Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар сабқати Гранаткин дастаи Юнонро шикаст дод


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи XXIX байналмилалӣ барои гиромидошти хотираи аввалин ноиби президенти ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) Валентин Гранаткин рӯзи 8 январ дар гурӯҳи «А» дар нахустин бозиаш бар мунтахаби Юнон дар Санкт-Петербург бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ дар дақиқаи 55-ум Эҳсони Панҷшанбе ба ҳадаф расонд.

Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 10-уми январ бо мунтахаби Булғористон рақобат мекунанд. Бозии ниҳоии мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ 12-уми январ бо дастаи Эстония баргузор мешавад. Ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ аз 8-ум то 21-уми январ дар Маҷмааи варзишию консертии шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко, ки аз ҳисоби бозигарони соли таваллудашон 1999 ва аз он хурдтар таркиб ёфтааст, 18 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд.

Дар мавриди ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтан мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» – Латвия, Беларус, Русия ё Ҳиндустон - рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ба ҷуз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дастаҳои Русия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғористон, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова, инчунин тими шаҳри Санкт-Петербург иштирок мекунанд. Бар асоси дастури мусобиқа, дар марҳилаи аввал 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим мешавад. Мусобиқаи марҳилаи аввал аз рӯи системи даврӣ барпо мегардад, яъне ҳар як даста бо тимҳои дигари гурӯҳ як бозӣ анҷом медиҳад.

Дар марҳилаи дувуми мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи плей-офф то комилан тақсимшавии ҷойҳо сурат мегирад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои якум ва дувумро ишғол мекунанд, ҷуфтҳои чорякниҳоиро ташкил медиҳанд ва барои ҷойҳои аз 1-ум то 8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои севум ва чорумро мегиранд, барои ҷойҳои аз 9-ум то 16-ум талош хоҳанд кард.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин:
Дарвозабонҳо:
Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Ҳомиҷон Исоқов («Вахш»);
Ҳимоятгарон: Ҳусейн Нурматов, Ҳувайдо Малиев, Ваҳдат Ханонов (ҳарсе – «Барқчӣ»), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Манучеҳр Сафаров (ҳарсе – «Помир»), Оятулло Сафаров («Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Зиёвуддин Фузайлов, Далер Ёдгоров (ҳарсе– «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Саидмухтор Азимов («Помир»), Умарҷон Шарифов («Вахш»);
Ҳамлагарон: Нуриддин Ҳамроқулов («Барқчӣ»), Шаҳром Самиев («Помир»), Шериддин Бобоев («Истиқлол»).

Мусобиқаи ёдбуди Валентин Гранаткин
Ҳайатҳои гурӯҳҳо:

Гурӯҳи «А»: Тоҷикистон, Юнон, Булғористон, Эстония.
Гурӯҳи «В»: Латвия, Беларус, Русия, Ҳиндустон.
Гурӯҳи «С»: Литва, Озарбойҷон, Словакия, Қазоқистон.
Гурӯҳи «D»: Молдова, Словения, Санкт–Петербург, Эрон.

Тақвими бозиҳои сабқати гурӯҳӣ:
8 январ (якшанбе)

14:00 – Тоҷикистон – Юнон – 1:0
16:15 – Булғористон – Эстония
18:30 – Латвия – Беларус
21:00 – Русия – Ҳиндустон

9 январ (душанбе)
14:00 – Литва – Озарбойҷонн
16:15 – Словакия – Қазоқистон
18:30 – Молдова – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Эрон

10 январ (сешанбе)
14:00 – Эстония – Юнон
16:15 – Булғористон – Тоҷикистон
18:30 – Ҳиндустон – Беларус
21:00 – Русия – Латвия

11 январ (чоршанбе)
14:00 – Қазоқистон – Озарбойҷон
16:15 – Словакия – Литва
18:30 – Эрон – Словения
21:00 – Санкт-Петербург – Молдова

12 январ (панҷшанбе)
14:00 – Тоҷикистон – Эстония
16:15 – Юнон – Булғористон
18:30 – Латвия – Ҳиндустон
21:00 – Беларус – Русия

13 январ (ҷумъа)
14:00 – Литва – Қазоқистон
16:15 – Озарбойҷон – Словакия
18:30 – Молдова – Эрон
21:00 – Словения – Санкт-Петербург

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе мебошад.

XS
SM
MD
LG