Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Раҳмон аз кори бонкҳои Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон кори бонкҳои тиҷоратиро, ки соли гузашта ба мушкилоти молӣ гирифтор шуданд, танқид кард.
Эмомалӣ Раҳмон кори бонкҳои тиҷоратиро, ки соли гузашта ба мушкилоти молӣ гирифтор шуданд, танқид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як ҳамоише дар бораи фазои сармоягузорӣ фаъолияти бонкҳоро танқид карда ва аз мақомот хостааст, барои беҳбуд бахшидан ба кори онҳо чораҳои зарурӣ биандешанд.

Дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар рӯзи 30-уми январ Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “фаъолияти номуназзами баъзе аз бонкҳои тиҷоратӣ, кори тоҷиронро мушкил, истеҳсолоту гардиши молиявиро кам кардааст. Гузашта аз ин ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, фаъолияти номуназзами бонкҳо сабаб шудааст, ки эътимоди мардум ба ин муассисаҳои молӣ камтар шавад.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур, суханронии комили Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаро дар вебсайташ нашр кардааст ва дар он омадааст, “Бахши бонкдорӣ ва молия яке аз омилҳои асосии дастрасии васеи соҳибкорон ба захираҳои молиявӣ буда, айни замон, аксарияти корхонаҳои кишвар бо мушкилоти нокифоя будани захираҳои қарзӣ ва гаронии он рӯ ба рӯ шудаанд. Зеро меъёри миёнаи фоизи қарзҳои пешниҳоднамудаи бонкҳои тиҷоратӣ дар мамлакат 25 фоиз ва муҳлати миёнаи онҳо 20 моҳро ташкил мекунад.”

Ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта барои барои наҷоти чаҳор бонк, ки ба мушкилоти молӣгирифтор шуданд ва натавонистанд, пули мардум ва мизоҷони дигари худро саривақт бипардозанд, 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кард.

"Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк", ки мардум аз банкоматҳояшон ба сахтӣ пул мегирифтанд, баъди дарёфти кӯмак ба фаъолияташон идома доданд.

Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба Бонки миллӣ ва вазорати молия супориш додаст вазъи мавҷуди бонкҳоро таҳлил карда ва барои беҳтар намудани кори низомӣ молӣ ва ҷалби сармоя ба ин арса чора биандешанд.

Шӯрои машваратии мазкур чанд сол пеш таъсис ёфт ва ҳадафи он беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аст, кишваре ки ба гуфтаи созмонҳои молӣба сабаби расмиёти зиёд ва бахусус фасоду ришвахорӣ сармоягузорони хориҷӣ аз омадан ба он метарсанд.

XS
SM
MD
LG