Мунтахаби ҷавонони Русия (U-18), ки дар бозии ниҳоӣ бар дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, ғолиби мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи муовини аввали раиси FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин гардид.
Дар ин бозӣ, ки шаби шанбеи 21-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо гардид, голи ягонаро Поляков дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 27-ум, ба самар расонд.
Бозии ниҳоӣ:
Қазоқистон – Русия - 0:1 (0:1)
Гол: Поляков, 27.
Қазоқистон: Устименко, Аманжол, Ботирхонов, Кузнетсов, Касяпов, Остонов (Тузакбоев, 83), Жақсилик (Сквортсов, 60), Кан, Орал, Саюнов (Худойбердинов, 83), Саидаҳмад.
Русия: Ломаев, Уткин, Евгенев, Поярков, Каккоев, Глушенков, Глушков (Яковлев, 59), Латсевич (Денисов, 80), Поляков, Вебер, Тсипченко.
Огоҳонида шуданд: Вебер, 35. Касяпов, 35. Каккоев, 36. Евгенев, 52. Поляков, 74.
Доварон: И.Сиденков, А.Рунов, Д.Семёнов (ҳарсе аз Русия).
Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаи мизбон – Санкт-Петербург – мунтахаби Юнонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод.
Ба ин тартиб, мавқеи ишғолкардаи дастаҳои мунтахаби ҷавонон дар мусобиқаи хотираи Валентин Гранаткин ба таври зайл аст:
Русия
Қазоқистон
Санкт-Петербург
Юнон
Словакия
Латвия
Словения
Булғористон
Озарбойҷон
Беларус
Молдова
Эстония
Литва
Эрон
Тоҷикистон
Ҳиндустон
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, дар ин мусобиқа ҳамагӣ шаш бозӣ анҷом дод ва дар ҷойи пешазохирин - 15-ум – қарор гирифт.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар ду бозӣ бар дастаҳои Юнон ва Ҳиндустон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омада, як бозиро бо мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд ва дар се бозӣ аз тимҳои Булғористон бо ҳисоби 0:1, Беларус аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:7 ва Литва аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4:5 мағлуб гаштанд.
– Мо дар ин мусобиқа бисёртар бо дастаҳои аврупоӣ бозӣ кардем. Дараҷаи омодагии рақибонамон хеле баланд буд. Бинобар ин, таҷоруби бузург касб намудем. Ташкили мусобиқа хуб буд, эрод надорем. Ҳамаи хоҳиши мо аз ҷониби кумитаи тадорукоти мусобиқа ба инобат гирифта шуд, - иброз доштааст Виталий Левченко дар нишасти охирини матбуотӣ ба хабарнигорон дар Санкт-Петербург.
Мусобиқаи хотираи Валентин Гранаткин
20 январ (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷойҳои 15-16-ум
Тоҷикистон – Ҳиндустон – 1:0
Бозӣ барои ҷойҳои 13-14-ум
Литва – Эрон – 3:1
Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум
Молдова – Эстония – 1:0
Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум
Беларус – Озарбойҷон – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ – 4:5)
21 январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум
Словения – Булғористон - 3:0
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Латвия – Cловакия – 0:2
Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум
Юнон – Санкт-Петербург – 2:4
Бозии ниҳоӣ
Қазоқистон – Русия – 0:1