсати “ҷавонгароӣ”-и ҳукумат аз пайи тарбияи раҳбарони лаёқатманд шудааст. Ин кадрҳо бояд баъдан дар сохторҳои идории кишвар бо кор таъмин шаванд. Арзёбиҳои расмӣ мегӯяд, аз миёни хизматчиёни давлатӣ ҳоло 44 дарсад кадри ҷавон будааст. Тасмими ахири таъини Рустами Эмомалии 29-сола ба мақоми шаҳрдори Душанберо ҳам мақомот бахше аз сиёсати ҷавонгароии ҳукумат арзёбӣ карданд. Аммо суоле, ки дар зеҳни бархе халқ мешавад, ин аст, ки то куҷо барномаи тарбияи ҷавонҳои лаёқатманду боистеъдод бо насли марбут ба элитаи Тоҷикистон маҳдуд намешавад?
Мақомот ҳоло дар амри татбиқи сиёсати "ҷавонгароии" ҳукумат, аз пайи тарбияи раҳбарони лаёқатманд шудаанд.
Лутфия Абдулхолиқзода, раҳбари Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент, бовар дорад, ки давраҳои омӯзишии раҳбарони ҷавону лаёқатманд, тарзу усули муосири идоракунии давлатиро таълим хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, “модулҳои таълимӣ барои тайёр кардани ин раҳбарон ба тасвиб расидаанд” ва шурӯъ аз баҳори имсол дарсҳои аввал оғоз мешаванд. Вай таъкид кард, ки вижагии ин дарсҳо дар интихоби баргузидаҳо аз назари лаёқату донишу истеъдод мешавад.
Ҳомидхон Нуриддинов, муовини раиси Донишкадаи идоракунии давлатӣ таъкид мекунад, ки дар интихоби раҳбарони оянда такя ба донишҳои қавӣ ва малакаҳои раҳбарии номзадҳо карда мешавад. “Онҳо бояд аз худ сар карда серталаб бошанд. Масъулиятшинос будан барои хизматчии давлатӣ хеле муҳим аст. Ҳамчунин онҳо бояд эҷодкору ташаббускор бошанд. Одоби хуби муносибату муоширатро доро бошанд, таҳаммулпазиру бо мардум хушмуомила бошанд.”
Ба гуфтаи ӯ, як пурсиш собит кардааст, ки аз миёни 100 дарсади ҷавонҳои корманди сохторҳои давлатӣ 40 садашон аз ҳамкорони бузургсоли худ аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва донишҳҳои замонавӣ, аз ҷумла донистани забони англисӣ, бартарӣ доштаанд. Ба саволи ин, ки шеваи интихоби ҷавонҳои болаёқат аз рӯи кадом муқаррарот сурат мегирад, масъулон гуфтанд, феҳрасти ин ҷавонҳо тавассути мақомоти маҳаллӣ ба дасти онҳо мерасад ва онҳо ҳар ҷавонро имтиҳон карда, ба дарс қабул мекунанд.
Соли 2017-ро ҳукумати Тоҷикистон аз тағйироти калидӣ дар бархе сохторҳои муҳими давлатӣ шурӯъ кард ва яке аз ҳодисаҳои хабарсоз ба раҳбарии шаҳрдории Душанбе омадани Рустами Эмомалӣ шуд. Писари калонии 29-солаи президент аз мақоми раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия ба ин вазифа гузашт ва тими зердастонашро ҳам нав кард. Дар зеҳни онҳое, ки ба ин таъйинот назари интиқодӣ доранд, оё ҷавонҳои дигар ҳам барои касби мақом дар курсиҳои муҳими давлатӣ шонс доранд?
Чӣ бояд меъёр бошад?
Таҳлилгари тоҷик Сайфулло Муллоҷонов оғози тағйирот ва рӯ овардан ба кадрҳои ҷавонро як падидаи умедворкунанда номид. Аммо ба андешаи ӯ, раҳбарони ҷавон бояд аз рӯйи меъёрҳои муҳими мисли корсолорӣ, таҷрибаву дониш, на аз рӯи меъёрҳои “рафиқӣ” ва ё “хешутборӣ”, интихоб шаванд.
“Ноозмудаву коршикаста интихоб кардани раҳбари ҷавон метавонад системаи идорӣ ва ҷомеаро ба мушкил дучор кунад. Як донишманди аврупоӣ, ки дар сохтори идорӣ соҳибандеша аст, мегӯяд, вақте як одам дар ҷойи худаш нест, тамоми зердастонш бекоранд. Чун наметавонд корро дуруст ба маҷро дарорад. Раванди ҷавоншавии ниҳодҳои идорӣ дуруст аст, фақат бояд меъёрҳои зиёде ба инобат гирифта шавад”,-гуфт ин таҳлилгари тоҷик.
Сайфулло Муллоҷонов афзуд, ки ҳоло ҳунару лаёқати тими нави раҳбарони ҷавони шаҳрдории Душанберо «вақт нишон медиҳад».
Бе "пушту паноҳ" мансаб гирифтан мушкил аст?
Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки дар интихоби кадрҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ мушкилоте мисли маҳалгароиву хешутаборчигӣ ва вуҷуди таҷрибаи интихоби ношаффоф мушоҳида мешавад ва роҳ ёфтани ҷавони босалиқаву арзанда бидуни «пушту паноҳ» ба ин сохторҳо амри мушкил аст.
Таҳлилгар Рустам Гулов мегӯяд, ба тағйироти бунёдӣ дар ин самт бовар надорад. Вай аз рӯи мушоҳидаҳои худ гуфт, ҷавонҳои донишманду ихтисосманд, аксаран дар канор мемонанд ва ба мансабҳои давлатӣ роҳ намеёбанд: “Кадом як ҷавони дар ҳақиқат болаёқат ва профессионал соҳиби мақоми баланд шудааст? Ман шахсан интизор нестам, ки як тағйироти куллӣ ба миён ояд. Шояд як-ду нафар сари мансаб меояд, як-ду нафар меравад, аммо тағйироти куллӣ дар гумон аст.”
«Ҷавонгароӣ фантазия нест»
44 дар сади мақомҳои синнашон ҷавон аксаран дар курсиҳои муовини раисони шаҳру навоҳӣ ва ё сардори идораву раёсатҳо фаъолият доранд. Бархе аз онҳое, ки аз зинаҳои кори давлат гузаштаанд, мегӯяд, аксарият дар бораи сиёсати ҳукумат назари иштибоҳӣ доранд ва дар асл қадрдонии ҷавонҳои болаёқат воқеият аст, на тахайюл.
Аббос Саидмӯъминзодаи 35-сола ҳам яке аз ин ҷавонон аст. Ӯ 6 моҳи қабл ба ҳайси муовини раиси ноҳияи калонтарини шаҳр - Сино ба кор шурӯъ кард. Вай мегӯяд, ки карйераро аз як муттахассиси оддии пешбар дар собиқ Кумитаи ҷавонон шурӯъ карда дар идораи сиёсати иҷтимоӣ, баъдан дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамчун мудири бахши ҷавонон идома додааст. Баъдан як сол дар донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди президен таҳсил карда соли 2014 ба ҳайси сардори раёсати ҷавонон вазиш ва сайёҳӣ ба кор шурӯъ кард. "Тамоми зинаҳоро бо талоши худ гузаштам. Роҳкушоӣ аз кордониву ақлу заковати худи шахс вобаста аст", - таъкид кард Аббос. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳеҷ хеш ё муттакое надошт, ки барои кори ӯ дар сохтори ҳукумат сабаб шуда бошад.
Дар гузашта президенти Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо сокинони кишвар борҳо ҷавонҳои фаъолу рӯшанфикр ва аз назари ӯ болаёқатро аз миёни издиҳоми мардум шинохта, дар шурӯи карераи онҳо дар ҳукумат сабаб шудааст. Вале коршиносон мегӯянд, ин интихобҳо хусусияти фардиву ҷудогона дошта, вазъи маъмули қабул ба кор дар сохторҳои давлатӣ чунин содда нест.
Коршинос: Барои тағйири як қишр вақт лозим аст
Айни замон, коршиносон мегӯянд, ташаббуси ҳукумат барои ҷавонгароӣ кори хуб аст, вале бояд омода шуд, ки ин кадрҳо дар давоми танҳо як соли таҳсил омода намешаванд. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, барои тағйири як қишр талошу вақти зиёде лозим аст.
“Муҳимтар аз ҳама бояд маблағи зиёде сарф карду барномаҳоро рӯйи даст гирифт. Бояд ҷавонҳои тоҷик дар донишгоҳҳои ғарбӣ таҳсил гиранд. Як барномае дорем бо номи “Дурахшандагон”, аммо мо то имрӯз натиҷаи чашмраси ин барномаро надидем. Ҳатто онҳое, ки аз хориҷ баргаштанд, натавонистем онҳоро бо маоши шоиста ба кори хуб ҷалб кунем”,-мегӯяд Абдумалик Қодиров.
Қодиров гуфт, ки барои тарбияи раҳбарони ҷавону соҳибихтисос бояд аз буҷаи давлат маблағ ҷудо ва беҳтар аст ин кор аз аз курсии мактабӣ шурӯъ шавад.
Дар зимн, Донишкадаи идоракунии давлатии назди президент ахиран ба академияи илмҳо лоиҳае бо номи “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: ташаккул ва рушд”-ро пешниҳод кардааст, дар сурати қабул шудани ин лоиҳа, тамоми раванди давлатдории президент таҳқиқ ва баъдан аз рӯйи он ба хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон омӯзонида хоҳад шуд.