Ҳукумати Тоҷикистон дар идомаи талошҳои баҳсбарангез барои аз байн бурдани никоҳҳои хешутаборӣ, низомномаи муоинаи тиббии ҳатмии афродеро қабул кард, ки мехоҳанд, издивоҷ кунанд.
Ҳадафи аслии низомнома, ба гуфтаи муаллифонаш, фароҳам сохтани шароит барои ташкили оилаи солим, ҷилавгирӣ аз таваллуди кӯдакон бо бемориҳои ирсиву модарзодӣ аст, ки теъдодашон дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Аз моҳи июл ҷавонони тоҷик пеш аз онки ақди никоҳ бибанданд, бояд санади ташхиси тиббиро ба идораи ақди никоҳ нишон медиҳанд, ки хешутабор нестанд, ё хатари таваллуди фарзанди носолим аз онҳо бисёр кам аст.
Як муаллифи низомнома ба Радиои Озодӣ гуфт, акнун "ҷуфтҳои ояндаро қабл аз издивоҷ, муоинаи ҳатмӣ мекунанд, ки хунашон мувофиқ нест, ё бемориҳои ҷинсие ба мисли вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), ё сифилис надоранд."
Ба гуфтаи яке аз муаллифон, низомнома муқаррар кардааст, ташхиси тиббии ҷуфтҳои оянда, ройгон (бепул) анҷом мегирад ва бояд дар муддати ду ҳафта ба дасташон дода шавад. Дар сурати вуҷуди беморӣ ва эҳтимоли таваллуди фарзанди носолим табиб ин вазъро ба ҷуфти оянда мефаҳмонад, ки беҳтар аст, издивоҷ накунанд. Агар бемории ВИЧ/СПИД ва сифилис ошкор шавад, ҷавони гирифтор барои муолиҷаи ҳатмӣ фиристода мешавад ва таҳти назари мақомоти беҳдоштӣ қарор мегирад.
Айни замон, ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, "ҳеҷ кас ҳақ надорад, сирри тиббии муроҷиаткунандагонро ошкор кунад ва табибе, ки муоинаро анҷом додааст, бар асоси қонун ҷавобгӯи дуруст будани натиҷаҳои муоина мебошад."
Агар бемории ВИЧ/СПИД ва сифилис ошкор шавад, ҷавони гирифтор барои муолиҷаи ҳатмӣ фиристода мешавад ва таҳти назари мақомоти беҳдоштӣ қарор мегирад.
Шамсиддин Қурбонов, яке аз табибон ва гинекологҳои варзидаи Тоҷикистон мегӯяд, ба онҳо қабл аз ҳатмӣ шудани муоинаи тиббӣ ҷуфтҳо барои ташхиси тиббӣ муроҷиат мекарданд ва ба онҳо ба ин мазмун санад мегиранд, ки "ин ҷуфт, ягон омили намоёни хатарзоро барои таваллуд кардани кӯдак бо иллатҳои ирсӣ надоранд."
Мубориза ба зидди издивоҷи хешутаборӣ, баъд аз моҳи марти соли 2015 ва пас аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як ҷаласае бахшида ба рӯзи модар шиддат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон он рӯз гуфт, аз миёни 165 ҳазор нафар маъюбе, ки дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд, 35 дар садашон фарзандони онҳое ҳастанд, ки бо духтари хола, амма, тағо ва ё амак издивоҷ карданд. Илова бар ин ба гуфтаи табибони тоҷик, аз никоҳҳои хешовандони наздик, нуқсҳои модарзодии дил, бемориҳои асаб 33 дар сад ва дигар бемориҳои ирсӣ зиёд шудаанд.
Тоҷикистон моҳи январи имсол бо ислоҳи Кодекси оила никоҳҳои хешутабориро мамнӯъ кард ва он кодекс моҳи июл ҳукми иҷро гирифт. То замони ҳукми иҷро гирифтани ин кодекс дар ним соли гузашта дар кишвар 398 ҷуфти хешутабор сабти ном шуд ва мақомот маҷбур шуданд, аз ҷуфтҳои оянда забонхат бигиранд, ки духтари хола, амма ё тағо нестанд.
Манъи чунин никоҳҳоро мухолифи ҳуқуқи бунёдии инсон дар интихоби ҳамсар дар Тоҷикистон мешуморанд, ҳарчанд тарафдорони аз байн бурдани ин зуҳурот кам нестанд. Никоҳҳои хешу таборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аз қадим вуҷуд дошт ва солҳои ахир бештар шуд ва мақомотро маҷбур кард, ки бо санадҳои қонуниву маъмурии зиёдеро ислоҳкунанд, то пеши роҳи суннати қадимӣ гирифта шавад.