Дар рустои Хишекати ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) хабари ҳалокати шаш муҳоҷири ҷавон дар сӯхторе дар вилояти Тюмени Русия сокинонро мотамзада кардааст. Наздикони ин муҳоҷирон гуфтанд, баъзеи онҳо ба ҳайси омӯзгор фаъолият доштанд, вале ба хотири таъмини хонавода маҷбур шуданд барои кор ба Русия раванд. Дар сӯхтори шаби 18 ноябр, дар маҷмӯъ, ҳафт нафар ҷон доданд, ки шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич ва як нафар аз ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳист.
Дар сӯхтори шаби 18 ба 19 ноябр дар Тюмен ҳафт муҳоҷири тоҷик, ки шаш нафари онҳо аз ноҳияи Деваштич ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд, ҷон доданд.
Инъом Ниёзов – бародари Умарҷон – яке аз муҳоҷирони фавтида рӯзи 21 ноябр гуфт, хабари ҳалокати бародарашро баъди як рӯзи ҳодиса шунид ва ба падараш расонд. “Аммо намедонем, ин хабарро чӣ гуна ба модар бигӯем. Вай бемори дил аст ва ҳолаш бе ин ҳам хуб нест. Дигар оилаҳое, ки фарзандонашонро дар ин ҳодиса аз даст доданд, низ хабарро аз модарони хонавода пинҳон медоранд”, – мегӯяд ӯ.
Омина рӯи падарашро надид
Умарҷон Низёов дар мактаби рақами 25-и деҳаи Хишекат ҷонишини мудир оид ба таълим будааст. Вай соли 2010 факултаи забони русии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо квотаи президентӣ хатм кардааст. Ӯ, ба гуфтаи бародараш, фарзанди калони хонавода буд ва соҳиби ду фарзанд – Оишаи сесола ва Оминаи семоҳа – аст. Омина вақти дар муҳоҷират будани падар чашм ба олам кушода ва рӯйи падарро надидааст.
Рӯйхати ҳафт муҳоҷире, ки дар сӯхтори Тюмен ҷон бохтанд
1. Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович (1987), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
2. Рӯзиев Парвин Мӯсоҷонович, (1988), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
2. Шодиев Самариддин Фазлиддинович, (1989), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
4. Миров Мирсабур Мирсаидович, (1997), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
5. Нуров Қобилҷон Комилҷонович, (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
6. Назаров Файзалӣ (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
7. Шарифов Олимҷон Шарифович, (1997), ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ
Раҳим Шарифов, сокини деҳаи Хишекат ва падархонди Мирсабур Мирови 19-сола, яке дигар аз қурбониёни сӯхтори Тюмен гуфт, чашм ба роҳи омадани фарзандхондаш буд, вале ҳоло интизори тобуташ нишастааст. “Дар сӯҳбати охиринамон Мирсабур гуфт, ки “бобо” (вай маро ҳамин тавр меномид) рӯзи 20 бо автобус ба роҳ мебароем. Аммо бозгашт ба ватан дар тақдираш набудааст, ки пеш аз худаш хабари маргаш расид”, - гуфт ӯ.
Қиссаи ҳафтсад хонаводаи Хишекат
Ба қавли мусоҳиби мо, Мирсабур фарзанди ягонаи оила буд, ки дар дусолагӣ падараш вафот ва модараш шавҳари дигар кард. Ӯро амма ва шавҳараш Раҳим Шарифов калон карданд ва ният доштанд, зудтар хонадор кунанд.
Деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич (Ғончӣ), дар тақрибан 140-километрии ҷануби Хуҷанд, ҷойгир аст ва ҳудуди 700 хонавода дорад. Барои сокинони ин маҳал, чун деҳоти дигари Тоҷикистон ягона ҷойи корӣ дар чанд хоҷагии хурди деҳқониву мактаб аст, ки ба ҳама кофӣ нест. Мардони бисёри ин маҳал ҳар сол дар ҷустуҷӯи рӯзӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва ба гуфтаи сокинон, қабл аз ин ҳам бемору маъюб баргаштани чандин нафар аз Русия иттифоқ афтода буд.
Тобутҳо 23 ноябр оварда мешаванд
Дар сӯхтори шаби 18 ба 19 ноябр дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии «Абсолют Агро»-и вилояти Тюмен ҳафт муҳоҷири тоҷик, ки шаш нафари онҳо аз ноҳияи Деваштич ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд, ҷон доданд. Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод кард, қурбониҳои сӯхтор аз 19 то 29 сол доштанд.
Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 21 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, барои интиқоли ҷасадҳо асноди заруриро таҳия кардаанд ва рӯзи 23 ноябр тобути онҳо аз Екатеринбург ба Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт.
Ҳалокати тақрибан сад сокини Суғд дар Русия
Зайнура Шарифӣ, сардори раёсати хадамоти мҳоҷирати Суғд, ҳам гуфт, мақомоти Русия нисбат ба ҳодисаи сӯхтор ва ҳалокати 7 муҳоҷири кории тоҷик дар корхонаи мурғпарварии ширкати “Горизонт” дар Тюмен парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Шарифӣ мегӯяд, умедвор аст, таҳқиқи парванда тибқи қонун сурат мегирад ва гунаҳкорони ин сӯхтори маргбор ҷазо хоҳанд гирифт. “Дар акси ҳол мо номаи эътирозӣ ирсол ва таҳқиқи мунсифонаи парвандаро талаб мекунем”, – афзуд вай.
Бино ба иттилои хадамоти муҳоҷирати Суғд, дар 9 моҳи гузашта ҳудуди 110 ҳазор сокини Суғд ба муҳоҷирати кории Русия рафтаанд. То моҳи октябр 96 тан аз муҳоҷирони ин минтақа дар Русия ба ҳалокат расидаанд. Ин рӯйхатро номи 7 сокини ноҳияҳои Деваштич ва Мастчоҳи Кӯҳӣ, ки дар сӯхтори Тюмен ҷон бохтанд, дарозтар мекунад.