Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгоҳи "вафосанҷӣ" 40 хонаводаро ба ҳам пайваст (ВИДЕО)


Нобоварӣ ба ҳамсар ва шак доштан ба падарии худ бархе аз мардони тоҷикро ба ташхисгоҳи ДНК мебарад ва як дастгоҳи хурду зоҳиран оддӣ сарнавишти даҳҳо хонаводаро дар Тоҷикистон муайян мекунад. Он метавонад як оиларо вайрону кӯдаконро зиндаятим намояд, ё баръакс, хонаводаҳоро бо ҳам пайвандад.

Ман ҳатто дар фикри хиёнат нестам ва ҳеҷ бовар надорам, ки занони муҳоҷир чунин коре кунанд. Занони мо хеле босабру пуртоқатанд.

Ягона дастгоҳи ташхиси ДНК дар Тоҷикистон 8 моҳ фаъол аст ва дар ин муддат ба 40 баҳсу муноқишаи марбут ба муайян кардани падари кӯдак нуқта гузоштааст. Дар аксар маврид даъвогарон мардоне ҳастанд, ки ба падар фарзанди худ буданашон шак доранд ва барои дақиқ кардан ба Маркази ташхиси тибии генетикӣ меоянд. Дар ин миён шумори муҳоҷироне ҳам зиёд будааст, ки баъди моҳу солҳи дурӣ аз ҳамсарон ба хотири исботи садоқати зан ва аз ӯ будани фарзанд мехоҳанд, аз ташхис гузаранд.

Зубайда Кавракова, озмоишгар – генетик дар Маркази ташхиси тибӣии генетикии Тоҷикистон мегӯяд, натиҷаҳои ташхис дар қариб ҳама маврид падари биологӣ будани мардонро исбот карда, ба нафъи занон анҷом шудааст. “Занҳо аксаран ба инҷо бо боварӣ меоянд. Онҳо бовар доранд, ки падари воқеии тифлашон марди даъвогар аст. Хеле кам буданд заноне, ки ба худ бовар надоштанд. Шояд аз 20 як нафар буд”, – афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дастгоҳи "вафосанҷӣ" дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Ташхиси ДНК дар Тоҷикистон моҳи январи имсол бо таъсиси маркази ташхиси тиббии генетикӣ ба роҳ монда шуд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, то имрӯз баҳсҳо атрофи муайян кардани ҳайсияти падар зиёд буд, аммо аксаран ин баҳсҳо пас аз ҷудо шудани хонавода ва ба хотири рӯёндани алимент аз сӯи модарон сурат мегирифт.

Матлуба Бобоҷонова, узви “Лигаи занони ҳуқуқшинос”-и тоҷик мегӯяд, адами шароити гузарондани ташхис дар Тоҷикистон, маъмулан дар ин маврид қазияҳоро мурраккабу печида мекард. Ӯ гуфт, “онҳое, ки шароит доштанд, ба хориҷа мерафтанд ва падарии худро муайян мекарданд. Онҳое, ки ин имконро надоштанд, бо пешниҳоди як қатор санад ва шоҳидон дар талоши муайян кардани падарӣ мешуданд. Вале ин, албатта, метавонист боиси нодуруст баровардани қарорҳо шавад.”

Робия Неъматова
Робия Неъматова

Аммо афзоиши мавридҳои шак кардани муҳоҷирон ба вафодории ҳамсарони худ ва талоши онҳо барои муайян кардани падарӣ дар кишвар, дар ҳолест, ки ба таъкиди ҷомеашиносон дар натиҷаи солу моҳҳои дароз набудани мардон муносибати онҳо бо ҳамсарон ба сардӣ ва нобоварӣ мегарояд. Дар беҳтарин ҳолат хонаводаҳо аз ҳам мепошанд ва дар бадтарин ин боиси хушунату латту кӯб ва ҳатто содир шудани ҷиноятҳои дигар мешавад.

Зимнан, дар гузашта дар кишвар чанд ҳодисаи куштори занон дар пайи шакку гумон аз сӯйи шавҳарони муҳоҷир расонаӣ шуда буд. Робия Неъматова, яке аз заноне аст, ки моҳу солҳо дар ба танҳоӣ тарбияи фарзандонро бар дӯш дорад. Шавҳараш дар муҳоҷират аст ва ӯ мегӯяд, занон бидуни шавҳар бори гарони зиндагиро бар дӯш доранд ва ҳеҷ бовар надорад, ки онҳо ба хиёнат қодир бошанд. “Ман ҳатто дар фикри хиёнат нестам ва ҳеҷ бовар надорам, ки занони муҳоҷир чунин коре кунанд, занони мо хеле босабру пуртоқатанд”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, ки худ омӯзгор аст, ин нобовариҳо бештар аз ҳама ба руҳияи кӯдакони хонавода таъсир дошта, тарбияи онҳоро мушкилтар мекунад. Аммо мардоне, ки худ дар муҳоҷират буда, қиссаву ҳодисаҳои хиёнати занонро дар ғайби шавҳарон зиёд шунидаанд, мегӯянд, зани хуб ҳеҷ гоҳ мояи шубҳаву нигаронии шавҳар намешавад.

Ба иддаои коршиносон, муҳоҷирати корӣ агар барои беҳбуди сатҳи зиндагии ҳазорон нафар дар Тоҷикистон мусоидат кардааст, ҳамзамон сабаби азҳампошии садҳо хонавода ва содир шудани даҳҳо ҷиноят низ гардидааст. Бисёр шуда, ки маҳз ба сабаби рашк ва вуҷуди шубҳа дар садоқати хонаводагӣ, мардон тавассути телефон ҳам аз кишвари муҳоҷират ҳамсарони худро талоқ медиҳанд.

Вале акнун, ки шароити ташхиси ДНК ва муайян кардани падарӣ дар Тоҷикистон фароҳам шудааст, бархе аз муҳоҷирон бо вуҷуди нисбатан гарон будани арзиши ин ташхис, ки 3500 сомонӣ аст, ҳамроҳ бо ҳаққи падарии худ садоқати ҳамсарони худро санҷидаву оилаҳояшонро нигаҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG